ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР ВМКБ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР ВМКБ

13 ноябр 2023, Душанбе
16
0


Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия дар раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сохторҳои милитсия чорабинии идона ва паради ҳарбӣ баргузор гардид. 

Сардори раёсати ВКД дар вилоят, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода кормандони милитсияро бо иди касбӣ шодбош намуда, таъкид кард, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри таҳким ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амният ва осоиштагии шаҳрвандон ҳиссаи арзишманд мегузорад ва вазифаҳои хизматиро, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарбаландона иҷро менамояд. 
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар навбати худ кормандон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуда, зикр кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қатори дигар аркони муҳими давлатӣ пояҳои милитсияи тоҷик низ мустаҳкам гардида, ин ниҳод ба яке аз неруҳои пойдор ва неруманди таъмини суботу амнияти ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳаёти осоиштаи мардум табдил ёфт. Милитсияи тоҷик дар замони ниҳоят душвори таърихӣ ташаккул ёфта, дар бунёди сохтор ва шакли нави идоракунии давлатию ҷамъиятӣ саҳми муносиб гузошт. 
Бо ёдоварӣ аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта гуфта шуд, ки кормандони милитсия ва ҷузъу томҳои он ба савганди худ содиқ монда, меҳвари асосии сохтори милитсияи миллиро ташкил дода, бар зидди неруҳои тахрибкунандаи давлату ҷамъият баромада, дар истиқрори ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу суботи Ватан бо ҷасорати худ саҳми бориз гузоштанд. 
Бо дастур, ҳидоят ва ширкати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти фаъолияти милитсия, баланд бардоштани мақоми он шароити мусоиди корию зист фароҳам карда шудааст. Тавре Пешвои миллат роҳнамоӣ мекунанд: “Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша бо мардум бошанд, бо халқ муомила ва ҳамкории хуб дошта, бо рафтору кирдори нек, интизоми баланди хизматӣ, такмили пайвастаи малака ва маҳорати касбии худ эътибору нуфузи намояндаи ҳокимиятро нигоҳ доранд ва дар роҳи риояи қонуният худашон намуна бошанд. Зеро рафтори намунавӣ ва фаъолияти беғаразонаи кормандони милитсия яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад”.
– Вазъи имрӯзаи ҷаҳону минтақа ва омилҳои номатлуб ҳар замон ба оромӣ ва суботи кишвари мо низ таҳдид мекунад. Бинобар ин, таҳкиму тавсеаи фаъолият бобати боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои ғании таърихию комёбиҳои замони истиқлол имрӯз аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд, – гуфт раиси вилоят.
Дар идомаи чорабинии расмӣ, иддае аз кормандони милитсия ва ҷузъу томҳои он бо “Ифтихорнома”-и раиси вилоят, Вазорати корҳои дохилӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонда шуданд.
Баргузории паради ҳарбии ҳайати шахсии милитсия ва ҷузъу томҳои он анҷомбахши чорабинии расмӣ гардид.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив