ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАШМОНИ ҲАҚБИН МЕБОЯД

ЧАШМОНИ ҲАҚБИН МЕБОЯД

13 ноябр 2023, Душанбе
9
0


Мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Ванҷ  Қаюм Раҳмонзода дар суҳбат гуфт, ки ҷавонони мо аз он шоду мамнун ва сипосгузоранд, ки бо ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу амният ҳукмфармост ва мардум  ба таври шоиста   кору зиндагонӣ мекунанд.  Чи хуш аст, ки солҳои истиқлолият бештар аз ҳазор  иншооти  самти саноатӣ, роҳдорӣ  ва иҷтимоӣ дар Бадахшон бунёд гардид, ки дар сохтмони онҳо саҳми ҷавонон басо назаррас аст.
18-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят бо хушнудӣ изҳор карданд, ки Бадахшон, ин сарзамини зебо ва пурасрор, воқеан, ба “дарвозаи тиллои”-и Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Дар  шаҳру навоҳӣ  мардум  ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба амалҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ сару кор гирифтаанд. Алалхусус, бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз –  Хоруғ – Мурғоб – Кулма муъҷизаи   беҳамтои  охири асри бистум ва ибтидои асри навин ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона, ҳамаи ин амалҳои наку, шоиста  ва беқиёс ба ашхоси  ба маънии пурраи ин гуфтаҳо – ватанфурӯши ҳарзагӯй, аз ҷумла ба   созмони  ба ном Гурӯҳи  24,  хуш намеояд.  Онҳо аз хориҷи кишвар, дар   мулкҳои бегона гадоӣ карда, ҳамаи ин пешрафт ва комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии диёри шукуфонамонро  нодида мегиранд. Ин ашхос на танҳо бо дастони чирколуд,  балки бо забони  ифлосашон ҳам   камбудӣ ва нуқсони вуҷуднадоштаро меҷӯянд. Онҳо худро худӣ мешуморанд, вале  кайҳост, ки барои мо бегона гаштаанд, зеро худӣ ватанашро санг намезанад.
 Ин ватанфурӯшон ба гуфти  Лоҳутии бузургвор: “Ҳама лофи ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам, Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор, ё ҳар ду”. Сад дарсад меҳанпарастии онҳо танҳо аз бадгӯиҳо ва нодидагирифтанҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон иборат асту дигар ҳеҷ чизе нест. 
Ба чунин ашхоси беватан, бе миллат ва моҷароҷӯю иғвогар  ҷавонони ванҷӣ  ва шаҳру навоҳии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  лаънат мехонанд.   Имрӯзҳо  садҳо  нафар ҷавонони маҳаллӣ  дар қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, инчунин, пули мошингузари маҳаллаи  Шарифободи шаҳри Хоруғ ва қитъаи шоҳроҳи Барсем – Бердибекободи  деҳоти водии Ғунд кор мекунанд. Онҳо бо камоли ифтихори ватандорӣ изҳор медоранд, ки дар охири солҳои қарни XX ва аввали солҳои асри XXI танҳо бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма басанда мебошад, ки номи меъмори барҷастаи шоҳроҳ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баландтарин қуллаҳои Помири дилнавоз бо хатти тилло навишта шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри  амалисозии барномаҳои стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат ба натиҷаҳои дурахшоне ноил шудем, ки сазовори таърифу тавсифи ҳазорон нафар ҷаҳонгардони хориҷии ба Тоҷикистон омада гаштанд. Сад афсус, ки зодагони нолоиқи беватанамон  ҳамаи ин дастовардҳои беназирро нодида мегиранд. Онҳо зӯр мезананд ва бешармона дурӯғтарин фасонаҳои  гӯшношунидро тариқи васоити ахбори кишварҳои хориҷӣ ва  сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, ки заррае ҳам ҳақиқат надоранд.
Ба чунин ашхоси кайҳо боз бегонагашта ҷавонони сарбаланд, заҳматкаш ва ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ,  гуфтанӣ ҳастанд, ки чун солиёни пешин ҷавонони ин сарзамини зебо ва ояндадор дар чунин поя ва зинаи баланди ватанпарастӣ қарор доранд, ки  дар даъвати тирамоҳии  имсола низ   бо амри дилу қарзи виҷдон ба комиссариятҳои ҳарбӣ омада,  ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон шомил  гаштанд.  Ба муҳофизати марзу буми кишвари азизамон камари ҳиммат  бастанд.  Ба дурустӣ, ки ана ин аст зуҳуроти  баланди  ватандӯстӣ ва оини фархундаи меҳру муҳаббати ҳақиқӣ ба Ватан-Модар.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2023
CAFA – беҳтарин ассотсиатсияи минтақавӣ дар Осиё
Конфедератсияи футболи Осиё соли 2023-ро ҷамъбаст ва зимни маросими тантанавӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар беҳтаринҳоро эълон кард. Дар қораи Осиё бозигари тими “Ал-Ҳилол” Салим ад-Довсарӣ миёни мардҳо, узви тими миллии занонаи Австралия Саманта Кирр миёни бонувон футболбози сол дониста шуданд. 
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии сол дониста шуд. CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Федератсияҳои футболи шаш кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон узви CAFA ҳастанд.


САМБО
Се медали паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Тими мунтахаби самбои кишвар дар Чемпионати ҷаҳон 3 медали биринҷӣ ба даст овард.
Мусобиқа 10-12-уми ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон доир гашт. Дар он 332 варзишгар аз 57 давлат, инчунин, тимҳои варзишгарони бетараф ва паноҳандагон ширкат карданд. Ҷумҳурии моро 11 нафар муаррифӣ карда, Акмалиддин Каримов (вазни -58кг) дар самбои варзишӣ, Бобохон Мирзозода (-58кг) ва Худоёр Раҷабзода (-71кг) дар самбои размӣ медали биринҷӣ гирифтанд. 
Ғолибону ҷоизадорон ба ғайр аз медал, инчунин, бо ҷоизапулӣ сарфароз шуданд: ҷойи аввал – 4000, ҷойи дуюм – 3000  ва ҷойи сеюм 2000 доллари ИМА. 


БОДИБИЛДИНГ
Жасмин ан-Нимр - чемпиони ҷаҳон

Варзишгари тоҷикистонӣ Жасмин ан-Нимр дар 14-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг, ки 6-12-уми ноябр дар шаҳри Вонҷуи Корея доир гашт, дар сабқати инфиродӣ миёни занон дар вазни -75 кило медали тилло гирифт.
Ин дуюмин пирӯзии Жасмин дар Чемпионати ҷаҳон мебошад. Ӯ соли гузашта низ дар Таиланд ғолиб шуда буд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.11.2023 №: 223
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив