ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФЕД-ДАРА.  ҶАҲОНГАРДӢ АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ МЕШАВАД 

САФЕД-ДАРА.  ҶАҲОНГАРДӢ АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ МЕШАВАД 

22 феврал 2023, Чоршанбе
51
0
 
Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 19 феврал дар мавзеи Сафед – дараи ноҳияи Варзоб ҳамоиш дар мавзуи «Рушди имкониятҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд. 
Дар ҳамоиш муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, раиси ноҳияи Варзоб Шарифхон Сафарзода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.
Абдуҷаббор Азизӣ зикр намуд, ки ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар ва дар самти зиёд намудани шумули маконҳои сайёҳӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани имкони зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард. 
Имрӯзҳо қариб дар тамоми минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил шудаанд. Беш аз 70 хатсайр вуҷуд дорад. Дар як сол ба худи мавзеи Сафед-дара 250-300 ҳазор сайёҳ ташриф меорад. Агар ба омори ташрифи сайёҳон назар афканем, мебинем, ки давоми соли 2022 аз кишвари мо қариб 1 миллион сайёҳ боздид кардааст. Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки сайёҳӣ дар кишвари мо бо суръати баланд рушд карда истодааст. 
Гуфта шуд, ки сайёҳӣ соҳаи ояндадор ва рушдёбанда мебошад. Барои рушди бештари соҳа дар кишвар зарур аст, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор саҳм гиранд. Дар Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷолиб ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат сайёҳиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баланд баровардан мумкин аст. 
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ изҳор дошт, ки сайёҳии дохилӣ дар тамоми дунё ҳамчун самти муҳими рушди соҳа арзёбӣ гардида, имрӯзҳо кумита ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, баланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ тамоми неру ва захираҳоро истифода мебарад. 
Ба гуфтаи раиси кумита, худи маҷмааи сайёҳиву лижаронии Сафед-дара нодир аст ва он иқтидорҳои сайёҳие, ки Тоҷикистони азизи мо дорад, дар минтақа рақобатпазир мебошанд. Ҳамсоякишварҳои мо ин иқтидорҳоро надоранд. Масалан, қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 метр аз сатҳи баҳр баландӣ дорад. Бинобар ин, вазифаи мо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда рушд додани соҳа, ғанӣ гардондани буҷети кишвар ва бо ҳамин васила таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллии кишварамон аст. Умедворем, дар якҷоягӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо муваффақ хоҳем шуд. 
Раиси ноҳияи Варзоб ёдовар шуд, ки сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо намудани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадима ва дар ин замина ба тавсеаи сайёҳии мамлакат, ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд. 
Шарифхон Сафарзода иброз дошт, ки дар ноҳияи Варзоб 1150 минтақаи истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб - Палас», «Сафед – дара», «Хоҷаобигарм» барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳо бо талаботи замони муосир фароҳаманд. Бунёди дигар иншооти хизматрасониву истироҳатӣ, ки барои ноҳия лозиманд, ба нақша гирифта шуда, сохтмонашон оғоз гардидаанд.  
Ҳамзамон, масъалаҳои рушди инфрасохтори соҳа, ҷалби сармоя, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ташкили хатсайрҳои дохилӣ бо мақсади сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Пас аз интиҳои ҳамоиш иштирокчиёни чорабинӣ ба саёҳат баромада, аз имкониятҳои хизматрасонии маҷмааи сайёҳии Сафед-дара дидан намуданд. Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷ гаштааст.
 
Гуфтан ба маврид аст, ки ягона маҷмааи лижаронию варзишии Сафед-дара дар Тоҷикистон дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб, тақрибан дар 70 километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст. Роҳро то маҷмаа ҳатто мошинҳои сабукрав тай карда метавонанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан барои баъзе қисматҳои роҳ мошинҳои махсус лозим мешуд. 
Ба гуфтаи яке аз лижаронҳо Ф. Музафарров, барф дар Тоҷикистон дорои беҳтарин сифатҳо барои лижаронӣ мебошад. Қаблан чунин шароит дар ин ҷо мавҷуд набуд. Ҳоло бошад, маҷмааи томи сайёҳӣ пайдо шудааст. Меҳмонхонаи замонавӣ, тарабхона, нишебиҳои лижаронӣ, роҳи нави танобӣ, таваққуфгоҳи мошинҳои барфӣ дар ихтиёри сайёҳону меҳмононанд. Дар ҳудуди маҷмаа мактаби махсуси бачагону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш низ фаъолият менамояд. Дар ин ҷо бачагону наврасон таҳсил менамоянд. Мактаби мазкур дар мамлакат варзиши лижарониро инкишоф медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки бо истифода аз шароити мавҷуда наврасону ҷавононро омӯзонда, ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ омода созанд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият», 
Душанбе – Сафед-дара – Душанбе  
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив