ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ БУНЁДИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ ТО ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ БУНЁДИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ ТО ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

22 феврал 2023, Чоршанбе
63
0
Рушди ҳар кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро дар саҳифаҳои таърих ҳифз менамояд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо зикр  кардаанд: «Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ин суханҳои хирадмандона, маорифпарварона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат гувоҳи рӯшани эътибору аҳамияти махсус зоҳир намудани Сарвари кишвар ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии ҷомеа, омода намудани мутахассисони баландихтисос, аз худ намудани техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати милливу таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад, тули чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат»,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, соли равон бо ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши корнамоиҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши халқи тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир дар китоби пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров инъикос ёфтааст, баргузор мегардад.
Дар ҳақиқат, дурандешӣ ва ояндабинии Пешвои миллат аст, ки барои саводнокии ҷомеа ва мутобиқ намудани сатҳи дониши наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба замони муосир бо мақсади ҳавасмандкунии моддиву маънавӣ озмунҳои болозикрро ташкил ва баргузории онро бароҳ мондаанд. Иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз ихтисос ва фаъолияти корӣ, аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон дар озмунҳои мазкур гувоҳӣ аз ҷалби саросарии аҳолӣ ба илму маърифат, навоварӣ, ихтироъоту истеҳсолот, мутолиаи китобҳо ва эҷодиёт мебошад.  
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки мақсади он барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ нигаронда шудааст, талаботи замон ва иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро, асри XXI давраи босуръати илму техника ва технология буда, марҳилаи таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ дониста мешавад. Рушди ҳар кишвар бошад, дар замони муосир ба воситаи мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани ихтирооти нави илмӣ таъмин карда мешавад.  
Бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат доир ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир чораҳои зиёд ба монанди таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо ихтисосҳои нави технологӣ, физикӣ, табиӣ, риёзӣ, таъсиси стипендияҳои алоҳида, сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо техникаву лавозимотҳои муосир ва монанди инҳо андешида шудаанд. Дар баробари ин, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» имкон медиҳад, ки дар як низоми муайян ва бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ сокинони мамлакат аз синни хурдсолӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ҷалб шуда, донишҳои аввалияи онҳо дар самти мазкур мустаҳкам ва дар оянда барои кашфиёту ихтироот ва татбиқи он дар истеҳсолоту хадамоти рақобатпазир ва, ба ин васила, таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ имкониятҳо фароҳам орад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки вазифаи ҳар яки мо ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арҷ гузоштан ба таърихи бисёрҳазорсолаи халқамон мебошад, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо фарогирии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мувофиқи мақсад аст, зеро, аз рӯи номинатсияҳои озмуни мазкур омӯзиши асарҳои гаронарзиши адибону шоирон, ҷонфидоиҳои чеҳраҳои мондагор, қаҳрамониҳои шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва осори чеҳраҳои дурахшони адабиёти ҷаҳон ба насли ҷавони кишвар на танҳо роҳи зиндагии хушбахтонаро боз менамояд, ҳамчунин, ба таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва таҳкими эътибору мақоми кишвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллиамон тарбия ёфта, дар таблиғ ва рушди ҷаҳони маънавии кишварамон саҳми муносиб гузоранд. 
Озмуни  ҷумҳуриявии  “Тоҷикис-тон – Ватани азизи ман”, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав ва муаррифии санъату фарҳанги волои миллати тоҷик роҳандозӣ гаштааст, албатта, ҷиҳати тарғиби санъати асил ва боз ҳам ғанитар гардондани фазои маънавии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.
 
Муъминҷон  ШАРИФЗОДА, 
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив