ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪМИНОБОД. МДНРА БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДААСТ

МУЪМИНОБОД. МДНРА БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДААСТ

29 декабр 2023, Ҷумъа
20
0


– Дар  доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» бо мақсади бе ягон мушкилӣ гузарондани мавсими зимистон ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёту мусофирон дар роҳҳои автомобилгард, аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА)-и ноҳияи Муъминобод то имрӯз як қатор корҳо иҷро гардиданд, – гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» сардори МДНРА-и ноҳияи Муъминобод  Бобоёрзода Бобоёр.
Муассисаи мазкур барои таъмини бехатарии рафтуомади воситаҳои нақлиёт дар давраи зимистон чораандешӣ намуда, то имрӯз дар анборҳо ба миқдори 401 метри мукааб қуму намак (маводи зидди лағжиш), 8 метри мукааб ҳезум ва 1600 литр сӯзишвории дизелӣ захира кардааст. Бояд гуфт, ки дар тавозуни Муассиса 169,2 километр роҳи автомобилгард мавҷуд буда, аз он 26 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва143,2 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Дар Муассиса 7 техникаи гуногун дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Шумораи кормандони Муассиса   31   нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо ба сарулибоси зимистона таъминанд. Тавре Бобоёрзода Бобоёр мегӯяд, ҳангоми боридани барфи зиёд роҳҳо пурра баста мешаванд, лекин ба туфайли кормандони Муассиса ин мушкил сари вақт бартараф мегардад. Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои боридани  барфи зиёд кормандони Муассиса пеш аз соати корӣ сафарбар шуда, роҳҳоро сари вақт аз барф тоза  намуда, маводи зидди лағжиш мепошанд. Ҳамин тавр, МДНРА-и ноҳияи Муъминобод   кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки роҳҳо дар ҳолати хуб қарор дошта бошанд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив