ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. СОЛЕ, КИ РАФТ, ФАРАҲБАХШ БУД

ВАНҶ. СОЛЕ, КИ РАФТ, ФАРАҲБАХШ БУД

02 январ 2024, Сешанбе
2
0


Бардоштҳо аз суҳбати кӯтоҳи солинавӣ бо раиси ноҳия Одинашо Мардзода
– Сокинони сарбаланд ва меҳнатдӯсти ноҳияи Ванҷ низ, ба мисли  дигар мардуми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кишварамон, бо соли 2023, ки  пурфайзу баракат буд, хайрбод мегӯянд, – иброз дошт, раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода. – Ин соле буд, ки бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии чор ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидан, ба истиқлоли энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат, комёбиҳои назаррас ба даст омаданд.
Соли сипаригардида бобарор буд. Барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ноҳияи Ванҷ ба иҷро расиданд. Далели боэътимоди ин гуфтаҳо он аст, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин диёр бештар аз 110 иншооти таъиноти гуногун, аз ҳама бештар самти иҷтимоӣ сохта шуда, як қисмашон, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтанд. Корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳо на танҳо дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв, балки дар деҳот низ бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, маблағгузории Ҳукумати мамлакат, шарикони рушд ва соҳибкорон амалӣ шуданд. Маркази  ноҳия ва деҳот ободу зебо гардидааст. Тавре ки Сардори давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) таъкид намуда буданд, вақти он расидааст, ки на танҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо, балки дар деҳот низ иншоот ва биноҳои бисёрошёна сохта шаванд. Дар ин росто соли 2023  дар ноҳия танҳо биноҳои бисёрқабата бунёд гардиданд ва ин иқдом идома меёбад.
Соли сипаришаванда дар ноҳия амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳои зиёде рӯйи кор омаданд. Бо ташаббусҳои наҷибона ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар душвортарин минтақаҳои роҳҳои Помир – қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон суръати бештар гирифт. Аз соли нав бунёди зиёда аз 17 километр роҳи Сурхсангов – Рохарв низ оғоз мегардад. Ҳоло даҳҳо нафар коргар ва механизаторони ноҳия дар бунёди ин қисмати шоҳроҳ, алалхусус  минтақаи мушкилтарини он “Даштак”, фаъолияти пурсамар доранд. Ҳамаи ин созандагиҳо ва навгониҳо ба хотири ояндаи дурахшони сокинони Бадахшон – сарзамини зебо ва пурасрор, “дарвозаи тиллоӣ”-и Тоҷикистон, аз ҷумла як гӯшаи ободу зебои он диёри Ванҷи пурганҷ роҳандозӣ мегарданд.  
Умуман, соли 2023 дар ноҳия иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва хизматрасонӣ бунёд гаштанд. Роҳҳо, кӯчаву майдонҳои ободу зебо, рамзҳои муқаддаси кишвар – Парчам ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва биноҳои баландошёна шаҳраки Рохарвро симои нав бахшиданд. 
Соли 2024 ободкорӣ ва бунёдгариҳо идома меёбанд. Қариб 120 иншооти ҳозиразамон, пеш аз ҳама, дар самти иҷтимоӣ на танҳо дар маркази ноҳия, балки дар ҳудуди шаш ҷамоати деҳот бунёд мегарданд. 
Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ на танҳо дар вилоят, балки дар кишвар ба шумор меравад. Соли 2023 барои кишоварзон соли пурбаракат буд. Деҳқонон натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ба даст оварданд. Дурнамои нақшаи истеҳсоли зироатҳои ғалладонаӣ, картошкаву сабзавот, мева, чормағз, гӯшту шир, тухми мурғ ва дигар маҳсулот барзиёд иҷро шуданд. Сокинони ноҳия дар таъмини барномаи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузоштанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дастранҷи кишоварзони ноҳия ба бозорҳои кишвар ворид ва ба хориҷа низ содирот шуда истодаанд.
                                            
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив