ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2022".  ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРӢ

"СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2022".  ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРӢ

02 январ 2024, Сешанбе
21
0


Дар шаҳри Душанбе бо баргузории як ҳамоиши тантанавӣ аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» натиҷагирӣ карда шуд ва беҳтарин соҳибкорон, ки дар рушди соҳа ва ғанӣ гардондани буҷети пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, саҳми назаррас гузоштаанд, қадр гардиданд. 
Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт мебошад. Ин аст, ки дар кишвар барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ, ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус дорад. Ба имзо расидани қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 ноябри соли 2023, № 597 дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ кардани беҳтарин соҳибкорон гувоҳи барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ мебошад. 
Маросими ҷамъбасти озмун ва қадрдонии ғолибон бо ташаббуси МИҲД шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт баргузор шуд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни сухани ифтитоҳӣ ба соҳибкороне, ки дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардондани буҷети шаҳр саҳми назаррас мегузоранд, арзи сипос намуд. 
Озмун аз рӯи 16 номинатсия ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин, сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонда шуданд. 
Дар фарҷом намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе изҳори умедворӣ намуданд, ки қадр шуданашон аз тарафи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ онҳоро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд менамояд.

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив