ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ  ВА РАВАНДИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАОРИФ  ВА РАВАНДИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 январ 2024, Сешанбе
292
0

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  аз 28 декабри соли 2023, дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, таъкид намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар ҳақиқат,  маҳз илму маориф аст, ки ҳар як фарди миллат ба василаи он дониш меандӯзад, давлату ҷомеа пешрафт мекунад ва дар умум, сатҳи маърифати шаҳрвандон дар ҳамаи самтҳо таъмин карда мешавад, ки яке аз муҳимтарини онҳо соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, соли ҷорӣ бо дарназардошти таҷлил шудани сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрамияти он боз ҳам меафзояд. 
Ба таъкиди Роҳбари давлат «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Дар иртибот бо ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  навбатӣ пешниҳод намуданд, ки «соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». 
Маърифати ҳуқуқӣ шакли бисёрҷанбаи фаъолиятест, ки дар роҳандозии он низоми маориф нақши асосӣ дорад. Ба ҳайси ҳадафи асосии маърифати ҳуқуқӣ ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин, густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботҳои ҳуқуқӣ баромад мекунад. Ба шумули масъалаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ инҳоро метавон мансуб донист: 
- ба даст овардани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба қонунгузорӣ, қонуният, ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо;
- боз ҳам боло бурдани нақши ҳуқуқ ҳамчун арзиши бебаҳси иҷтимоӣ;
- эҳтиром ба қонун;
- мубориза бо ҳеҷангаройии (нигилизми) ҳуқуқӣ;
- дар доираи хонандагону донишҷӯён боз ҳам густариш додани тамоюл, нишондод ва одатҳо бо рафтори мутобиқи қонун. 
Муносибати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба қонун амалан аз сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳушмандию огоҳияшон аз муҳтавои қонунгузории амалкунанда вобаста буда, дар амалӣ намудани талаботи мазкур нақши соҳаи маориф хеле назаррас аст. 
Дар соҳаи маориф силсилаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»,  «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва ғайра қабул шудаанд, ки унсури таркибии фарҳангу маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар соҳаи маориф, ҳамчунин, якчанд консепсия ва барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, дар рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ нақши мондагор гузоштанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2005 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» тасдиқ шуда буд. Амалишавии Барномаи мазкур имкон дод, ки фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ сол ба сол зиёд гардад. Барномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009 таҳия шуда, вазифа ва роҳҳои асосии рушди соҳаи томактабиро муайян намуд.
Зарурати таҳияи Барномаи мазкур дар он зоҳир мешавад, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта шуда, ба шароити нави иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ гардид.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва дастгирии ташкилоти байналмилалии дар Алмато будаи ЮНЕСКО мониторинги муассисаҳои томактабии як қатор ноҳияҳо гузаронда шуд. Мақсади асосии омӯзиш аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- баҳо додан ба вазъи тарбияву таълим дар муассисаҳои томактабӣ;
- таҳлили вазъи иҷтимоӣ, моддию техникии муассисаҳои мазкур;
- муайян намудани проблемаҳои тарбияи томактабӣ ва роҳҳои бартараф кардани онҳо.
Зимни амалӣ намудани ин Барнома сатҳи тарбияву таълими кӯдакони синни томактабӣ дар оила ва кӯдакистонҳо, шароитҳои мавҷудаи тарбия  ва таълими кӯдакон, манбаъҳои маблағгузорӣ, таъмини кӯдакистонҳо бо кадрҳои ихтисосманд ва маводи методӣ барои тарбия ва инкишофи кӯдак, тамоили робитаи оила ва кӯдакистон дар тарбияи кӯдакон муайян карда шуданд.
Корҳои тадқиқотӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо усулҳои пурсишнома, мубоҳисаи инфиродӣ, расмгирӣ ва ҷамъ овардани маълумот ҷараён гирифт. Дар доираи тадқиқоти мазкур 926 нафар (волидайн, мудирон ва мушовирони кӯдакистонҳо, мураббиён, мутахассисони шуъбаҳои маориф) фаро гирифта шуданд. Натиҷаи омӯзиши масъалаи мазкур нишон дод, ки муассисаҳои томактабӣ кори тарбия ва таълими тарбиягирандагонро дуруст ба роҳ мондаанд. Вале мушкилиҳо ва проблемаҳо низ ошкор шуданд.
Аз ин хотир, Барномаи мазкур бо мақсади ба танзим даровардани низоми тарбияи томактабӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар ин муассисаҳо қабул ва таҳия гардид. Зимни роҳандозии ин Барнома заминаи ҳуқуқии ҳифзи кӯдак мустаҳкам шуда, гунаҳои мазмун, шаклҳо ва усулҳои тарбияи томактабӣ муайян гардиданд, ташхиси инкишофи кӯдак дар ҷараёни таълим гузаронда шуд, заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимию методии муассисаҳои томактабӣ бамаротиб беҳбудӣ ёфт, Стандарти давлатии таълими томактабӣ таҳия карда шуд.
Дар ин замина бояд ёдовар шуд, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (соли 2013) саривақтӣ буда, ба раванди ташаккули таҳсилоти томактабӣ асос гузошт. 
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» пазируфта шуд.
Барномаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маориф аз 22-юми декабри соли 2005, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2007, Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2006 «Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
Дар доираи масъалаҳои афзалиятноки нақшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, навсозии низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, инчунин, вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани неруи инсонӣ, қонеъ гардондани талаботи давлат, шахс ва ҷомеа мақсади асосии Барнома арзёбӣ шуданд.
Зимни амалӣ намудани Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зерин ба нақша гирифта шуданд:
- таъмини дастрас будани таҳсилоти босифат барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;
- дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми миллии таҳсилоти касбӣ;
- тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, сабру таҳаммул, фарҳанги баланд, эътирофи ҳуқуқҳо ва озодии шахс дар ҷомеа;
- рушди афзалиятноки забони давлатӣ;
- дар асоси анъанаву арзишҳои ватанӣ ва ба эътибор гирифтани  таҷрибаи  ҷаҳонии  принсипҳои рушди мунтазам, навсозии мазмун ва сохтори таҳсилоти касбӣ;
- барқарор, ташкил ва инкишоф додани низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳо (бакалавриат-магистратура-докторантура), ки асоси онро низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳад;
- баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;
- пайвастан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ;
- ташкили муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилоти касбӣ;
- такмил додани корҳои таълимӣ, илмӣ-методии соҳаи таҳсилоти касбӣ;
- таҳкими заминаи моддӣ-техникии низоми таҳсилоти касбӣ;
- ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
- ташкил ва дарёфти механизми нави ҷалб кардани захираҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ;
- таъмини тавозуни манфиати давлат, ҷамъият ва шахс дар низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ.
Дар натиҷаи татбиқи ин Барнома низоми самараноки идораи соҳаи таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки шароит барои татбиқи принсипи таҳсил барои ҳама дар тули ҳаёт фароҳам омад, имкони мусоид барои гирифтани таҳсили босифат, дар бозори меҳнат рақобатпазир, ба мақсад ва натиҷаи муайян нигаронидашуда ташкил карда шуд, дастрасӣ ва пайдарпайии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2008 “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015”, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд, тасдиқ ва бомаром татбиқ карда шуд. Ин Барнома дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2008 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ва вазифаҳо барои соли 2008» таҳия гардид. Барнома бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, мукаммалгардонии инфраструктураи (инфрасохтори) системаи маориф ва ба талаботу меъёрҳои мавҷуда мувофиқ гардондани биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти соҳаи маориф қабул карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 «Барномаи давлатии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» тасдиқ карда шуд. Барнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015», ки бо қарори Ҳукумат 3-юми апрели соли 2007 тасдиқ шудааст, таҳия гардид. Таъмини шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон, ҷомеа ва бозори меҳнат ба таҳсилоти босифат бо роҳи таъсиси механизмҳои нави институтсионалии танзим дар соҳаи маориф мақсади Барномаро ташкил медиҳанд.
Дар натиҷаи татбиқи Барнома низоми самарабахши идоракунӣ дар соҳаи маориф таъсис дода шуда, барои гирифтани таҳсилоти босифат ва рақобатпазир шароит фароҳам оварда, гузариш ба модели бисёрзинавии тайёр кардани мутахассисон: бакалавриат, магистратура ва докторантура таъмин, низоми мониторинг ва ояндабинии рушди соҳаи маориф, инчунин, низоми миллии арзёбии сифати таҳсил таъсис дода шуд, фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи маориф суръат ёфт.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми октябри соли 2010 «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» тасдиқ карда шуд. Ин Барнома вобаста ба гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таҳия гардида, барои ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон мусоидат намуд. Барнома дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми апрели соли 2010 таҳия шудааст.
Яке аз тадбирҳои асосии ин Барнома – таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор, зиёд намудани маоши омӯзгорон, компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёфт.
Дар доираи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2004 тасдиқ шудааст, нақша ва мазмуни барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон мувофиқ гардонда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгории кишвар ва хориҷа тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои психология, логопедия, сурдопедагогика ба роҳ монда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Бо мақсади барқарор ва баргардондани муассисаҳои томактабӣ ва рушди минбаъдаи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2005 «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» тасдиқ карда шуд. Амалӣ намудани Барномаи зикргардида имконият дод, ки назорату роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва, ҳамзамон, расондани ёрии методӣ ба мудирон, мураббияҳои боғчаҳои бачагон ва мутахассисони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба муассисаҳои мазкур аз тарафи кормандони Вазорати маориф ва илм беҳтар гардад. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти боқимонда Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия карда шуд. Зарурати таҳияи Барнома аз он иборат буд, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта, ба шароити нави иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ гардонда шавад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2012 «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ карда шуд. Зарурати қабули Барнома бо он муайян мешавад, ки дар марҳилаи муосири тараққиёти Тоҷикистон салоҳиятнокии касбии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад, зеро пешрафти иқтисод аз мутахассисони лаёқатманд вобастагии қавӣ дорад. Таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо коргарони соҳибихтисос ва мутахассисони сатҳи миёнаи ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилоти касбӣ метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат саҳми босазо гузоранд.
Барнома тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 24-уми апрели соли 2011 баён намуда буданд, таҳия шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми апрели соли 2011 таъкид намуданд: «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад».
Баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самарабахшии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, хусусияти муттасилӣ ва навоваронаи он боиси афзоиши фаъолияти иҷтимоию касбии ҷавонон ва фаъолнокии онҳо гардида, ҷалби онҳо ба шаклҳои гуногуни омодагии касбӣ низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба болоравии иқтисодиёти кишвар ва таъмини некуаҳволии шаҳрвандони он мусоидат мекунад. Амалишавии Барномаи мазкур ба рушди ин зинаҳои таҳсилот мусоидат намуда, мутахассисони хатмкардаи ин зинаҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назарраси худро гузоштанд.
Ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаи давлатии рушди маориф барои солҳои 2008-2015, Барномаи давлатии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ, қонеъ кардани талаботи шахс ва ҷомеа ба хадамоти соҳаи маориф, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи иқтисоди миллии кишвар роҳандозӣ гардид.
Тибқи Барнома азнавсозии самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо мувофиқи стандартҳои байналмилалии таҳсилот, баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, таъсиси низоми миллии арзёбии сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар назар дошта шуда буд.
Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар ду марҳила амалӣ гардид:
- марҳилаи 1: солҳои 2012-2016;
- марҳилаи 2: солҳои 2017-2020.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» тасдиқ шуда буд. Дар он, аз ҷумла зикр карда мешавад, ки маориф дар ҳаёти имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад.
Мақсади асосии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароит барои таъмини хизматрасонии амалию самарабахши маориф ва дастрас будани таҳсилоти дахлдори босифат барои ҳама мебошад. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ба ҳалли вазифаҳои зерин равона шуда буд:
- таъмини некуаҳволии шаҳрвандон ва суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа;
- бунёди заминаи кадрии рушди иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, рушди истеҳсоли технологӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар.
Азнавсозии таҳсил яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 маҳсуб меёфт. Он барои ташаккулу инкишофи арзишҳои нави фарҳанги ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ҷумла, тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тағйир додани мазмуни таҳсил дар самтҳои зерин пешбинӣ мегардид:
- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави замонавӣ бо мақсади таъмини инкишофи кӯдакон, омодасозии ҷисмонию руҳии кӯдакон ба фаъолияти мунтазами маърифатӣ;
- навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ба модели салоҳиятнокии таълим;
- ташаккули ҷаҳонбинии ба фаҳмишҳои замонавии илмӣ, моҳиятан демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асосёфта;
- асосҳои рафтори хушахлоқона;
- аз худ намудани малакаи ҳаётан муҳиму тарзи ҳаёти солим ва ташаккули дониши рафтор дар ҳолатҳои фавқулода;
- омодасозӣ ба фаъолияти касбӣ;
- навсозии таҳсилоти иловагӣ, бо дарназардошти вусъат бахшидани фаҳмишу тасаввуроти кӯдакон дар хусуси муҳити атроф, воридшавии онҳо ба дунёи касбию ҷиҳати дониста интихоб кардани онҳо;
- навсозии таҳсилоти махсус дар муносибати байниидоравӣ нисбат ба таҳсилот, офиятбахшӣ ва ба ҷомеа ҷалб намудани кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, мусоидат барои зоҳир намудани ташаббуси ҳартарафа, дастгирии такомули шахсият, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъол сохтани мавқеи оила дар иҷтимоикунонии кӯдак, амалӣ намудани захираҳои дохилии худи кӯдак ва аъзои оилаи он;
- навсозии мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ба талаботи бозорҳои дохилии меҳнат, дархости оила ва мувофиқшавии бомуваффақият дар бозорҳои хориҷии меҳнат равона сохтани он;
- навсозии мазмуни таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи талаботи иқтисодиёт ва вазифаҳои ташаккули элитаи зеҳнии кишвар.
«Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014 тасдиқ шуда буд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон то соли 2020,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст. Барнома афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян намуда, бо мақсади муҳайё намудани шароити зарурӣ барои таълими истеъдодҳо амалӣ гардид.
Зарурати таҳияи Барнома вобаста ба пешрафти ҷомеа ва ҷаҳони муосир ба миён омада буд. Аз ҷумла, иқтисодиёти муосир ҳарчи бештар ба мутахассисоне, ки дониши амиқ ва қобилияти навоварӣ доранд, эҳтиёҷ дорад. Аз ин сабаб, яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф таъсиси низоми муассири таҳсилот, муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат, фарогирии онҳо бо таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз тариқи грантҳо ва бурсияҳо мебошад.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст. Чораҳои мақсадноки андешидашуда метавонанд доираи имконоти истифодабарии амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмил додани маводи таълим, аз ҷумла мултимедиа, инчунин,  усулҳои худтаълимгирӣ ва худомӯзии фардиро тавсеа намоянд.
Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамчунин, роҳи шиносоӣ бо арзишҳои маърифати ҳуқуқии ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Донишомӯзӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқии ҷаҳонӣ дар шароити густариши робитаҳои фарҳангӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бо ин мақсад, давоми солҳои 2004-2014 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2003 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» бомуваффақият татбиқ гардид. Ҳамчунин, «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июли соли 2014 тасдиқ карда шуд. Дар он масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи забон эътироф карда мешавад.
Тибқи Барномаи мазкур муоширати байнифарҳангӣ робитаи инсонҳоест, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳар як забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, ифодагари фарҳанги воқеии ҷомеа ба шумор мераванд, ки дар он ё ин забон арзи ҳастӣ дорад ва ба фарҳанги он хизмат мекунад. Тавассути аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ инсон, ҳамзамон, ба фарҳанги миллии дигаре низ ошно мегардад, дунёи ботиниашро аз ҷаҳони маънавие, ки дар он забон нуҳуфтааст, ғанӣ месозад. Масъалаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо масъалаи омӯхтани таърихи кишвар, фарҳанг ва ҳаёти халқ вобаста мебошад.
Барномаи мазкур чораҳои мушаххаси татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз 4-уми апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ мекард.
Бо дарназардошти он ки, табиати маърифати ҳуқуқӣ мутаҳаррику тағйирёбанда буда, вижагиҳои диалектикӣ дорад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ин падидаи ҳуқуқии ҷомеаро ба инобат гирифта, доир ба таҳияву пазироии консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар соҳаи маориф иқдому ибтикороти муҳим роҳандозӣ менамоянд. 
Омӯзишу таҳлил нишон медиҳад, ки амалӣ шудани барномаҳои болозикр ҷиҳати таъмини ҳуқуқии рушди босуботи самти маориф ва густариши маърифати ҳуқуқӣ мусоидати назаррас карданд. Ҳамзамон, солҳои охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар соҳаи маорифи кишвар қабул шуда, амалӣ гардида истодаанд, аз он ҷумла – қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042», аз 31-уми августи соли 2022, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023, аз 25-уми январи соли 2017, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», аз 30-юми июни соли 2021, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», аз 29-уми сентябри соли 2020, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027», аз 29-уми сентябри соли 2017, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз 31-уми августи соли 2023, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027», аз 31-уми августи соли 2023, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои cоҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027», аз 31-уми октябри соли 2022, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027», аз 30-юми сентябри соли 2022, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»,  аз 27-уми апрели соли 2022, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030», аз 30-юми июни соли 2021, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025», аз 30-юми апрели соли 2021, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», аз 3-юми апрели соли 2021, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025, аз 3-юми апрели соли 2021, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз 30-юми августи соли 2019.
Айни ҳол ин санадҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф бомаром роҳандозӣ гардида, дар самти рушди он ва густариши маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кулли кормандони соҳа нақши назаррас гузошта истодаанд.
Дар радифи ҳуҷҷатҳои болозикр ба таври алоҳида қабули санади муҳими тақдирсоз Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро махсус қайд кардан бамаврид аст, чунки он рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро муқаррар менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки сарчашмаи дигари инкишофи маърифати ҳуқуқӣ дар роҳи ба камолоти маърифати ҳуқуқӣ расонидани шаҳрвандон ин омӯзиши арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқие мебошад, ки тайи садаҳои сипаригашта аз сӯйи мутафаккирони бузурги гузаштаи халқи тоҷик баргузида шудаанд. Аз ҷумла, «Тибби руҳонӣ»-и Закариёи Розӣ , «Ҷовидон Хирад»-и Ибни Мискавайҳ, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Тадбири манзил»-и Абуалӣ ибни Сино, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Саодатнома»-и Носири Хусрав, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва амсоли инҳо дар ташаккулу пешрафти шаклҳои гуногуни шуури ҷамъиятӣ (зебоипарастӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ) хусусияти бунёдӣ дошта, метавонанд яке аз омилҳои густариши маърифати ҳуқуқӣ бошанд.
Дар ин росто, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мардуми соҳибфарҳанг ва адабпарвари мо аз қадим ба осори бадеӣ ва шахсиятҳои фарзонаи илму адаб меҳру муҳаббати хосса изҳор мекунад».

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
узви вобастаи АМИТ, 
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор

Санаи нашр: 16.01.2024 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив