ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БИНОҲОИ ПАРЛУМОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БИНОҲОИ ПАРЛУМОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

05 феврал 2024, Душанбе
21
0


Иншооти муҳими ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон биноҳои нави Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Бинои парлумон дар маркази шаҳри Душанбе – рӯбарӯи Қасри миллат, бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷойи собиқ Қасри Президент мавқеъ доранд.

Санги асоси биноҳо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми октябри соли 2018 гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2020 шуруъ гардид. 
Баландии бинои асосии парлумон 49,7 метр, бо дарназардошти гунбаз, 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумӣ 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ, ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.
Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати ҷумҳурӣ 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегарданд.
Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта мешаванд. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
Намои биноҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ, бо санъати баланди меъмории муосир, бо услуби хос ва нақшу нигор сохта мешаванд. Ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлис ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешаванд.
Дар сохтмони биноҳо мутахассисони Чин ҷалб гардида, инчунин, 400 коргари маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. 
Феълан корҳои сохтмонӣ дар сатҳи ороиши намои беруна ва дохили биноҳо идома доранд ва тибқи нақша моҳи сентябри соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив