ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РЕЙДҲОИ МУШТАРАК.  ҚОНУНШИКАНИҲО ДАР САМТИ МУҲИТИ ЗИСТ ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД

РЕЙДҲОИ МУШТАРАК.  ҚОНУНШИКАНИҲО ДАР САМТИ МУҲИТИ ЗИСТ ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД

05 феврал 2024, Душанбе
10
0

 
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи муҳити зист сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади  пешгирӣ аз воридшавии нақлиёти ифлос, манъи ҳаракати нақлиёти боркашон дар роҳҳои пойтахти мамлакат бе доштани пардаи ҳимоявӣ, рейди муштарак доир намуд.
Тавре аз сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳр хабар доданд, зимни баргузории рейд мушоҳида гардид, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт дар вақти боркашонӣ хилофи муқаррарот амал карда, талаботҳои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист риоя карда намешавад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: “Аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилона захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад”.
Тибқи иттилои расмӣ, дар давоми моҳи январ барои ифлосии воситаҳои нақлиёт 724 ҳолат, барои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 500 ҳолат ва 37 ҳолати беболопӯш интиқол додани маводҳои пошхӯранда ба қайд гирифта шуда, 1261 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Вобаста ба иҷрои нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муҳити зист сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо шуъбаи раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД дар шаҳри Душанбе доир намудани рейд ва аксияҳои экологиро дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар аснои баргузории аксия ва рейдҳои муштарак нозирон бо ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ роҷеъ ба риояи қонунгузориҳои амалкунанда дар самти муҳити зист, таъмини тозагии муҳити зист ва дар доираи талаботҳои ҷаҳони муосир кору фаъолият намуданро ба ронандагон таъкид намуданд.

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив