ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РАСОЛАТИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РАСОЛАТИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

05 феврал 2024, Душанбе
25
0


Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” беш аз як сол гузашт. Ҳарчанд ин Қонун 2 ноябри соли 2022 қабул шуда буд, аммо сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳатто аз нахустин суханрониҳо ва муносибаташон бо мардум равшан падид омада буд. Ин табиист, зеро инсоне, ки худ саропои сиришташ, амалу рафтору гуфтораш намои дурахшони ватандориву ватандӯстист, на танҳо бо сухан, бо сиёсати роҳбарӣ, балки бевосита, дар гуфтору амал мардумро дар ин ҷода ҳам раҳнамо ва ҳам намунаи ибрат гардидааст.
Шояд кам давлатдорие, мисли давлатдории Тоҷикистони азизи мо ин қадар аҳамият ва таваҷҷуҳ ба сиёсати ватандӯстии шаҳрвандонаш бидиҳад. Ба андешаи банда, чунин таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориро дар ин самт сабаб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кишвари соҳибтамаддун ва халқи соҳибхиради мо дар арафаи эҳёи дубораи Ватани куҳанбунёди худ қарор гирифт, Ватане, ки тули садсолаҳо ҷабру зулми аҷнабиёнро бисёр дидаву дар ҷодаи истиқлол қурбониҳои зиёдеро таҳаммул кардааст. Ва мо, бояд офарин ба табъу завқи Пешвои миллатамон бигӯем, ки аз оғози давлатдории худ дарк карданд, ки наметавон бидуни тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани завқи худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва ваҳдату ягонагии сокинони кишвар ин кор, яъне эҳёи дубора ва навини сарзамини фарҳангпарварро амалӣ кард.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пеш аз ҳама, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар мамлакат, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Он нуктаҳое, ки дар Қонуни мазкур муайян ва тарҳрезӣ шудаанд, гумон аст, ки бе дарки масъулияти шахсии ҳар шаҳрванд, эҳсоси ботинии ватандориву ватандӯстии ӯ даст бидиҳад. Аз ин рӯ, сараввал Сарвари давлат роҳи худшиносии миллӣ, шинохти ҳувият, таъриху фарҳанг ва ваҳдати миллиро барои ҷомеа пеш гирифтанд.
Яке аз омилҳои таҳрик ба ватандӯстӣ ифтихори миллист, ки бе шинохту эътироф ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ наметавонад сурат бигирад. Аз ин рӯ, тули ин ҳама солҳо мо шоҳиди он гардидем, ки муқаддасоти миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, ки ҳар яке таҷассумгари ормонҳои миллии халқи моянд, ҳамеша пешсафу пешгоми ҷомеа буданд. Инҳо ҳамон муқаддасоте мебошанд, ки дар ангезиши эҳсоси ватанпарвариву ватандӯстӣ нақши бориз доранд.
Ҳадафу мақсадҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз чӣ иборатанд ва кадом самтҳоро фаро мегиранд? Чунонки, дар Қонун зикр шудааст, инҳо, пеш аз ҳама, ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дар замири шаҳрвандон аст. Чунин дастовард танҳо дар сурати тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибатҳои ватандӯстона бо ҷомеа ва давлат дар заминаҳои қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат сурат мегирад.
Дар ин ҷода ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои эҳсосоти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандию иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат хеле муҳим аст.
Албатта, ҳадафҳои иброзгардида бояд, пеш аз ҳама, пайгири вазифаҳое бошанд мушаххас. Ва вазифи мо – ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, ин аст, ки худшиносии миллиро ташаккул бидиҳем ва муносибати арзандаро ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо ба роҳ монем. Хусусан, ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоиву маданӣ, ки таърихи фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос намояд ва дар тафаккури онҳо арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳиро таҷассум созад.
Дар баробари ин, Қонун талаб мекунад, ки барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир гардидани эҳсоси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятиву давлатӣ ва ҳарбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ, ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он бояд роҳандозӣ карда шаванд. Маҳз иҷрои ин талаботҳо мусоидат хоҳанд кард, ки меҳнатдӯстӣ ва заҳмат кашидан ба манфиати ҷомеаву давлат дар мадди аввали рӯзгори мо қарор гиранд. Бояд ҷомеаи мо ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешрафту пешбурди тарзи солими зиндагӣ, изҳори ғамхориву дастгирии ҳамдигар, офаридани муҳити созгор дар ҷомеа ҳавасманд бошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” масъулият, муносибати шаҳрвандон ва идораву муассисаҳои дахлдорро хеле боло бардошт ва натиҷа ин аст, ки мо дар саросари кишвар, дар рӯзгори мардум ва, хусусан дар рафтору кирдору гуфтори наврасону ҷавонон, ин руҳияро эҳсос мекунем.
Дар ин ҷода, дар қатори мактабу донишгоҳҳо, идораҳои маъмуриву ҷамъиятӣ, гумон мекунам, нақши иттиҳодияҳои эҷодӣ, хусусан адибону олимону журналистони кишвар, хеле бориз хоҳад буд. Зеро ҳар асари ҷолиби адабӣ, хусусан шеъру суруди ватандӯстона, барои миллати суханпарвари мо, халқи китобдӯсту китобхони мо бетаъсир нахоҳад буд. Ва мо хуб медонему мебинем, ки ангезаҳои сухани баланди олиму адиб, ҳосили эҷодкории сифтан баланду арзишноки як эҷодкор нақши бузурге дар тарбияи ватандӯсии мардум мегузоранд. 
Дар мавриди озмунҳое, ки имрӯз бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллатамон рӯи кор омадаанд, ҳоҷати сухан ҳам нест, зеро таъсир ва маҳсули неку пурсамари онҳоро дар ин ҷода чанд соли охир дида истодаем. Маҳз ҳамин озмунҳо: “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифт”, “Тоҷикон – оинаи таърих” ангезаҳои баланди ватандӯстиро дар ин чанд соли охир таъмин менамоянд. Ба шарофати онҳост, ки имрӯз миллати мо китоббадасту китобхон аст ва дар ҷойе, ки китоб, яъне илму донишу адаб раҳнамои ҷомеа аст, руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҳамеша баланд аст, чуноне, ки имрӯз дар сарзамини адабпарвари мост.

Камол НАСРУЛЛО,  Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив