ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

22 феврал 2024, Панҷшанбе
13
0


Марди кордбадаст ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як марди муштзӯр, ки ба содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Сомонаи ВКД бо нашри ин хабар менависад, ки марди 26-солаи пойтахт нимаи дуюми рӯзи 17-уми феврал дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо ҷавони 24-сола муноқиша карда, ӯро бо зарби корд захмӣ намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.


Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои мардумфиребӣ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани силсилақаллобиҳое хабар дод, ки дар содир кардани онҳо марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин мард моҳҳои октябр-декабри соли 2023 дар назди бозори “Саховат”-и пойтахт бо роҳи фиреб ба бовари марди 32-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ 4 адад воситаи нақлиёти гаронарзишро ба маблағи умумии 735 ҳазор сомонӣ гирифта, пули фурӯши мошинҳоро ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Инчунин, гумонбаршаванда  аз сокини дигари шаҳри Душанбе (марди 29-сола) бо ҳамин шева воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус-350”-ро ба қимати 260 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағашро надодааст. Ба ин монанд, аз нафари сеюм низ ду адад мошини тамғаи “Тайота-Воксе”-ро бо арзиши умумии 175 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин ҳисоб танҳо 75 ҳазор сомониашро додаасту халос.
Вобаста ба ин ҳолатҳо, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Боздошти 3 ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Дар ноҳияи Кӯшониён 3 ноболиғи аз 15 то 17-сола як мағозаро ғорат карда, мунтаҳо ба дасти милитсия афтоданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, ҳодисаи дуздӣ 18-уми феврал сурат гирифта, ҳоло вобаста ба ин ҳолат тафтишот оғоз шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки гумонбарон бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағоза 8700 сомонӣ ва маҳсулоти ғизоиро дуздидаанд, ки зарари расондашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив