ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД 

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД 

02 апрел 2024, Сешанбе
7
0

“САЙЁҲӢ.  АГАР ХОҲЕМ СОҲА ПЕШРАФТИ БЕШТАР ДОШТА БОШАД...” 
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шаҳноз Қурбон “Сайёҳӣ. Агар хоҳем соҳа пешрафти бештар дошта бошад...”-ро, ки 20-уми ноябри соли 2023  дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода, қайд менамояд, ки мушкилоти дар матлаби мазкур баррасишуда ҷой доранд. 

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаҳати ҳалли ин мушкилот ва  таъмини ҳалли он барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани касбияти масъулони нуқтаҳои хизматрасонӣ, хусусан меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат аз рӯйи чор ихтисос: хизматрасонӣ дар тарабхона, азхудкунии касби бариста, азхудкунии гастрономия ва пухтупаз ва идоракунии тарабхона аз 11 то 18-уми ноябри соли 2023 ташкил намуд. Кумита барои баргузории курси омӯзишии болозикр ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо бо истифода аз таҷрибаи пешқадами соҳаи тарабхонадорӣ дар Ҷумҳурии Туркия 4 нафар коршиноси дараҷаи байналмилалӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадориро аз ин кишвар даъват намуд. Дар курси мазкур довталабон аз ҳайати кормандони тарабохонаҳо, ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва қаҳвахонаҳои тамоми минтақаҳои кишвар  ҷалб шуданд, ки шумораи умумии онҳо 557 нафарро ташкил дод.
Дар матлаби мазкур, инчунин, мушкилоти таблиғу ташвиқи минтақаҳои тамошобоби кишвари азизамон таъкид карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин самт, яъне ҷиҳати муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, дар сомонаи расмии АМИТ “Ховар” таҳти унвони “Тоҷикистон – сарзамини сайёҳӣ” лоиҳаи муштараки ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, тамоми хабару гузоришҳо оид ба вазъи имрӯзаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон нашр мешаванд. Ҳамчунин, дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғиб мегарданд. Гузашта аз ин, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат сабти барномаи телевизионии “Магия вкуса” аз тариқи шабакаи “Моя планета”, сабти барномаи телевизионии “Поедем, поедим!” тавассути шабакаи НТВ ва сабти видеороликҳои рекламавӣ бо хронометражи 15,30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии “BBC World News” амалӣ карда шуд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ  ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Рустам ХОЛМАТИЁН, 
муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

P.S. Албатта, кӯшишҳои масъулон дар самти рушди сайёҳӣ дида мешаванд ва мақсади нашри мавод низ танҳо мусоидат ба пешрафти соҳа мебошад. Вале дар мавод сухан дар бораи маркетинги ҳудудӣ ҳам меравад, ки дар ин ҷо, аслан, симо ва идеяи пешниҳоди минтақа ё мавзеи сайёҳии мамлакатамон муҳим дониста шуда, вазифаи он  ишорат ба ҷолибият ва иқтидори ин ё он минтақа ҳамчун макони таассуротбахш  ва  ҷолиб мебошад.

Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив