ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО АҲЛИ МАОРИФ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО АҲЛИ МАОРИФ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

15 апрел 2024, Душанбе
16
0


Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баён гардиданд, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ,  тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин, татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мулоқоти роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо масъулони соҳаи маориф ва сарварони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. 

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими ҳамкории милитсия бо аҳли маориф ва волидайн буда, ба баланд  бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, нигаронда шудааст.
Сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода доир ба  рафъи  сабабу  шароитҳои  содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ноболиғон, пешгирӣ аз муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи ваколатҳои омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар бунёди муҳити ҷомеаи солим ибрози назар кард.
Таъкид шуд, ки масъалаи ошкору пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ миёни наврасон пайваста чорабиниҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва маърифатӣ-профилактикӣ гузаронда мешаванд.
Тавре зикр гардид, дар доираи чунин иқдомҳо аз ҷониби Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсия доир ба масъалаҳои баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, муайян сохтани ноболиғони бепарастор, оворагард, талбанда, дар шароити номусоиди хушунати оилавӣ тарбиятгиранда ва ноболиғони дорои майли содирнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқидошта ҳамарӯза чорабиниҳои ҳуқуқӣ гузаронда мешаванд.
Роҳбари мақомоти корҳои дохилии вилоят афзуд, ки бо мақсади нигоҳдошти солимии хонаводаҳо ва ҷомеа, аз байн бурдани ҷинояткорӣ байни ноболиғон таҳти шиори “Тарбияи ватандӯстӣ – омили пешгирии ифротгароӣ” ва таҳкими робитаи милитсия бо мактаб дар асоси фармоиши раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҳафтае як маротиба дар доираи чорабинии “Рӯзи мактаб” кормандони милитсия барои гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив