ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАТАНДОРӢ. ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ КОНСТИТУТСИОНИСТ

ВАТАНДОРӢ. ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ КОНСТИТУТСИОНИСТ

15 апрел 2024, Душанбе
8
0


Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён дорад. Боиси хушҳолист, ки, аллакай, баъзе шаҳру ноҳияҳо аз иҷрои нақшаи даъват мужда доданд. Ин гувоҳи он аст, ки сафи ҷавонони ватандӯст зиёд гашта истодааст ва иҷрои уҳдадориашонро дар назди Ватан-Модар дарк менамоянд.
Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули заҳмати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад".

МАСЪУЛИЯТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНД 
Тибқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”. Дар асоси моддаи 10 Конститутсия “давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бошад, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандон танзим менамояд. 

КИҲО АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОЗОДАНД?
Дар асоси моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд: 1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд; 2) онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд; 3) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд; 4) онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд. Ҳамчунин, онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва, ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд, ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд, онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд, онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм, ё доктори ҳабилитатро доранд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд.
Мутобиқи моддаи 31 Қонуни мазкур баъзе шахсон ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро доранд. Аз ҷумла, онҳое, ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, вакили Маҷлиси вакилони халқ интихоб шудаанд, дар оила фарзанди ягонаанд, онҳое, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои ин кор), онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ, ё тиббии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои кор) ва онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

ҶАЗО БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Барои саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар асоси қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин, саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз  ҷамъомадҳои таълимӣ, ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунии аз хизмат озод намудан, бо  ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Ё бо роҳҳои ба саломатии худ расондани зарар, сохтакории ҳуҷҷатҳо, ё фиреби дигар саркашӣ намудан аз даъвати хизмати ҳарбӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол пешбинӣ мешавад.

ҶИҲАТҲОИ ДИГАРИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар баробари уҳдадории конститутсионӣ, ҷиҳатҳои ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.
Вақти вориди қисми низомӣ шудан, наваскарон шаш моҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар ин муддат бояд қадамзании низомӣ, сафороӣ, унвонҳои ҳарбӣ, силоҳҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъиёти соҳаро аз худ кунанд, ки барои ҳифзи Ватан муҳим аст.  Дар баробари ин, сарбозон тарбияи ахлоқӣ ва зиндагиро мегиранд. Саҳар барвақт аз хоб хестан, тибқи реҷа хӯрок хӯрдан, ба тозагӣ риоя кардан, яъне тозаву ботартиб нигоҳ доштани либос ва бошишгоҳу ҷои хоб. 
Дар баробари ин, сарбозон имкони хуб доранд, ки муддати як ё ду соли хизмати ҳарбӣ аз шароитҳои фароҳам дар қисми низомӣ ба обутоби бадан машғул шаванд ва ҳамчун як ҷавонмарди ҳақиқӣ ба хона – назди падару модар баргарданд. Хулоса, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – мактаби бузурги тарбия ва ҷавонмардӣ аст, ки гузаштан аз он барои ҳар ҷавонписар ногузир мебошад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив