ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

15 апрел 2024, Душанбе
3
0

«САЙЁҲӢ.  ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ САМТИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО»

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муаллиф Шаҳноз Қурбонро дар мавзуи «Сайёҳӣ. Дастовард ва мушкилоти самти омодасозии кадрҳо», ки 28-уми сентябри соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода, қайд менамояд, ки мушкилоти дар матлаби мазкур баррасишуда саривақтӣ ва воқеӣ мебошад. 
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ва таъмини иқтидори кадрии соҳа чораандешӣ менамояд. Бо ин мақсад, Кумита дар ҳамкорӣ бо ширкати Anatolia health assistance ҷиҳати табодули таҷрибаи кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта ва рушди малакаҳои касбии кормандони соҳаи сайёҳии кишвар аз 11 то 17-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Анталияи Туркия машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Банақшагирӣ ва идоракунии сайёҳӣ» барои намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо баргузор намуд. Дар доираи ҳамкориҳо бо ҳамин ширкат барои кормадони тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳои мамлакат машғулияти омӯзишии кӯтоҳмуддат ташкил карда шуд, ки баъд аз анҷоми он иштирокдорон соҳиби сертификати расмии ширкати Anatolia health assistance шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани салоҳияти касбӣ, аз 22-юми август то 17-уми сентябри соли 2023 ҳайати кормандони Кумита дар семинари омӯзишӣ «Оид ба пешбурди сайёҳӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ», ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, ширкат варзиданд. Инчунин, бо ташаббуси Кумита аз 26-уми феврал то 9-уми марти соли 2023 сафари омӯзишии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Теҳрон, Киш, Исфаҳон, Кошон ва Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил гардид. 
Дар баробари ин, баҳри омодасозии мутахассисони баландихтисос Кумита дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи самтҳои гуногун барои кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо ва донишҷӯён ташкил менамояд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконият ва ваколатҳои худ баҳри рушди бемайлони соҳаи сайёҳии кишвар ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандону омодасозии мутахассисони соҳа минбаъд низ чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Рустам ХОЛМАТИЁН, 
муовини аввали раиси Кумитаи 
рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив