ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МЕҲМОНХОНАИ «КАНГУРТ ГРАНД-ҲОТЕЛ» 

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МЕҲМОНХОНАИ «КАНГУРТ ГРАНД-ҲОТЕЛ» 

23 апрел 2024, Сешанбе
8
0
 
20-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар ноҳияи Фирдавсӣ меҳмонхонаи панҷситорадори «Кангурт гранд-ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Бинои хуштарҳу замонавӣ нуҳошёна буда, бо сабки хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи нав 84 нафар соҳиби кор мегардад. Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имкон медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи «Кангурт гранд-ҳотел»  дорои 98 ҳуҷра буда, метавонад дар як вақт 164 мизоҷро қабул намояд.
Зикр шуд, ки дар баробари ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхонаи нав дорои дигар имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла ҷойи гузарондани ҳамоишҳои гуногун, маҷлисгоҳ ва тарабхонаи барҳаво бо 160 ҷой, мебошад. Меҳмонхона дорои қаҳвахонаи муҷаҳҳазу замонавӣ буда, имкон дорад, ки дар як вақт ба 140 нафар хизмат расонад.
Дар меҳмонхона толори алоҳидаи варзиши муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои машқу тамрин мавҷуд аст. Имконияти фароҳамомада ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мусоидат менамояд.
Дар таҳхонаи иншооти мазкур «SPA-салон» ташкил гардида, дар он ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои алоҳида бо буғи тар ва хушк, ҷакузи ва дигар имконоти зарурӣ мавҷуданд. Назорати ҳарорати оби ҳавз ва низоми полоишии он бо истифода аз дастгоҳҳои муосир дар чанд зина сурат мегирад.
 Дохили меҳмонхонаи «Кангурт гранд-ҳотел» бо сабку услуби муосири меъморӣ оро ёфта, эъмори он бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ширкатҳои кишвар анҷом ёфт. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ зинат ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ мекунад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи «Кангурт гранд-ҳотел» ҳадияи арзишманд бахшида ба Рӯзи пойтахт буда, он ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони меҳмонхонаи «Кангурт гранд-ҳотел»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузоштанд. Ҳангоми бунёди иншоот беш аз 100 бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат эъмор гашта, намои берунаи он бо сабки махсус ва талаботи меъмории шаҳрсозӣ зеб дода шудааст. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба иншоот ҳусни дигар зам менамояд. Хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад, зеро ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам овардаанд.
Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Масъулон дастур гирифтанд, ки сатҳи хизматрасонӣ бо риояи меъёрҳои соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои меҳмондории миллӣ ба роҳ монда шавад.
 
 
 
ИФТИТОҲИ ҶСК «ПИЛЛАИ ТОҶИК» 
20-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд. 
Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ, маълумот доданд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар рушду равнақи соҳа мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ дар самти бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани имконият ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави кор муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд. ҶСК “Пиллаи тоҷик” аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи бастубанд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Чин ва давлатҳои Аврупо ворид шудааст, ки барои истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истифодаи пурраи шароити табиию технологӣ, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолии корхона ва афзоиши шумораи кормандон вазифадор намуданд. Пилла баъди ҷамъоварӣ дар корхона хушк карда шуда, дар хатти технологии абрешим ба навъҳо ҷудо ва ба ришта табдил дода мешавад.
Иқтидори солонаи истеҳсоли абрешими наддофӣ зиёда аз 40 тонна ва истеҳсоли риштаи абрешимӣ беш аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Абрешими омодашуда дар коргоҳи бофандагӣ ба матоъ табдил меёбад.
Иҷрои намунавии супоришҳои Сарвари давлат дар доираи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, имкон фароҳам овард, ки тавассути бунёду барқарорсозии иншооти саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд гардад ва сокинони кишвар ҳарчи бештар дар соҳаи саноат ба кори доимӣ фаро гирифта шаванд. 
Дастгоҳи чопӣ, ки аз Италия ворид гашт, дар ҷумҳурӣ аввалин мебошад ва барои истеҳсоли маҳсулоти зебою дилкаш нигаронда шудааст. Технологияи нав имкон медиҳад, ки мувофиқ ба дархости мизоҷон нақш ба хотираи компютер дохил карда шавад ва тибқи фармоиш матоъ нақшбандӣ гардад.
Дар коргоҳи атласу адрас бо истифода аз 26 дастгоҳи бофандагӣ аз риштаи абрешим ва пахта ҳунармандон намудҳои гуногуни атласу адрасро омода мекунанд. Ҳамзамон, ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои ҳунарро аз худ мекунанд ва сипас, дар ҳамин ҷо бо кор таъмин мешаванд.
Инчунин, дар асоси таҷриба, қолинбофии дастӣ низ бо истифода аз абрешим сурат мегирад. Абрешими дарознахи аълосифат барои истеҳсоли матоъ ва боқимондаи он баҳри бофтани қолинҳои зебою ҷавобгӯ ба талаботи бозор истифода хоҳад шуд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат атлас, адрас, гирбишин, сатин, беқасаб ва дигар намуди матоъҳои дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки минбаъд бонувон метавонанд ин намуди маҳсулоти босифати истеҳсоли ватаниро дастрас ва бо ифтихор аз тамаддуни гузаштаи омӯзандаи миллат ба бар намоянд. Ҳамчун мероси ғайримоддии башарият пазируфта шудани “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ” собитгари таъриху тамаддуни омӯзанда ва дастовардҳои шоиста доштани миллати тоҷик дар истеҳсоли ин намуди маҳсулот мебошад.
Имрӯзҳо ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, рушди ҳунармандӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинони мамлакат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулча, чапотӣ ва таҳмол, баргузор гардид. 
Таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба ҳунармандон ва эҳсоси баланди худшиносии мардум ба эҳё ва равнақи ҳунармандӣ мусоидат кардааст. Маҳз дар натиҷаи ин, сайёҳон метавонанд намудҳои гуногуни армуғонро бихаранд, ки ин дар баробари беҳшавии имкониятҳои иқтисодии ҳунармандон, ҳамзамон, ба муаррифии таъриху маънавиёти омӯзандаи миллат мусоидат менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти ҳунармандону соҳибкорон дар самти афзоиши истеҳсоли атласу адрас, офаридани намудҳои гуногуни армуғон ва рушди ҳунармандӣ баҳои баланд дода, истифодаи ҳарчи бештари имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати кишвар ва афзун кардани дастовардҳоро зарур донистанд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноати сабуки шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд. Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шароит фароҳам сохт, ки бо бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ имкониятҳо барои рушди дучанди соҳа таъмин гардад.
Ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои рушди кирмакпарварӣ аз ҷониби ҶСК “Пиллаи тоҷик” барои васеъ кардани майдон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ давоми ду соли охир 2 миллион дона ниҳоли тут шинонда шуд. Аз ин ба баъд ҳар сол 1 миллион дона ниҳоли тут шинонда мешавад. Инчунин, дар паҳлуи ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар масоҳати 30 гектар парваришгоҳи замонавӣ барои ниҳолҳои интенсивии мевадиҳанда бунёд ёфт. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо нақшаи бунёди боғ, имкониятҳои технологӣ, таҷрибаи муосири боғдорӣ ва намунаи меваҳои дар оянда истеҳсолшаванда шинос шуданд. Ин ниҳолҳо аз Аврупо ворид гардида, баъди мутобиқгардонӣ ба иқлими Тоҷикистон, барои бунёди боғҳои интенсивии замонавӣ истифода мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи боғпарваронро ба таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ бо назардошти дигаргуншавии иқлим ва афзоиши истеҳсоли меваи босифати ба содирот нигарондашуда ҷалб намуданд.
Ниҳоли модарии себ, нок ва олу ба миқдори 300 ҳазор аз Италия ворид гашт. Парвариши онҳо мутобиқ ба талаботи технологӣ сурат гирифта, соли оянда аз ин дарахтҳо 1 миллиону 800 ҳазор ва солҳои баъдӣ то 2 миллион дона қаламча гирифта мешавад. Дар як гектар боғи интенсивӣ 3600 ниҳол шинонда мешавад ва обёрии он бо ду усул: қатрагӣ ва боронвор сурат мегирад. Ҳамчунин, ба ҳамин восита, ниҳолҳо бо пошидани маҳлулҳои махсус аз сардӣ ва ҳашарот ҳимоя хоҳанд шуд. Ҳосили ин боғҳо дар як мавсим то ба 65 тонна мерасад. Парвариш дар асоси таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои бонуфуз ба роҳ монда шудааст ва дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони истеҳсолот дар Тоҷикистон табодули таҷриба карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дастур доданд, ки бунёди боғҳои интенсивиро бо назардошти шароит ба роҳ монанд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки дар парваришгоҳи ҶСК “Пиллаи тоҷик” барои гузарондани таҷрибаҳои амалии донишҷӯёну олимон, аз худ кардани нозукиҳо ва ҳарчи бештар таҷрибаи пешқадами муосири боғдориро бо дарназардошти шароити кунунии иқлим васеъ ба роҳ мондан, шароит фароҳам оваранд. Дар ҳамин майдони васеъ парвариши тут ва пистаи маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Умуман, давоми чор соли охир аз ҷониби ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 4 миллион навниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонда шуд. Ҳоло 1 миллиону 200 ҳазор дона ниҳоли пистаи маҳаллӣ барои шинондан омода аст. 
Иҷрои супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ва ба фаъолият пардохтани ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар Рӯзи пойтахт ба таъсиси ҷойҳои нави кор, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ, рушди соҳаи саноат, эҳёи анъанаи неки абрешимбофии ниёгон ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мусоидат менамояд.  
 
 
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив