ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

ХАТЛОН.  ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

23 апрел 2024, Сешанбе
17
0
16-уми апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024 доир гардид.
 
Дар ҷаласа муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баромад намуда, гуфт, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар се моҳи соли 2024 ба 5 миллиарду 378 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 108,1 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ ба 20,2 баробар аст.
Нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 649,9 млн сомонӣ  ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 15,9 млн  сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 107,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 101 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 802,3 млн сомонӣ ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 102 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 547,8 млн  сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 11,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 764,4 млн  сомонӣ маблағгузорӣ  шуда, 691,6 млн сомонӣ ё ин ки 90,5 дарсади маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гаштааст.
Дар ин давра  гардиши мол ба 4 миллиарду 120,6 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм   949,9 млн сомонӣ зиёд ва гардиши савдои хориҷӣ 120,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм   24,2 млн доллар  зиёд мебошад.
Содироти мол ба 66,2 млн доллар расида, нисбат ба соли рафта  30 млн доллар зиёд мебошад. Воридоти мол ба вилоят 54,4 млн долларро ташкил додааст.
Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 млрд сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Тибқи натиҷаи мониторинги иҷро ҳамагӣ 159 лоиҳа ба маблағи 4,5 млрд сомонӣ иҷро гардидааст, ки аз ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда 54,2 дарсад мебошад. 
Кишоварзони вилоят дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 1 миллиарду 367 миллион сомонӣ расонданд, ки  нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2024 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 182737 гектар кишти зироатҳо гузаронда, иҷрои дурнамо 59,3 дарсад таъмин  шуд.  
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ба маблағи 2 миллиарду 539 миллиону 722 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 162,8 млн сомонӣ  зиёд аст. Дар ин муддат 16 корхона ва як коргоҳ бо 196 ҷойи кори  доимӣ  ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо ба маблағи  9,5 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Дар миқёси вилоят  450 километр роҳ ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ  шуд. Ҷиҳати иҷрои нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ, тибқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2762   биною иншоот  ба маблағи умумии 2,6 млрд сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 44,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо, ба вилояти Хатлон дар се моҳи соли равон  73605 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин  7203 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Дар ин давра варзишгарони вилоят дар 22 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 149 медали тилло, 122 медали нуқра, 181 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли рафта  13 медал зиёд мебошад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид баъд аз баромади Файзуллозода Заробиддин оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои саривақтии андоз, фаъолияти дурусти минтақаҳои озод, иҷрои саривақтии кишти пунбадона, картошка ва дигар зироатҳо, шинондани дарахтони ҳамешасабз дар шоҳроҳҳо, фаъол ва бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва, ба ин васила, таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, беҳтар намудани шароити омӯзгорон, ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят, пешгирии зиёдшавии ҳар гуна бемориҳо, пешгирии ғайриқонунии тақсимоти замин,  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар айёми иду маросимҳо ва, инчунин, оид ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва   дигар камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив