ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУНИ ТАНЗИМ  ДАР ЛАХШ  РИОЯ МЕГАРДАД      

ҚОНУНИ ТАНЗИМ  ДАР ЛАХШ  РИОЯ МЕГАРДАД      

23 апрел 2024, Сешанбе
8
0
Баҳри шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар  (9-уми марти соли 2024), дар  гӯшаву канори гуногуни мамлакат вохӯриву суҳбатҳои намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳо  доир шуда истодаанд. 
Дар мулоқоти навбатӣ бо ходимони дин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардумро даъват намуданд, ки  ҳангоми гузарондани ҷашну маросими миллӣ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва бо сарфаю сариштакорӣ сатҳи зиндагии хешро беҳтар созанд.  Боиси зикр аст, ки тайи солҳои ахир маҳз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим» дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мусоидат намуд. 
Чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Лахш низ аз ҷониби мақомоти дахлдор ба риояи талаботи ин Қонун диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар иртибот ба ин мавзуъ, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну  маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Саидкишвар Абдураҳмонов иброз дошт, ки айни ҳол дар ноҳия 11 комиссияи доимӣ ва 98 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Давоми соли 2024 дар ин самт аз рӯи моддаи 10 Қонуни мазкур чор қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, вайронкорон ба маблағи 11 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима шуданд. 
Саидкишвар Абдураҳмонов ба масъалаи зиёрати Каъбатуллоҳ  дахл намуда, гуфт, ки аксари сокинони ноҳия танҳо ба ҳаҷҷи фарзӣ мераванд. Қабл аз он ки, нафаре сафари ҳаҷ мекунад, намояндаи мақомот бо ӯ суҳбат карда, одоби маносики ҳаҷ ва риояи ҳатмии қонунгузории кишварро мефаҳмонад. Ҳамин аст, ки аз тарафи сокинони ноҳия  аз рӯи моддаи 12 қонуншиканӣ ба назар намерасад. 
Ахиран мудири бахши танзими анъана ва ҷашну  маросим таъкид сохт, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллатдӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба ниёкони пурифтихори хеш, пешгирии мардум, бахусус ҷавонон, аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сарфаю сариштакорӣ дар баргузории ҷашну маросими миллӣ ва амсоли инҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд. 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив