ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Кумакҳои башардӯстонаи   Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Қазоқистон  

Кумакҳои башардӯстонаи   Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Қазоқистон  

23 апрел 2024, Сешанбе
5
0
CentralAsia (KZ). Бино ба иттилои Агентии «Kazinform» аз Тоҷикистон 61 вагон кумаки башардӯстона барои осебдидагони сел ба вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуд. Ҳамчунин, Ӯзбекистон низ ба Қазоқистон 15 мошини боркаш ёрии башардӯстона   фиристодааст. 
Ба гуфтаи муовини ҳокими вилояти Туркистон Бейсенбай Тоҷибаев, ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон аз  масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ иборат аст. 
 
 
 
Шадидтарин обхезӣ  дар Чин 
Мир 24. Дар Чин шадидтарин обхезӣ дар 50 соли охир ба амал омад, ки дар натиҷаи он беш аз 83 ҳазор нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуда, зиёда аз 1000 мактабро бастанд. Тақрибан 1 миллиону 160 ҳазор хонавода бар асари туфон бе барқ монд.  Дар ҷануби кишвар боришоти шадид ва туфон мушоҳида мешаванд. Бар асари номусоидии боду ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ярч ба амал омада, дарёҳо аз соҳилҳои худ баромаданд.
Бино ба гузориши расонаҳои Чин, иртибот бо рустои Сзянвани музофоти Гуандун рӯзи 21-уми апрел бар асари обхезӣ қатъ гашта,  22-юми апрел қисман барқарор шудааст. 
Рӯзномаи «The Washington Post» хабар медиҳад, ки ин обхезӣ ба суботи иқтисодии Чин таҳдид мекунад, зеро музофоти зарардида яке аз сераҳолӣ ва бойтарин дар кишвар мебошад. Дар ин минтақа зиёда аз 127 миллион нафар зиндагӣ мекунад. 
 
 
Мулоқоти Владимир Путин бо Илҳом Алиев 
Мир 24. Владимир Путин, Президенти Россия, дар мулоқот бо Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон, ки бо сафари корӣ вориди Москва шудааст, изҳор дошт: «Муносибатҳои тиҷоратии Россия ва Озарбойҷон фаъолона инкишоф меёбанд. Мубодилоти мол миёни кишварҳо ба 4 миллиард доллари ИМА расида, сармоягузории Россия ба иқтисоди Озарбойҷон 6 миллиард долларро ташкил додааст».  
Илҳом Алиев гуфт, ки аз густариши равобити Боку ва Москва хушнуд аст. Ӯ хотиррасон кард, ки мамлакатҳо бештар аз ду сол боз дар доираи Декларатсияи ҳамкории иттифоқӣ, ҳуҷҷати асосии сиёсӣ, ки инкишофи прогрессивии муносибатҳои байни давлатҳоро дар оянда муайян менамояд, кор мекунанд. 
Президенти Озарбойҷон изҳори итминон намуд, ки мулоқот бо Путин ба густариши равобити Москва ва Боку такони нав хоҳад бахшид.
 
 
Пашинян: «Ереван ва Боку раванди амалии делимитатсияи сарҳадро оғоз карданд»
ТАСС. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар мусоҳиба бо хабарнигорони бритониёӣ гуфт, ки мо раванди амалии делимитатсияи марзи байни Арманистон ва Озарбойҷонро оғоз кардем, ки бениҳоят муҳим аст, аз ҷумла барои коҳиши хатарҳои амниятӣ.  
"Дар байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳоҷати кашидани марзҳои нав нест,  мо бояд сарҳадҳоеро, ки дар замони пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд доштанд, барқарор  созем", – афзуд Пашинян.
  
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив