ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

23 апрел 2024, Сешанбе
12
0
CentralAsia (TM). Ҳукумати Туркманистон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, тартиби бекоршавии ақди никоҳро мушкил гардонд. Масалан, акнун ин гуна парвандаҳо дар додгоҳ танҳо дар ҳузури ҳар ду ҳамсар баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, имкони бекор кардани ақди никоҳ бо шахси ғоиб, ҳатто, агар бедарак гум шуда бошад, ғайриимкон аст.  
 
Мир24. Россия ва Ӯзбекистон дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» дар бахшҳои нафту газ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ як қатор созишномаҳоро ба имзо расонданд. Намоишгоҳи мазкур имрӯз дар Тошкент кушода шуд.  
 
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко вилояти Архангелски Федератсияи Россияро шарики дерина ва боэътимоди кишвараш номид. Лукашенко ба губернатори вилояти Архангелск Александр Сибулский пешниҳод кард, ки ҳамкориҳоро дар чанд самт густариш бахшанд.  Соли гузашта гардиши мол бо ин минтақа 50 дарсад афзоиш ёфта, 85 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва ин ҳадди ниҳоӣ нест, мутмаин аст Александр Лукашенко. 
 
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив