ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ХАТСАЙРҲОИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ПОЙТАХТ МУАРРИФӢ ГАРДИДАНД

ДУШАНБЕ. ХАТСАЙРҲОИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ПОЙТАХТ МУАРРИФӢ ГАРДИДАНД

29 май 2024, Чоршанбе
34
0
 
24-уми май дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ, ки тавассути автобусҳои дуқабата амалӣ карда мешаванд, баргузор шуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву марказҳои савдо, воситаҳои ахбори омма ва блогерон иштирок карданд.
 
Масъулон хатсайрҳои нави сайёҳии дохилишаҳриро таҳти унвони «Сайри Душанбе» муаррифӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки хатсайрҳои нав бо ташаббуси МИҲД шаҳри Душанбе, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами татбиқи барномаҳои сайёҳӣ ифтитоҳ карда мешаванд.
Саёҳати пойтахт шомгоҳон ташкил шуда, сокинону меҳмонон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе шинос мешаванд. Роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин, имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Фаъолияти хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад. Сайри пойтахт, аввал, рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд, дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳар рӯз бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа – «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj», ҷалб гардидаанд.
Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе-Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе амалӣ карда мешавад.
 
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив