ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ. САНОАТ СОҲАИ ЗИНДАГИСОЗ ХОҲАД БУД

ХОРУҒ. САНОАТ СОҲАИ ЗИНДАГИСОЗ ХОҲАД БУД

04 июн 2024, Сешанбе
15
0
 
Дар маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб ва маҳсулоти ширӣ, тайёр намудани афшура ва доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши минтақаи  Кӯҳистони Бадахшон, коркарди меваи хушк  ва истеҳсоли мебел бомаром идома доранд. Иншоот дар  собиқ бинои заводи нон ҷой гирифта, сохтмончиён қисми зиёди корҳоро анҷом доданд.
Тавре Фирӯз Шаймуродов, роҳбари сохтмон иттилоъ дод, бунёди бинои маъмурии корхона моҳи апрели соли равон оғоз гардид. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум  қабулгоҳ, меҳмонхона ва мағоза барои фурӯши ҳасибу маҳсулоти ширӣ, афшураи меваву сабзавот  ва дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона  барои кормандон ҷой дода мешаванд. Дар  бунёди иншоот 15 сохтмончии маҳаллӣ ва, ҳамчунин,  аз шаҳри Душанбе саргарми кор буда, бо маоши хуб ва хӯроки гарм таъмин мебошанд. Лоиҳаи сохтмони корхона дар  ду марҳала амалӣ гардида, таҷҳизот барои он аз давлатҳои Аврупо ворид  мешавад. Бо ворид намудани технологияи муосир мутахассисони хориҷӣ таҷҳизотро васлу насб карда, ҳамчунин, коргарони маҳаллиро дар ҷойи кор ба омӯзиш фаро мегиранд.  
Муассиси корхона Рамеш Худоиев, соҳибкори муваффақи маҳаллӣ буда, бо таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ширкати “Неъматҳои Помир” ният дорад, аз ҳисоби гӯшти чорвои маҳаллӣ ва маҳсулоти ширкатҳои мурғпарварии ватанӣ дар корхона  истеҳсоли ҳасибро ба роҳ монад. Инчунин,  дар  корхона  маҳсулоти ширӣ низ истеҳсол  мешавад.  
Бо ҷалби  сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои бунёдӣ дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Кӯҳистони Бадахшон” низ идома доранд. Муассиси корхона Нигина Ватанбекова  ният дорад аз гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳаллӣ  истеҳсоли доруро ба роҳ монад.   Дар иншоот 50 фоизи корҳои бунёдӣ ба сомон расиданд. 
Дар сохтмони  корхонаи коркарди меваи хушк ва коркарди мебел низ корҳои бунёдӣ бомаром идома доранд. Тавре роҳбари ҶДММ “Насим” Насим Раҳматшоев иттилоъ дод, аллакай, 60 фоизи корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расиданд. Сохтмончиён ба тахту ҳамворкунии фарши корхона машғул мебошанд. Бо ба кор андохтани корхонаҳои мазкур беш аз 50 нафар сокини шаҳри Хоруғ ва деҳоти атрофи он бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Муассисон супориш гирифтанд, ки то моҳи августи соли равон бунёди корхонаҳоро анҷом дода, онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2024 №: 105
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив