ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 1000-УМИН ИСТИРОҲАТКУНАНД

1000-УМИН ИСТИРОҲАТКУНАНД

15 июл 2024, Душанбе
4
0
Соли 1976 дар Хонаи истироҳатии «Зумрад»-и шаҳри Исфара фароғат доштам. Як бегоҳ ба муносибати Соли нави 1977 ҳамаро ба клуб даъват карданд. Баранда баробари дигар чорабиниҳо ду тан – зану шавҳарро аз ноҳияи Шаҳритуз, ба саҳна хонда, эълон намуд, ки ин ҷуфт сафи истироҳаткунандагони Хонаи истироҳатиро ба ҳазор нафар расонд.
Субҳ хабар дар даст вориди идораи рӯзномаи «Коммунисти Исфара» гардидам. Хабарро хуш қабул карданд ва ман як нусхаи онро ба рӯзномаи рақами якуми ҷумҳурӣ «Тоҷикистони советӣ» фиристодам ва чопи ин нахустхабар маро то имрӯз бо ин модари ҷаридаҳои кишвар алоқаманд нигоҳ медорад.
Муҳаррирон, кормандони бисёри ин даргоҳи муқаддасро дар ёд дорам ва имрӯз ҳам (аз соли 1970) ҳар шумораи онро ҳатман мехонам, бастаҳои рӯзномаро ҳам дорам.
 
ХАБАРНИГОРОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ»  ДАР МАСТЧОҲ
 
Дар бойгониам рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», №100 (14031), ҷумъа, 28 апрели соли 1972, нархаш 2 тин, маҳфуз аст, ки маводи саҳифаи 2-юм таҳти рубрикаи «50-солагии СССР» бо сарлавҳаи «Буд он ҷое, ки хушкиву биёбон, Зи дасти марди деҳқон шуд гулистон» ба корномаи фотеҳони Дилварзин – мардуми меҳнатдӯсти Мастчоҳ бахшида шудааст. Имзо. А.Саъдуллоев, Ш. Ёдгорӣ.
Он ду нафарро хуб ёд дорам. Омаданд ба редаксияи рӯзномаи ноҳиявии «Машъал», бе ҳангомаю намояндаи «боло». Яке болобаланду мӯйсафед, худро мудири шуъбаи «Тоҷикистони советӣ» муаррифӣ кард, дигаре газгӯшту миёнақад, «ман котиби масъули газета» гуфт.
Муҳаррири «Машъал» зиндаёд Саидолим Акрамов муовинаш, рӯзноманигори хеле босалиқа Охун Сафарро муваззаф намуд, ки ба меҳмонон дар ҷамъоварии мавод ёрӣ расонад. Мо, рӯзноманигорони ҷавон, ба мухбирони махсуси рӯзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ бо ҳавас менигаристем. Чиро пурсон мешаванд, мусоҳибро аз куҷо мекобанд ё аз рӯйи маводи рӯзномаи ноҳиявӣ «гулчин» мекунанд…
Дар хотири ман ин ду абармарди журналистикаи тоҷик нақш баст. Бо гузашти солҳо яке сармуҳаррири ин рӯзнома шуд, яъне Шоҳмузаффар Ёдгорӣ. Дигаре доктори илм, профессор, муаллими рӯзноманигорон Асадулло Саъдуллоев буданд.
 
УСМОН ОЛИМ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «100 САТР АЗ ОДАМУ ОДАМГАРӢ»
 
Солҳои 70-ум, зери ҳамин ном дар як сутун дар бораи одаму одамигарӣ маводи маънавӣ чоп мешуд, ки озмуни бисёр овозадор буд. Мақолаҳои шахсиятҳои соҳибқалам ҷой дода мешуданд. Дар ин озмун шоир, рӯзноманигор, муҳаррири вақти рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» (имрӯз ҳам бо ҳамин ном бо теъдоди 1700 нусха чоп мешавад) Усмон Олим ғолиб баромаданд, ки барои ҷомеаи онвақтаи рӯзномаю матбааи ноҳиявӣ як хушхабари идона гардид.
 
МУЛЛО БОҚӢ ДАР ҲУЗУРИ ҒОИБ ҚАЛАНДАРОВ
 
Барои рӯзноманигорони ноҳияи Мастчоҳ боиси ифтихор буду ҳаст, ки дар бонуфузтарин рӯзномаи кишвар ҳамкасбони мо Мирзо Шукурзода ва Олимҷон Салимзода кор мекарданду чопи очерку фелетон ва мақолаҳои калон-калони журналисти дорандаи шаҳодатномаи №1, устоди зиндаёд Мулло Боқӣ моро барои навиштан таҳрик медоданд.
Устод дар як суҳбаташон нақл карданд, ки боре хостам ба муҳаррири «Тоҷикистони советӣ» Ғоиб Қаландарови маъруфу машҳур барои чопи маводҳоям арси сипос намоям. Маро марди босалобати пуррабадан истиқбол гирифт. Насабамро фаҳмида, ба рӯям синча карда, бе муқаддима, ба кор хонд, ба мудирии шуъба. Аз ин даъвати ногаҳонӣ як қад паридам. Ӯ, ки ҷавоби «ҳа»-ро интизор буд, аз «не»-гӯии ман ҳайрон монда, ба худ меандешид: «Чаро кадом як рӯзноманигори музофотӣ пешниҳоди муҳаррири «Тоҷикистони советӣ», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро қатъиян рад кард».
– Муаллим,– аз ҷоям нимхез шудам,–ман падари 10 фарзанд, имкони ба шаҳр бо онҳо ё бе онҳо омаданро надорам, мақолаҳоямро чоп кунед, басанда.
Ғоиб Назарович чизе нагуфт, ишора кард, ки: «Суҳбат боқӣ, хайр набошад». 
Ҳамин тавр, гонорарҳои устод Мулло Боқӣ аз «Тоҷикистони советӣ» мунтазам омадан мегирифтанд.
 
«МАСТЧОҲ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ДОРАД»
 
Зери ҳамин сарлавҳа мусоҳибаи банда бо собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ, имрӯз мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода дар сутуни аввали саҳифаи 3-юми «Ҷумҳурият» (№44, 18.04.2002) чоп шуда буд, ки он ҷо аз дурнамои ноҳия, аз ҷумла канданиҳои фоиданок сухан мерафт. Мавзуи ин суҳбат имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, ба он хотир, ки пешниҳодҳои дар он зикр гардида дар мавриди истифодаи канданиҳои зеризаминӣ имрӯз ҳам актуалианд.
 
ЯК ИШОРА
 
Ман устод Абдуқодири Раҳимро аз имзояшон мешиносам ва эҳтиром дорам. Ягона мудири шуъба, ки солҳои тулонӣ узви ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст. Самти маънавиёти рӯзномаро мақолаҳои таҳлилӣ, тезутунди ӯ хеле хотирмон инъикос мекунанд. Ду соли пеш, ду мақолаи А. Раҳим оид ба вазъи ҳузнангези китобхонаи олими намоёни тоҷик, мунаққиди соҳибмактаб устод Соҳиб Табаров дар зодгоҳаш – ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон чоп мешавад, аммо вокуниш нест, ки нест.
Чизи дигаре, ки ҷуръат карда ба хотири устодон расонданиам, ин аз саҳифаҳои «Ҷумҳурият» «гум» шудани жанрҳои лавҳа, очерк, фелетон, репортаж, тадқиқоти журналистӣ мебошад. Устодон Ибод Файзуллоев, Мутеулло Наҷмиддинов, Нур Табаров, Мусо Мавлавӣ, Ҳилолиён Аскар, Мирзо Шукурзода, Раҷаб Мардон, Ҳабибулло Ёров, Мақсуд Ҳусейн туфайли ҳамин жанрҳо обрӯю нуфузи «Тоҷикистони советӣ»-ро хеле боло бардошта буданд.
 
Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор, ноҳияи Мастчоҳ
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив