ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРМАНДОНИ ШОИСТАРО БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ НАМУДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРМАНДОНИ ШОИСТАРО БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ НАМУДАНД

30 август 2024, Ҷумъа
30
0
29-уми август дар Қасри миллат Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супурданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадр кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон, кишоварзон ва соҳибкоронро, ки барои рушди Ватани азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат давоми сиву се соли соҳибистиқлолӣ ва талошҳои мардум баҳри пешрафти соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёту сохтмон ва кишоварзӣ андеша ронда, бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарфарози мо дар оянда низ саъю талоши худро ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоишу оромии ҳар як хонадон дучанд хоҳанд кард.
Баъди суханронии Сарвари давлат гурӯҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, кормандони касбу кори гуногун бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ, саҳми кормандони дипломатӣ, аз ҷумла сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои олам дар роҳи таҳкиму густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷ таъкид сохтанд.
Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳо буд, ки имрӯз чор корманди дипломатӣ бо мукофотҳои давлатӣ мушарраф гашт.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ дар ин маросим бештар аз 200 нафар аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатӣ гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсия як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуданд: як нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, се кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, як нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, чор кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 18 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, се кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, ду нафар бо медали Шафқат, ҳафт нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, шаш нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр гардид.
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, ду нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мушарраф гашт. Тибқи қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024, як нафар барандаи ин ҷоизаи давлатӣ гардид.
Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳтар гардидани шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои зикршуда, то имрӯз ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии Ҳукумати кишвар мебошад. Ин навбат 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз шуд.
Ёдовар мешавем, ки 18-уми марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳавасманд гардондани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз шаванд.
Ин аст, ки дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2024-ум 15 нафар соҳиби ин Ҷоиза шуд.
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2024, ҳафт нафар барандагони ҷоиза гардиданд.
Мақсад аз сарфарозгардонӣ бо ҷоизаҳои зикршуда, татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандгардонии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти босамари эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили усули таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён нигаронда шудааст.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадр гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю  талоши  худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар равона месозанд.
 
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив