ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИ ДОНИШ ГАШТ ҲАР ГАНҶЕ КУШУДА

ЗИ ДОНИШ ГАШТ ҲАР ГАНҶЕ КУШУДА

20 сентябр 2024, Ҷумъа
2
0


(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Илму фарҳанг мафҳумҳое ҳастанд, ки қудрату бузургии давлату миллат бар он асос ёфтааст. Дар ҷомеае, ки ба илму фарҳанг таваҷҷуҳ карда мешавад, он ҷомеа дар сангинтарин мароҳили эҷоди хатарҳои ҷаҳони муосир метавонад аз худ пуштибонӣ намояд. Миллати бузурги тоҷик бо гузаштаи бою ғанӣ дар дидаи таърих ҳамчун миллати озодаву тамаддунофар шинохта шудааст ва ин асолати бузурги фарҳангии миллати тоҷик бо ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ боз ҳам мафҳуми васеътареро касб кард. Яъне, истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик мисоли шуълаи офтобе буд, ки дар ҳамаи самтҳо рӯшанияш мӯҷиби ҳосилу самараи хоси эҳёи замони нави давлатдории тоҷикон гардид. Дар таҳким бахшидани руҳи миллии давлати соҳибистиқлоли тоҷик роҳу равишҳои наве барои тавсеа додани муносибатҳои фарҳангӣ имконпазир гардид, ки, албатта, саҳми олимону донишмандон ва аҳли маорифи кишвар дар он назаррас буд. Махсусан, вохӯрии навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва аҳли зиёи кишвар аз мавҷудият ва ташаккули давлати миллӣ дарак дода, қадами устуворе дар таҳким бахшидани асолати фарҳангии мо арзёбӣ мегардад. 
Аз рӯйи мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон бисёр ҷавонону наврасоне ҳастанд, ки қобилияти хуби фитрӣ доранд ва метавонанд бо донишу малака дар пеш бурдани соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа нақши худро гузоранд. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёди чунин ҷавонон, бинобар сабаби вазъи номусоиди рӯзгор, донишу малакаи худро қурбони ба даст овардани рӯзӣ намуда, хонданро дар ҷойи дувум мегузоранд. Масъулони соҳа бояд чунин ҷавононро кашф карда, аз онҳо мутахассисони баландихтисосу  ҷавобгӯ ба меъёрҳои илми ҷаҳони муосирро тарбия намоянд, ки, махсусан Президенти мамлакат, ба он ишора намуданд. Ба ин гуна ҷавонон аз ҳар ҷиҳат имтиёз дода шавад ва зери назари сохторҳо ва муассисаҳои корфармо ё манфиатдор ҷараёни таҳсилоти онҳо ба роҳ монда шавад ва бигзор аз онҳо беҳтарин мутахассисон тарбия ёбанд. Бо ин давлат қудрати зеҳнии хешро меафзояд ва мутахассиси кордону бо донишҳои нави ҷаҳонӣ ҷавобгӯро барои татбиқи лоиҳаҳои ватанӣ омода месозад. Чунки ҳамон гунае болотар ишора намудем, ҷавононе ҳастанд, ки бо вуҷуди доштани истеъдоди фитрӣ  дар ҳар касбу коре, шароити таҳсил карданро дар макотиби олӣ надоранд ва таъкиди Пешвои миллат: “Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ, аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад” аз ин нукта дарак медиҳад.
Ҷавононе, ки  донишу малака ва қобилияти фитрии ҳар кореро дар ҷомеа дошта бошанд, хеле зиёданд. Агар чунин ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат кашф карда шаванду минбаъд зери таваҷҷуҳ қарор гиранд, бо бовари том метавон гуфт, ки аз онҳо мутахассисони кордони соҳа барои рушди устувори ҷомеаи тоҷик тарбия хоҳанд ёфт. Чунин муносибат, ҳатто дар сатҳу сифати таҳсилот низ метавонист таъсири мусбат расонад ва минбаъд рушду равнақи илми тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо аз ҳисоби мутахассисони асил ба роҳ монда мешуд. Ҳамин тавр, мо метавонем дар замонасозии илм гоми устувор гузорем. Баъд аз ин, мо метавонем дар амалӣ намудани ҳадафи олии Пешвои миллат камари ҳиммат баста, таъкиди ӯро дар мавриди алоқаманд намудани фаъолияти паркҳои технологӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ  татбиқ намоем. 
Роҳи илм саҳлу осон нест ва на ҳар кас дар ин мазраъ хӯшаи умед ба даст оварда метавонад. Шебу фарозҳои роҳи илм таҳаммулу истодагариро мехоҳад, то ниҳоле сабзаду ҳосили ширин диҳад, аммо ҳеҷ заҳмат дар ин ҷода беподош намемонад ва барои нафаре, ки ба касбу ихтисоси худаш садоқат меварзад, сарфи назар аз ҳамаи ранҷу заҳматҳои ин роҳи пурпечутоб, лаззати маънавии онро бештар мечашад. Чунки илм инсонро ба мазҳари худшиносӣ мебарад, то ҳадде ки, дар деги муҳаббат ҷӯш бизанад ва ҳамеша дунболи идеяву ихтирооти нав бошад. Аз ин рӯ, илм қурбониву азхудгузаштанҳоро мехоҳад. 
 Майдони илм фарох аст ва ҳар нафаре аз диду зовияи хеш онро менигарад ва баҳо медиҳад. Мо ҳамон вақт илми тоҷикро пеш мебарем, ки ваҳдату ягонагиро мароми хеш қарор диҳем ва зеҳнамон ҳамеша андармони ободии Тоҷикистони азиз бошад.

Гулрухсор НОЗИМОВА,
дотсенти кафедраи таърихи 
адабиёти тоҷик

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив