ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ХОВАРОН». МУШКИЛОТИ МАРДУМИ МАҲАЛЛА КАЙ ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАНД?

«ХОВАРОН». МУШКИЛОТИ МАРДУМИ МАҲАЛЛА КАЙ ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАНД?

26 апрел 2023, Чоршанбе
44
0

 

Соли гузашта бо назардошти шикояти сокинони минтақаҳои 13, 14 ва 15-и маҳаллаи «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинобар сабаби мувоҷеҳ будан ба мушкилиҳои мавҷудаи маҳали зисташон дар рӯзнома матлабе омода ва ба нашр расонда будем. Ин ҳам бошад, масъалаи норасоии оби нӯшоӣ ва хизматрасонии ғайриқаноатбахши нақлиёти мусофиркаш дар ин масир мебошад, ки боиси нигаронии мардуми минтақаҳои зикршуда гаштааст. 

Тавре зикр шуда буд, сокинони ин минтақаҳо соли 2013 соҳиби замини наздиҳавлигӣ гашта, тули ин солҳо манзили истиқоматӣ бунёд кардаанд. Вале то ҳол мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла таъминот бо оби нӯшоӣ, дар минтақаҳои 13 ва 14-ум ва ба талабот ҷавобгӯ набудан ва сари вақт хизматрасонӣ накардани нақлиёти мусофиркаши минтақаҳои 13, 14 ва 15-уми маҳаллаи «Ховарон» ҳал нагардида, пешорӯи онҳо боқӣ мондааст. Вобаста ба арзу шикояти сокинон ва ҳолати воқеӣ, инчунин, рафъи онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда масъулони дахлдор низ, андешаҳои худро иброз дошта буданд. Азбаски дар ин муддат аз ҷониби ташкилотҳои мутасаддӣ дар минтақаи мазкур ҷиҳати рафъи масъалаҳои зикршуда ягон тадбир андешида нашудааст, сокинони минтақа боз ба идораи рӯзнома арз намуданд, то ки ин масъаларо бори дигар пайгирӣ намоем. 
Бино ба гуфтаи Н. Раҳимов, сокини маҳаллаи 13-ум, мушкили беобӣ сокинони ин минтақаҳоро тули ин солҳо ба ташвиш овардааст. Инак, мавсими гармо фаро мерасаду эҳтиёҷи ҳам сокинон, ҳам заминҳои обчакории онҳо, инчунин, гулу ниҳолҳо ба об меафзояд. Барои таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ дар минтақаи 13-ум обанбор сохта шудааст. Обе, ки саҳару бегоҳ аз обанбор тахминан муддати як-яку ним соат ба истиқоматкунандагон медиҳанд, фишор надорад, зеро оби обанбор кам аст. Обанбори минтақа гарчанде дар баландӣ ҷойгир шуда бошад ҳам, лекин аввал лӯлаҳои хонаҳои дар поёнбуда аз об пур мешаванд ва баъдан, об ба хонаҳои дар болобуда ҳаракат мекунад, аммо то ҳавлиҳои охир рафта намерасад. Сокинон бо маблағи гарон об мехаранд, ки на ҳама ба он дастрасӣ доранд.
Ҳамчунин, мушкили дигари ҳалталаб ба талабот ҷавобгӯ набудан ва сари вақт хизматрасонӣ накардани нақлиёти мусофиркаш дар ин масир мебошад, ки боиси сарсонии мардуми ин маҳаллаҳо гаштааст. Ба гуфтаи истиқоматкунандагон, дар ин самт микроавтобуси мусофиркаши хатсайри рақами 35 ҳаракат мекунад, лекин ин микроавтобусҳо субҳгоҳӣ чанд адад ба шумор пайдо мешаванду баъдан зуд ғайб мезананд. 
Р. Гадоев, сокини дигари ин минтақа изҳор дошт, ки мо ва фарзандонамон аксаран дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва корхонаю ташкилотҳои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе кору фаъолият ва таҳсил мекунем. Мушкили асосии мо то роҳи калон, ки 2,5-3 километр масофа дорад, баромадан ва сари вақт ба маркази шаҳр рафтан аст. Азбаски нақлиёти хатсайри рақами 35 доимӣ ҳаракат намекунад, мо маҷбур мешавем, ки барои равуо ҳамарӯза аз таксиҳои 4-5-сомонаи роҳ истифода барем. Албатта, на ҳар кас имкони аз ин таксиҳо ҳамарӯза истифода бурданро дорад. 
– Айни ҳол автобуси рақами 37 аз километри 7-ум (яъне, заводи хишт) то ҳудуди минтақаи 13-ум (шафати заводи хишт) ҳаракат мекунад. Мо пешниҳод дорем, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи ин масъала масофаи хатсайри микроавтобуси рақами 15 ва автобуси рақами 15 то ҳудуди минтақаи 13-ум (то заводи хишт) дароз карда шавад ва ҳаракати автобусҳои мусофиркаши рақами 37 ва 15 доимӣ ва ба таври ҳалқавӣ ба роҳ монда шавад. Зеро, бо ин восита мушкилоти на танҳо сокинони минтақаҳои 13, 14 ва 15, балки тамоми маҳаллаи «Ховарон»-и шаҳри Душанбе ҳал мегардад, – иброз дошт Н. Раҳимов.
– Мо, сокинони ин минтақаҳо борҳо хаттию шифоҳӣ доир ба мушкилоти мавҷуда ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, вале ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пешниҳоди чандинкаратаи моро мавриди баррасӣ қарор дода, масъулон мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд. Аз ин хотир, гуфтанием, ки ҳаракати ин хатсайрро масъулони дахлдор таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то ки онҳо аз рӯи реҷаи муайян, аз субҳ то бегоҳ ба мардум хидмат расонанд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва иқдомҳои наҷибу дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як гӯшаю канори Ватани азизамон, хоса пойтахти он – шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз чун гул мешукуфад. Мо низ талош дорем, ки иқдомҳои наҷибу дурандешонаи шаҳрдориро ҳамеша дастгирӣ намуда, дар ободу зебо гардондани Ватани азизамон саҳми худро гузорем, – гуфт нафақахӯр, сокини минтақаи 13-ум, Рустам Табаров.
Чунонки аз суҳбат бо шаҳрвандони ин минтақаҳо бори дигар аён гашт, масъалаи мазкур тули ин солҳо роҳи ҳалли худро наёфтаву муроҷиати чандкаратаи сокинони он беҷавоб мондааст. Азбаски минтақаҳои 13, 14 ва 15-уми маҳаллаи «Ховарон» дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгиранд, мебоист роҳбарони ниҳодҳои дахлдори ноҳия тули ин солҳо мушкили мавҷударо мавриди баррасӣ қарор медоданд. Лекин аз ҷониби онҳо дар ин самт ягон тадбир андешида нашудааст. Бинобар ин, онҳо бо ҳамин мазмун ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд. Имрӯз танҳо ба он умед доранд, ки пешниҳодҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, мушкилоти мардум роҳи ҳалли худро меёбанд. 

Матлуба ШАРИФОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.04.2023 №: 86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив