ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРО  БА САНГҲОИ ОРОИШИИ МАҲАЛЛӢ  ТАВАҶҶУҲ  КАМ АСТ?

ЧАРО  БА САНГҲОИ ОРОИШИИ МАҲАЛЛӢ  ТАВАҶҶУҲ  КАМ АСТ?

25 май 2023, Панҷшанбе
25
0
 
Солҳои охир ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ  мавриди истифода қарор гирифтани канданиҳои фоиданоки зеризаминии кишвар ҷиҳати рушди иқтисодӣ вусъати тоза пайдо карда,  ба равнақи соҳибкории маҳаллӣ дар ин самт  низ, заминаи боэътимод  муҳайё мешавад.  Ҳоло дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, бо ширкати сармоягузорони хориҷӣ чандин корхонаҳои муштарак ба монанди  Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, Тоҷикистон Чин “Зарафшон”,  “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ва боз чанде дигар оид ба истихроҷ ва коркарди маъдан  машғуланд ва ҳамоно таваҷҷуҳи хориҷиён ба  канданиҳои фоиданоки зеризаминии кишвари мо зиёд аст.
Бешубҳа, бо назардошти диёри кӯҳистон буданамон яке аз боигариҳои дигари фаровонамон  ин  сангҳои гуногуни ороишист, ки истифодаи он имрӯз дар ҳама самтҳои соҳаи сохтмонии мамолики ҷаҳон  роҳандозӣ мешавад.  Албатта, феълан дар ҷумҳурии  мо, ки ҳоло ҷараёни сохтмон ба авҷи аълояш мерасаду  дар шаҳру навоҳии мамлакат иншоотҳои гуногун,  роҳравҳои зебову гулгаштҳо бунёд мешаванд, ҷиҳати ороиши онҳо  бинокорон ба таври фаровон  аз ин сангҳо истифода мебаранд ва мебинем, ки воқеан ҳам,  биноҳо бо ин сангҳо ба худ як намуди ҷолибу шукӯҳ пайдо мекунанд. Аз ин хотир, ҳоло дар бозори кишвар ин сангҳои ороишӣ  хуб ба фурӯш мераванд.     
Аммо мушоҳидаю таҳлилҳои вақтҳои охир бозгӯйи онанд, ки  сарфи назар аз захоири бузурги он дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат, ҳамоно воридоти он аз давлатҳои хориҷӣ: Ӯзбекистон, Ҳиндустон  ва  Россия сол ба сол меафзояд. Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии хеш дар иртибот  ба бисёр омилҳои ба рушди иқтисодии кишвар мусоидаткунанда, аз ҷумла ба коркарди сангҳои ороишии маҳаллӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки танҳо  дар солҳои 2021-2022 ба кишвар ба маблағи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ  сангҳои ороишӣ ворид шуда, фақат  хароҷоти интиқоли он зиёда аз 2 миллион долларро ташкил медиҳанд ва таъкид сохтанд, ин дар ҳолест, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хеле захираи  ғании сангҳои ороишӣ-бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро, варақсанги вулқонӣ (туфовий камен) ва  оҳаксангҳо фаровонанду талабот ба онҳо чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ  раванди  зиёдшавӣ дорад.   Сарвари давлат дар ҷараёни ироаи Паём таъкид карданд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот вазифадор карда шаванд, то ки дар ояндаи наздик истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард намудани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳо ба хориҷи кишварро  ба роҳ монанд.
Дар вилояти Суғд,  бино ба маълумоти геологӣ, чунин сангҳои ороишӣ, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент,  Ашт, Шаҳристон,  Деваштич, дар  маҳаллаи 27-и наздикӯҳии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шуда, ин мавзеъҳо ҳанӯз солҳои 60-70-уми замони шуравӣ муайян шуда, захираи бузургро дороанд, ки  ҳам ба худи кишвар ва содироти он басанда мебошад.
Ба андешаи соҳибкор Иноғбек Бобоев, сарвари Корхонаи “Мармари Саразм”-и Панҷакент  яке аз сабабҳои асосии ба таври васеъ рӯ наовардани соҳибкорони маҳаллӣ ба истихроҷу коркарди чунин сангҳои ороишӣ, ин  аз лиҳози мушкилии молиявӣ мебошад, зеро  соҳибкорӣ дар ин самт  хароҷоти зиёдро тақозо дорад.
– Аз ин рӯ,  хело хуб мешуд, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти аҳамияти  муассири  ривоҷу равнақи соҳаи мазкур дар иқтисодиёти кишвар, ба соҳибкорони маҳаллӣ дар гирифтани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ мусоидат намояд, – мегӯяд соҳибкор Иноғбек Бобоев, – зеро дар мавзеи наздик ба Ҷамоати деҳоти Фороб захираи хеле зиёди сангҳои мармари сафеду сурх ва  дигар сангҳои ороишӣ  маҳфузанд.  Ин иқдом миёни соҳибкорон  ҳавасмандиеро  ба миён меоварду таконе мегашт ба рушди соҳа ва  ё Ҳукумат дар масъалаи боҷи гумрукӣ ҳини ворид кардани дастгоҳҳои замонавии  коркарди санг сабукиҳои бештаре медод.
Миёни коргоҳҳое, ки дар вилояти Суғд  бо сангҳои ороишӣ сару кор доранду бештар муваффақ мебошанд,  ин ҶДММ  “Хорои Хуҷанд” аст, ки ба он Абдулҳақ Бобоҷонов сарварӣ дорад.
 – Ба оғози фаъолияти мо дар  самти коркарди сангҳои ороишӣ  бист сол пур   мешавад, –  мегӯяд Абдулҳақ Бобоҷонов, –  хушбахтона, марҳила ба марҳила дар ин ҷо пеш меравем ва ҳоло дар як сол зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ  маҳсулоти зарурии бинокорӣ истеҳсол мекунем.  Дар ин муддат, албатта, муштариёни доимии худро  пайдо намудаем. Ашёи хомро мо, асосан, аз мавзеи Ровакони ноҳияи Ашт дастрас мекунем. Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ  барҳақ таъкид карданд, ки дар маҳалҳо ба рушди ин соҳаи фоиданок ба иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.  Имрӯз эътироф бояд кард, ки  соҳаи коркарди сангҳои ороишӣ дар кишвари мо нисбатан  ҷавон асту мо ҳоло ба  маҳсулоти воридотии хориҷӣ ба таври бояду шояд рақобат намуда наметавонем. Ин соҳа дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  хеле пеш рафта, дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ва берун аз он бозорҳои худро дорад. Эътимод дорам, ки баъди дастурҳои Сарвари давлат вазъият  дар ин самт беҳбудӣ хоҳад ёфту фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ  муассир мешавад. Баъдан, хуб мешуд ҷиҳати боз ҳам равнақ пайдо кардани  ин намуди соҳибкорӣ дар  мамлакат мутахассисони геологияи  ҷумҳурӣ бо ёфтани конҳои нави босифат мусоидат менамуданд.  Мо дар оянда тасмим дорем,  дар назди он мавзеъҳое, ки чунин сангҳои ороишӣ  мавҷуданд,  дар навоҳии Ашт, Деваштич ва Шаҳристон  коргоҳҳои марҳилаи аввалия бо таъсиси 10-20 ҷойи кориро ба роҳ монем. 
Мутахассисони  ҶДММ “Элегант”-и шаҳри Бӯстон  дар 10-15 соли охир  коркарди варақсанги вулқониро ба роҳ мондаанд, ки дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ харидорони худро доранд. Ин ашёи хом бо захираи хеле зиёд дар мавзеи Дӯлонаи ноҳияи Ашт  мавҷуд мебошад. Маҳсулоти ин корхона дар ороиши ҳама намуди иншоотҳо ба таври фаровон истифода шуда,  ба шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи  кишвари ҳамсоя низ, содирот мешавад.
– Роҳи таконбахши соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ ва амалишавии супоришҳои Президенти мамлакат, ин ҷалби сармоягузории   хориҷиву ватанист, –  иброз медорад Қаҳрамон Умаров, сармуҳандиси ҶДММ “Элегант”. Соҳаи мазкур метавонад дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, ба таъсисёбии садҳо ҷойи нави кор ва зиёда аз ин, бо содироти хориҷии маҳсулот ба вориди асъори хориҷӣ мусоидат намояд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив