ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

26 май 2023, Ҷумъа
55
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «ТАХТИ  САНГИН»
(Бо  қарори  ЮНЕСКО  имсол  2500-солагии  ёдгории  таърихии  «Тахти  сангин»   ҷашн  гирифта мешавад)
1. Ноҳияе, ки ёдгории «Тахти  сангин» ба он тааллуқ дорад. 2. Ашёе, ки аз «Тахти  сангин» ёфт шудааст. 3. Ганҷинаи бузург, хазинаи ***. 4. Қаҳрамони асари устод  Садриддин Айнӣ. 5. Навъи санъат. 6. Ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ (асри 8)  дар  Самарқанд. 7. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 8. Сухани пеш аз марг. 9. Металли  қиматбаҳое, ки аз «Тахти сангин» ёфт шудааст. 10. Маъбади бузурги «Тахти  сангин». 11. Ноҳия дар Тоҷикистон, ки номи қаҳрамони халқиро  дорад.12. Хеле  камёфт. 13. Ба манзил мерасонад. 14. Амали  ковишҳои археологӣ. 15. Ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди  Шуравӣ. 16. Шаҳр дар Тоҷикистон. 17. *** - и Кабир, шоҳаншоҳ. 18. Сулолаи  подшоҳӣ дар асри 18-и Осиёи Миёна. 19. Яке аз муқаддасоти миллӣ. 20. Давраи неолит 21. Миллат. 22. Шаҳр дар Тоҷикистон. 23. Маркази давлати Сомониён . 24. Устухони филро гӯянд. 25. «Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ***». 26. Неъмати моддӣ, ки дар  нишони  миллӣ акс ёфтааст. 27. Муродифи кишвар, давлат. 28. Ҳаммаънои муассиса, корхона. 29. Қаторкӯҳ дар соҳили рӯди Ому, ки «Тахти сангин» дар наздикии  он  ҷойгир аст.  30. Ашёе, ки зимни   ковишҳои  археологӣ  аз «Тахти сангин» ёфт  шудааст. 31. Андози  давраи  амирӣ. 32. Фанни хониш. 33. Қаҳрамони филми «Рустам ва Суҳроб». 34. Кӯҳ дар Эрон. 35. Факт, санад. 36. Роҳбари экспедитсияи бостоншиносӣ доир ба кашфи «Тахти сангин». 37. Унсури кимиёвӣ. 38. Асъори хурди миллӣ. 39. Шахси ба дил наздик. 40. *** Ҳодизода, муҳаққиқ  ва  адиби тоҷик. 41. Шаҳре, ки  дар осорхонаи он зери унвони «Дафинаи Амударё» ашёҳои «Тахти сангин» ба намоиш гузошта шудаанд. 42. Нафисӣ, тозагӣ. 43. Асари Б. Ғафуров. 44. Шаҳр дар  Ӯзбекистон. 45. Романи П. Лукнитский. 46. Шахси саросемаро гӯянд. 47. Номи собиқи шаҳри Турсунзода. 48. Персонажи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. 49. Шаҳр дар Арабистони Саудӣ. 50. Шакли ҷамъи вожаи мулк. 51. Махзани дониш. 52. Асари Саъдӣ. 53. Фатҳ, кушоиш. 54. Тиру ***. 55. Пойтахти давлате, ки дар озмоишгоҳи он тиллои  ёфтшуда  аз «Тахти сангин» санҷида шудааст. 56. Тамғаи мошини сабукрави хориҷӣ. 57. Кумак, ёрӣ. 58. Асбоби мусиқии зарбӣ дар «Шоҳнома». 59. Муаллифи достони «Мардистон». 60. Аломати  математикӣ. 61. Муродифи саҳар. 62. Иҷрогари нақши Эдип аз спектакли «Эдип». 63. Ҷонишини шахси якуми шумораи танҳо. 64. *** Шанбезода, шоири тоҷик. 65. «Роҳе, ки бе *** аст, душвор менамояд».                 

Мураттиб Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ, сокини шаҳри Душанбе
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ЧАНД ХӮША  АЗ ЯК ГӮША
• Одамонро дӯст доштану одамдӯст будан ду чизи аз ҳам фарқкунанда мебошад. 
• Романи хуб аз каҳрамон роз мегӯяд, романи бад аз муаллиф. 
• Бадӣ чун беморӣ дуздонаву пинҳон меояд, хубӣ монанди пизишк ошкору аён. 
• Оне ки ҳама чизро мехоҳад, чизе намехоҳад. 
• Барои он мо баъзан роҳи ҳалли мушкилотро намеёбем, ки худи мушкилро намебинем. 
• Девона онест, ки ҷуз ақл ҳамаро аз даст додааст.

Таҳияи Кароматулло АТО



ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
МАРЯМБОНУИ ТОҶИК БАРАНДАИ ГРАН-ПРИИ  “ШОҲБОНУИ МОСКВА-2023” ШУД
Марям Шараповаи 38-сола дар озмуни “Шоҳбонуи Москва-2023”, ки дар миёнаҳои моҳи май баргузор шуд, сазовори Гран-Прии озмун гашт. Зебосанами тоҷик соҳиби 1 миллион рубл гардида, як қисми онро хайр кард. 
Ӯ 12 сол пеш, яъне соли 2011 ба Россия рафт, чанд сол ба ҳайси тарҷумон кор карда, ба шаҳрҳои гуногуни ин кишвар сафар намудааст. Марям дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи табиб ва дӯзанда ба дунё омадааст. Маҳз модараш ба Марям зебоипарастиро талқин карда, дӯхтани либосро меомӯзонад. 

Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ


РЕКОРДИ НАВ
ПРОФЕССОР ДИТУРИ БАЪД АЗ 74 РӮЗ АЗ ҚАЪРИ УҚЁНУС БЕРУН ОМАД
Профессори Донишгоҳи Флоридаи ҷанубӣ Ҷозеф Дитури рекорди нави ҷаҳониро доир ба зиндагӣ дар зери об гузошт. Ӯ дар капсулаи махсус 74 рӯз дар қаъри уқёнус ба сар бурд ва аксуламали организмашро дар  шароити нав таҷриба кард. 
Аҷиб ин аст, ки рекорди пешинаро низ дар ҳамин ҷо гузошта буданд, вале нишондоди он 73 соату 34 дақиқаро ташкил дод. Ҳоло Дитури мехоҳад, ин нишондодро ба 100 рӯз бирасонад ва рекорди нав гузорад, зеро профессор ба хулосае омадааст, ки зиндагӣ дар қаъри об аксари бемориҳоро пешгирӣ ва табобат ҳам менамояд. Ба ақидаи ӯ, дар ҳолати таҳти фишори баланд қарор доштан, ҳуҷайраҳои организм бузургтар шуда, фаъолияташон бештар мегардад. 

Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Аз ЛУҚМА то луқма
Аз қазо олигарх, депутат, як коргари одӣ ва як муҳоҷир дар ҳавлие меҳмон мешаванду кампираки соҳибхона дар табақе 15 самбуса меорад. Олигарх даҳ самбусаро бо як нафас фурӯ мебарад. Депутат бошад, аз панҷтои мондагӣ чортоашро нӯши ҷон карда, ба коргари ҳамватанаш мегӯяд: «Эҳтиёт кун, ҳамин муҳоҷир луқмаи туро гирифтан мехоҳад». 

Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


СУХАНОНИ  КӮТОҲ
Дар афтодану бархостан ҳам ҳикматҳост, аммо то наафтиву барнахезӣ, даркаш натвонӣ кард.
* * *
Бархе аз дунё вафоро хосторанд, дар ҳоле, ки барои худ бевафоиро шиор намудаанд.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ


МОЛИ ДУЗДӢ ЗАҲРИ ҶОН АСТ Ё ЯК ҲИКМАТИ ТАРБИЯВӢ
ДАР РАФТОРИ ПАДАР
Марде танҳо як писар дошт. Вақте фарзанд ба камол расид, дар бораи интихоби касб аз ӯ маслиҳат пурсид:
– Интихоби касб ба шавқу завқи худат вобаста аст, – гуфт падар.
– Беҳтарин касб ба назари ман, дуздист, падарҷон. 
– Хуб, рав гӯсфанди ҳамсояро бидузд. 
Писар гӯсфанди ҳамсояро дуздид. Падараш худро хурсанд вонамуд кард.
– Офарин, писарам! Кори хуб кардӣ. Акнун ҳар ду аз хона набаромада, роҳат гӯштхӯрӣ мекунем. 
Баъд аз як ҳафтаи “зиёфат” бо маслиҳати падар ҳар ду худро дар тарозу баркашиданд. Падар се кило вазнин шуда буду писар се кило сабук. Падар ҳайрати фарзандашро дида, гуфт: “Эй нодон, ман пули гӯсфанди дуздидаатро ҳамон рӯз ба ҳамсоя додаву бахшиш пурсида будам. Аз ин рӯ, гӯштро бе ғам хӯрдаму фарбеҳ шудам. Ту як ҳафта ташвиш доштиву ба ҷойи гӯшт ғусса хӯрда, лоғар шудӣ. Барои ҳамин касби ҳалолро интихоб кун, то дар ҳар ду дунё баракат биёбӣ!”.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


АЗ ОЛАМИ МӮД
“FENDI”
Ин ширкат, соли 1918 аз ҷониби Адел Касагранде дар Руми Виа Дел Плебизио таъсис ёфтааст. Соли 1925 Адел бо Эдуардо Фенди издивоҷ кард. Онҳо тасмим гирифтанд, ки номи ширкатро ба Фенди иваз кунанд. Аввалин коллексияҳои Фендиро Карл дар соли 1966 муаррифӣ кард. Соли 1962 Карл Лагерфелд тарроҳи хонаи мӯд шуд ва логотипи машҳур: ду F-ро, ки яке аз онҳо чаппа ҷойгир шудааст, офарид. Ба шарофати Лагерфелд, ҳама ашёи Ширкати “Fendi” рангин шуданд. Директори “Fendi”, соли 1997 сумкаи классикии “Baguette”-ро баровард, ки ба одамони машҳур, монанди Ҷулия Робертс, Наоми Кэмпбелл, Мадонна ва Гвинет Пэлтроу писанд омад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА



САНЪАТИ МЕЪМОРӢ
РОҲИ МОШИНГАРД ДАР МОБАЙНИ БИНО
Дар маркази шаҳри Токио як корхонаи баландошёнае мавҷуд аст, ки дар мобайни ошёнаҳои 5 ва 7-уми он роҳи мошингард сохта шудааст. Бино шакли симинро дошта, аз оҳану бетон бунёд гаштааст. 
Роҳи мошингард бошад, ҳамчун пул бо дарозии 30 метр насб гардида, ҳангоми гузаштани мошинҳо садои онҳо ба кормандони бино халал намерасонанд.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА


ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Пиряхҳои сатҳи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияту мавқеи ҷойгиршавиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: пиряхҳои кӯҳӣ ва рӯизаминӣ. Пиряхҳои рӯизаминӣ дар минтақаҳои қутбӣ паҳн гардида, то 300 километр дарозӣ ва 600-700 метр баландӣ доранд.
Пиряхҳои кӯҳӣ дар навбати худ дар минтақаҳои баландкӯҳ, дар қуллаҳо, хамиҳо ва водиҳои кӯҳӣ аз якдигар ҷудо хобидаанд. Шакл ва андозаашон гуногун буда, аксар вақт дар ҳаракатанд. Лағшиши ин намуд пиряхҳо дар як шабонарӯз аз 20 то 80 сантиметр аст. 
Таҳияи 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК



ДУ БАЙТ
Доғ будан дар хумори матлаби ноёб чанд?
Пухта натвон кард з-оташ орзуи хомро.
* * *
Чу бо ман ёр будӣ, нур будӣ,
Буридӣ аз ману нури ту нор аст.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ 



ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
ХАЛДЕН
ЗИНДОНИ БЕЗАВЛОНА
Зиндони Халден соли 2010 дар Норвегия сохта шуда, бо низоми фаъолият ва шароитҳои вижааш овозадор аст. Дар он меъёри муносибат бо маҳбусон фарқкунанда буда, посбонон силоҳ надоранд ва аз завлона истифода намебаранд. Маҳбас дорои студияи овоз ва граффити рассомӣ буда, барои меҳмондории наздикони зиндониён шароит фароҳам аст. Дар ин муассисаи ислоҳӣ ба зиндониён пухтупаз омӯзонда мешавад. Масоҳаташ 30 гектарро ташкил дода, дар он, асосан, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муҷримони саркаш аз андоз ва қотилону таҷовузкорон адои ҷазо мекунанд.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ 


СУН МИН МИНГ    
БАСКЕТБОЛБОЗЕ БО ҚАДИ 2 МЕТРУ 36 САНТИМЕТР
Барои ҳар як намуди варзиш касоне лозиманд, ки қобилияти фавқулода доранд. Масалан, дар футбол бозигар бояд маҳорати хуби давидан, ҳарифро фиреб додан ва зарбаи хубу дақиқ заданро дошта бошад. Аммо дар баскетбол дар баробари чусту чолокӣ қади баланд яке аз омилҳои асосии муваффақият аст.
Сун Мин Минг (23 августи 1983, Баян, Чин), аз зумраи маъруфтаринҳои дунёст, ки 2 метру 36 сантиметр қад дорад.  Ӯ аз 15-солагиаш ба баскетбол машғул мешавад. Сун бинобар беморӣ соли 2005 ба ИМА меравад. Баскетболбозро бо пуле, ки аз хайрия ҷамъ шуд, табобат карданд ва ӯ шифо ёфт. Пас аз он дар чанд дастаҳои баскетболи лигаи поёнии ИМА бозӣ кардааст. 
Ӯ соли 2009 ба Чин баргашт ва дар ҳайати клуби “Бэйтсзин Дакс” қаҳрамони кишвараш (2012) гардид. 
Таҳияи З. РАҶАБ



БА ҚАДРИ ДОШТАҲО БОЯД РАСИД!
Аз ҳунарманди машҳур Ҷеки Чан пурсиданд, ки оё аз зиндагиаш розист? 
Хирадмандона посух дод: 
– Шунидаам, ки мегӯянд: 
Кори душвори ту орзуи ҳар як бекор аст;
Доштани фарзанди гапнодароят, орзуи ҳар як бефарзанд;
Орзуи хонаи хурди туро ҳар як бехона дар дил мепарварад.
Доштани сармояи на он қадар зиёдатро, ҳар як қарздор орзу мекунад. 
Оромии қалбу хоби роҳат ва хӯроки гарми ту орзуи он нафаронест, ки дар кишварашон ҷанг аст. 
Пас, ба қадри доштаҳо бояд расид. 

Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА


САМАРИДДИН САЙФИДДИНЗОДА
Беҳтарин корманди ИДМ - 2023
Лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Сайфиддинзода «Беҳтарин корманди ИДМ-2023» дониста шуда, бо Диплом, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи озмун сарфароз гардид. 
Бино ба иттилои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ин озмун бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин корманд байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргузор шуд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


«ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО»
МЕГАПОЛИСҲО
Миқдори шаҳрҳое, ки ҳадди заҳролудшавии ҳавояшон аз меъёри муайяншуда боло мебошад, рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Аз рӯйи нишондиҳандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онҳо 50 дарсади шаҳрҳои азимро ташкил медиҳанд. Ҳадди заҳролудшавиашон аз меъёрҳои санитарӣ 10 маротиба боло рафтааст.  
Ҳар сокини шаҳри азим соле зиёда аз 48 килограмм моддаҳои мухталифи кансерогенӣ «истеҳсол» менамояд. Аз ин сабаб, нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии сокинони мегаполисҳо аз деҳотиён 4 сол камтар гаштааст. 
Агар дар миёнаи асри ХIХ миқдори шаҳрҳои миллионер 4-то бошад, дар соли 1920 ин нишондиҳанда ба 25 ва айни замон, тақрибан ба 300 шаҳр расидааст. Майдони умумии бом ва роҳҳои асфалтпӯши онҳо зиёда аз 1 дарсади рӯйи Заминро ташкил медиҳад. 

Таҳияи М. ТАБАРӢ


ИСТ – ПИРӢ!
Рэндал Кене, нейробиолог ва Дмитрий Итс-ков, метсенат, идеяи ҳайратовареро вобаста ба ҳаёти инсон манзур намуданд. Онҳо раванди механиконии мағзи сари инсонро пешниҳод карданд, ки фаъолияти беохири онро таъмин менамояд. 
Назарияи субстансияи мағзи сари инсон бо роҳи насб шудан дар бадани сунъӣ таҷриба мешавад. Мақсад аз ин, расидан ба ҳадди бемаргӣ нест, балки ихтироъкорон мехоҳанд инсонҳо ба иҷрои корҳое қодир гарданд, ки амалӣ намуданашон бо ҷисми маъмулӣ ғайриимкон аст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ



БЕИҚБОЛ
ҚИССАИ МАРДИ 82-СОЛАЕ, КИ ДАР УМРИ  САРАШ ЧЕҲРАИ ЗАНРО НАДИДА РАФТ
Михайло Толотос, роҳиби православии юнонӣ, дар 82 соли умраш боре занро надида, аз олам чашм пӯшид.
Михайло соли 1856 ба дунё омаду, модараш баъд аз 4 соат фавтид. Ба далели он ки касе пайдо нашуд, навзодро соҳибӣ кунад, ӯро пушти дари дайре, ки дар кӯҳи Афон (Юнон) ҷойгир аст, монда рафтанд. Тифли беиқболро роҳибон ба фарзандӣ гирифта, Михайло Толотос номаш ниҳоданд. 
Михайло бо муҳити беруна робитаи хеле маҳдуд дошт ва ҳеҷ гоҳ бо ягон зане вонахӯрд, зеро занҳоро иҷозати ба дайр даромадан набуд. Ин меъёрро ҳанӯз соли 1060 императори Византия ба ҳукми қонун даровард, ки то ҳол амал мекунад ва ҳеҷ бонуе ҳуқуқи зиёрати кӯҳи Афонро надорад.

Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА


ҚИМАТТАРИН АНГУШТАР

Ангуштарини «The world's first Diamond Ring», ки алмосист, бори аввал соли 2011 дар Лондон ба намоиш гузошта шуда буд.  Арзиши он, ки тақрибан 150 карат вазн дорад, 70 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешавад. 
Бояд гуфт, ки дар таърихи заргарӣ «The world's first Diamond Ring» якумин ангуштаринест, ки пурра аз алмос сохта шудааст.

Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА 



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ХАЛҚ АЗ КУҶО  ПУЛ ДОРАД?

Аз суҳбати журналист бо депутат:
– Игор Степанович, шумо бовар доред, ки ду ҳавлӣ, ду дача ва се мошини мерседесро бо пули худатон харидаед?
– Ин чӣ хел савол? Албатта, бовар дорам!
– Аниқ намедонам, вале ҳама мегӯянд, ки дороиҳои шумо аз ҳисоби халқанд.
– Ақлатро хӯрдаи чӣ бача, халқи бечора аз куҷо ин қадар пул меёбад?

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


МАТИНИРОДА
Варзишгаре, ки ба дараҷаи вазнини саратон  таслим нашуд, балки комёб гашт
Соли 1996 табибон пас аз ташхис дар бадани дучархасавори машҳури амрикоӣ Лэнс Армстронг дараҷаи вазнини бемории саратонро ошкор карданд. Кафолати зинда монданаш дода намешуд, зеро ӯ ҷарроҳии радиатсионӣ ва химиотерапияро аз сар гузаронда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, велосипедрон умеди баргаштан ба варзишро аз даст надод. “Ҳатто агар ман бимирам, бигзор маро ба ёд оварда, бигӯянд: “Армстронг мубориз буд” - иброз дошт ӯ он замон.
Ахиран, вай бар беморӣ ғолиб омад ва 7 маротиба дар ҳисоби умумии “Тур де Франс” мақоми аввалро касб кард. 
Лэнс Армстронг ҳамчун намуна бисёриҳоро илҳом бахшид, ки бо саратон то охир мубориза баранд, таслим нашаванд ва барои амалӣ намудани орзуҳояшон талош намоянд. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН

Санаи нашр: 26.05.2023 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив