ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ.  ЭЪТИБОРИ ПЕШИНАРО КАЙ БАРҚАРОР МЕКУНЕМ?!

ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ.  ЭЪТИБОРИ ПЕШИНАРО КАЙ БАРҚАРОР МЕКУНЕМ?!

07 июн 2023, Чоршанбе
19
0
Таҳти унвони "Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо" дар толори Институти  зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти чорводорӣ ва чарогоҳ таҳти раёсати раиси шаҳр Қосим Роҳбар ва муовини вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода семинар-машварати минтақавӣ доир гардид.
Ҷаббор Носирзода иброз дошт, ки семинар-машварати мазкур дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ - парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои нишондиҳандаҳои баланди маҳсулнокӣ ва сифатҳои зотӣ - гӯсфанди зоти ҳисорӣ бахшида мешавад.
Айни ҳол саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон 1,7 миллион сарро ташкил дода, ба парвариши ин зоти машҳур дар ҷумҳурӣ 7 заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ машғуланд. Ин зоти гӯсфандон аз рӯи нишондоди вазни зинда дар арсаи ҷаҳон калонтарин маҳсуб ёфта, минтақаи парваришу афзоишдиҳии онҳо  танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Давоми солҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Украина ва Беларус интиқол шуда, мавзеи парвариши онҳо торафт васеъ мегардад. Нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва ба вуҷуд овардани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи пайдоиш, дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, рушди минбаъда, хусусиятҳои маҳсулнокии типи “Шаҳринавӣ”-и гӯсфанди зоти ҳисорӣ, усулҳои такмил додани маҳсулнокии типи “Фархорӣ”-и гӯсфанди зоти ҳисорӣ маъруза карданд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки Сарвари давлат ба масъалаҳои чорводорӣ, нигоҳ доштани зотҳои маҳаллии чорво, аз ҷумла гӯсфанди ҳисорӣ, таваҷҷуҳи хос дошта, олимони соҳаро ҷиҳати такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ин зот пайваста таъкид менамоянд.
Тибқи ақидаи олимон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадима дошта, ҳанӯз дар асрҳои 12-13 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошад.
Дар бораи ин зоти чорво сайёҳи машҳур Марко Полло дар сафарномаҳои хеш ёдовар шуда, онро аз рӯи ҷусса ба маркаб баробар карда, аз думба ва лаззати гӯшти он қисса намудааст.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо, асосан, селексияи мардумӣ шуҳрат дошта, шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, дар тули солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, аз ворид шудани гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба Феҳристи ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ва ҷонибдорӣ ёфтани он истиқбол кард.
Дар интиҳои семинар-машварат олимону меҳ-монон дар саҳни Институт аз намоиши гӯсфандони зоти ҳисорӣ, ки чорводорони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баргузор намуданд, боздид карда, ба гӯсфандпарварон тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив