ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ 

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ 

27 март 2024, Чоршанбе
8
0
23-юми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович, хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Ҳолл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид. 
Мо ин кирдори зӯроварии ғайриинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Санаи нашр: 27.03.2024 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив