ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

09 июл 2024, Сешанбе
19
0
 
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Ҳангоми мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмуи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”.
Антониу Гутерриш, дар навбати худ, нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намуданд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум, кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”.
Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид.
Мавзуъҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аҳамияти татбиқи “Эъломияи Душанбе” аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ равона гардидааст, андеша ронданд. Дар зимн, ислоҳоти низоми байналмилалии молиявӣ ба мақсади таъмини маблағгузории мунтазам ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо доир ба таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, бахусус натиҷаи пайомадҳои манфии ин раванд, табодули андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки кишвари мо талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати дарёфти роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҳангоми баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо аз вокуниши муштарак ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалӣ, ҷонибдорӣ намуданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон талошҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди устувор, таҳкими сулҳу амният, инкишофи илму технология ва истифодаи навовариҳо ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив