ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

09 июл 2024, Сешанбе
10
0
6-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро иброз намоям. Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст. 
Тоҷикистону Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳои мо мебошанд.
Бо истифода аз ин фурсат, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар таъкид менамоям. Ҳамзамон бо ин, идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳими пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон медонам. Дар ин робита, бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати бароятон муносиб даъват менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар татбиқи барномаву ниятҳои некатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳо, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».
 
6-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазири Ҳизби лейбористон дар интихобот ва таъин гардиданатон ба маснади Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки инҷонибро иброз менамоям. Тоҷикистон Британияи Кабирро шарики муҳими худ дар Аврупои Ғарбӣ медонад. Дар ин  замина, мо  ба  рушду тавсеаи  муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.
Алоқаманди таҳкими фарогири ҳамкориамон бо кишвари Шумо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Омодаем, ки минбаъд ҳам ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу   пешрафти беш аз пеш орзу менамоям. Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив