АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ТИБ. Рушди соҳа талаботи замон аст
– Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 124 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз он 101 муассисаи КАТС, 16 госпиталӣ ва 7 хусусӣ мебошад. Ҳамчунин, сохтмони 65 муассисаи тандурустӣ (51 КАТС, 11 госпиталӣ ва 3 хусусӣ) идома дорад, – иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ.
Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки соли гузашта аз 154 муассисаи фарматсевтӣ 537 ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 дору ва молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ набуда ва ба таври ғайриқонунӣ воридшуда аз муомилот гирифта шуд. Барои вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ ба маблағи 624 280 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Ҳамзамон, дар рафти нишаст баён гашт, ки тамоюли зиёдшавии маъюбӣ, бахусус дар байни кӯдакон, бештар гардидааст. Сабабҳои он аз як тараф нуқсонҳои модарзодӣ, ирсӣ-гинетикӣ ва никоҳи хешутабории наздик бошад, аз тарафи дигар ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ вобастагӣ дорад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНӢ
Имтиёз барои донишҷӯёне, ки дар хизмати ҳарбианд
Ба маълумоти Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли рафта ду омӯзгори ин муассиса рисолаи докторӣ ва шаш нафари дигар рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ба нашр расид.
– Донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд, тибқи тасмими роҳбарияти Академия, аз пардохти шартномаи таҳсил озод гардиданд. Ин иқдоми моро волидони донишҷӯён низ хуб пазируфтанд. Нафарони хоҳишмандро ба зинаи ғоибона интиқол додем, зеро тибқи қонунгузорӣ, донишҷӯёне, ки дар зинаи ғоибона мехонанд ва дар хизмати ҳарбианд, метавонанд бо даъватномаи муассисаи олӣ омада, дар дарсҳо ширкат намоянд, – гуфт ректор дар ҷавоб ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият”.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Зиёд будани ҷойҳои кории холӣ ташвишовар аст!
Соли гузашта 443 озмуни мақомоти давлатӣ барои ишғоли мансаби холии мамъмурии хизмати давлатӣ доир гардида, аз 5678 мансаби холӣ ба 3641-тои он 3531 довталаб ба кор қабул шуд. Аз шумораи умумии нафароне, ки ба мансаб таъин гаштанд, 3014 нафари онҳо ҷавонони то 35-солаанд.
Дар ин бора Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Директори Агентӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин посух гуфт: “Соли рафта 73 ҳолати бе баргузории озмун қабул гардидани хизматчиёни давлатӣ сабт шудааст, ки бештари онҳо дар мақомоти худидоркунии шаҳраку деҳот, яъне ҷамоатҳо рост меояд. Гузашта аз ин, ҳолатҳое ҷой доранд, ки иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳо аз 3 то 6 моҳ фаъолият мекунанд. Чаро мо ба иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳо зид ҳастем? Таҳлилҳо дар маҳалҳо нишон доданд, ки одатан ба мансабҳои иҷрокунандаи муваққатӣ дар озмунҳо фақат як нафар номнавис мешавад”.
Ҷумъа Давлатов мавҷуд будани ҷойҳои кории холиро дар хизмати давлатӣ ташвишовар арзёбӣ карда, яке аз сабабҳои онро ба зиёд будани талабот барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ рабт дод.
Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатӣ, шумораи умумии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ то 1 январи соли ҷорӣ 18549 нафар (4503 зан) ташкил медиҳанд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ СОҲИБИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ШУД
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бо қарори раёсати КОА дар назди Консерватория Шурои муштараки диссертатсионӣ боз шуд.
– Таъсиси Шурои махсус барои мутахассисони мо орзуи дерина буд. Бо даъвати санъатшиносон аз Россия ва Ӯзбекистон Шуро ташкил кардем ва дар аввалин дифои рисолаи ҳамкори мо мутахассисони мазкур онлайн ширкат варзиданд. Ҳамзамон, роҳбарияти муассиса нахустин шумораи маҷаллаи илмиву оммавии «Мутриб»-ро рӯи чоп овард, ки дар ояндаи наздик ба моҳномаи таҳқиқотӣ табдил меёбад, – гуфт Миралӣ Достизода.
4 донишҷӯи боистеъдоди Консерватория дар Озмуни байналмилалии бозиҳои Делфи, ки дар соли 2022 мизбони он Тоҷикистон буд, ғолиб дониста шуда, соҳиби чор медал (ду нуқра, ду биринҷӣ) гардиданд.
Бино ба гуфтаи ректор, бори аввал 66 хатмкунандаи Консерватория дар соли гузашта бо ҷои кор таъмин шуданд, ки аз самараи кори устодон ва малакаи баланди хатмкунандагон дарак медиҳад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
ҶАМШЕД ҒАНИЗОДА:
«Барои донишҷӯён коргоҳи бофандагӣ фаъол гашт»
Соли 2022 Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илм барои Донишкадаи давлатии тасвир ва дизайни Тоҷикистон бо маблағи 1 500 000 сомонӣ таҷҳизот ворид кард. Таҷҳизоти мазкурро донишҷӯён барои бофандагии бадеӣ, вебдизайн ва графикаи компютерӣ истифода мебаранд. Ҳамзамон, устохонаи бофандагии Донишкада ба фаъолият пардохт, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст.
Ин нуктаро ректори Донишкада Ҷамшед Ғанизода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
- Боиси ифтихор аст, ки соли рафта якҷо бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шурои муштараки диссертатсионӣ таъсис додем. Бо сабаби набудани шуро олимони мо дар риштаи таърихи санъат ва педагогика рисолаҳои худро дифоъ мекарданд, ҳоло имкон пайдо шуд, то дар риштаҳои рассомӣ, санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ пажӯҳиш баранд, – афзуд Ҷамшед Ғанизода.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
ДАНҒАРА
Бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти ҷашнӣ дар назар аст
– Тибқи нақшаи чорабиниҳо то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз миқдори умумии иншооти ҷашнӣ, аллакай, 38 адад ба истифода дода шуда, корҳои омодагӣ ҷиҳати баистифодадиҳӣ дар 23 иншоот давом доранд. Дар 122 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ ҷараён доранд.
Дар ин бора Садриддин Сайдализода, муовини раиси ноҳияи Данғара, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳаҷми сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,9 миллиард сомонӣ расидааст. Дар соли 2022 бошад, ҳаҷми сармоягузории субъектҳои минтақа 67,2 миллион сомониро ташкил дод.
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
46 дипломи аъло дар як сол
Соли 2022 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро бори аввал 336 нафар аз рӯи ихтисосҳои кори табобатӣ, педиатрия ва стоматология хатм намуд, ки аз ин 46 нафар соҳиби дипломи аъло гардид.
Ин нуктаро Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба қавли ӯ, дар ин давра дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ба 11470 бемор ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонда шуд, аз ҷумла 251 амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ – пластикӣ ва 433 намуди дигари ҷарроҳӣ. Дар маҷмуъ, аз моҳи феврали соли 2016 (таъсиси Донишгоҳ) то охири соли 2022 аз ҷониби мутахассисони он 58 318 мариз муоинаю муолиҷа шуданд. Аз ин беш аз 3100 амалиёти ҷарроҳӣ мебошад.
ДДД
Муассисаи олие, ки аз рӯи 62 ихтисос мутахассис омода мекунад
Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, зимни ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодиву ободонӣ дар соли 2022, иброз дошт, ки Донишгоҳ тайёр намудани мутахассисони касбиро аз рӯи 62 ихтисос дар 13 факултет ба роҳ мондааст.
– Дар Донишгоҳ теъдоди умумии аспирантон ва унвонҷӯён аз рӯи 21 ихтисос ва равияи илмӣ 107 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2022 10 омӯзгору унвонҷӯ рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассусҳои педагогика, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва техника соҳиби дипломҳои дараҷаи илмӣ гардиданд, – афзуд ректор.
Ба гуфтаи ӯ, инчунин, рисолаҳои номзадӣ ва доктории 12 омӯзгору унвонҷӯ омодаи ҳимоя буда, 18 нафар дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳамчун доктор PhD таҳсил намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ВАРЗОБ
Рушди сайёҳӣ дар мадди аввал
Дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ ва мавсимианд. Вазъи санитариву эпидемиологии истироҳатгоҳҳо хуб буда, аз тарафи ситоди ноҳиявӣ корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронда мешаванд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Шарифхон Сафарзода, раиси ноҳия иброз намуд.
Зикр шуд, ки дар ноҳия 25 ёдгории таърихӣ мавҷуд (17 ёдгории бостонӣ ва 8 ёдгории меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ) мебошад.
Дар соли гузашта аз мавзеъҳои истироҳативу таърихии ноҳия 45 ҳазору 291 сайёҳи дохилӣ ва 5022 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан намуд.
Шарифхон Сафарзода, гуфт, ки дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди беш аз 158 иншооти гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст. То ин вақт 13-тои он ба истифода дода шуда, дар 20 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Инчунин, дар ноҳия бунёди 13 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудаанд.
З. ҚУТБИДДИН, “Ҷумҳурият”
ШАҲРИНАВ
Омодагии ҷиддӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли рафта иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо дар ноҳия 102 фоиз ва маблағи ба буҷет воридгардида 43 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, 29 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маблағи субвенсионӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ворид гардид. Қисми хароҷоти буҷет ба 67 миллиону 821 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки 99 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Қарздории музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия вуҷуд надорад.
Нишондодҳо дар самти кишоварзӣ низ назаррас буда, кишоварзон дар як сол ба маблағи 451 миллиону 746 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Майдони умумии гармхонаҳо дар ноҳия 6, 71 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, барои нигоҳ доштани маҳсулот 7 сардхона фаъолият менамояд.
– Бо мақсади рушди устувори соҳаи парандапарварӣ дар ноҳия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаем. Соли 2022 дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Парандапарварии Шаҳринав», ки ба чанд соҳибкор ба иҷора дода шудааст, 34 миллиону 299 ҳазору 700 тухми мурғ истеҳсол гардид. Дар оянда нақша дорем, ки бо ҷалби дигар соҳибкорон сехҳои мурғпарвариро бештар намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми муассир гузорем, – илова кард раиси ноҳия.
Абдуқодир Вализода афзуд, ки ҷиҳати иҷрои муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», то имрӯз дар ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд 25 иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода шуд. То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 164 иншооти давлатию ҷамъиятӣ бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
БЕШ АЗ 16 МИЛЛИАРД КВТ/СОАТ НЕРУИ БАРҚ ИСТЕҲСОЛ ГАРДИД
Соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 16 миллиарду 293 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 367,7 миллион кВт/соат бештар мебошад. Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, раиси ҶСК «Барқи тоҷик» зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои ӯ, бо мақсади беҳтар кардани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, ҶСК «Барқи тоҷик» дар ин давра 4 миллиарду 881,6 миллион кВт/соат неруи барқ, асосан, аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1», “Сангтӯда-2» ва «Роғун» харид намуд.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ ба 1 миллиону 143,4 ҳазор Гигакалория баробар шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 65,2 ҳазор Гкал кам аст. Сабаби нисбатан камшавии ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ дар марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе, ин бештар қатъ намудани фаъолияти марказҳо мебошад.
Бо мақсади таъмини ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмири асосӣ ва ҷории таҷҳизот, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 63,5 миллион сомонӣ иҷро гардиданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)