ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮРИ ХУДУ БИНОИ МАРДУМ. НИГОҲЕ БА КИТОБИ ХОТИРОТИ АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА “ҲАВОДИСИ РӮЗГОРИ МАН”

КӮРИ ХУДУ БИНОИ МАРДУМ. НИГОҲЕ БА КИТОБИ ХОТИРОТИ АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА “ҲАВОДИСИ РӮЗГОРИ МАН”

30 август 2023, Чоршанбе
1 238
0
 
Баъд аз баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и А. Холиқзода барпо шуд, хостам ба он ошно шавам ва аз дӯстон хоҳиш кардам, ки асарро ба банда ирсол намоянд. Пас аз мутолиаи китоб, назару андешаҳои хешро манзури хонандагон менамоям. 
Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар жанри публитсистика ва ёддошт таҳия шуда, аз маҷмуи воқеаву ҳодисаҳо, хотироту мушоҳидаҳо ва афкору андешаҳои муаллиф иборат мебошад. Дар он бештар рӯзгори воқеанигор, аҳли хонавода, зодгоҳ ва муҳити кории муаллиф тасвир шудааст. Дар зимн, номбурда кӯшидааст, ки ба бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавии солҳои охир, аниқтараш солҳои 2000-2022, ҷавоб гуфта, мушоҳидаҳои шахсии худро баён созад. Бо ин мақсад, ӯ аввал дар бораи Тоҷикистон, таърихи ташаккул ва таҳаввули он ба таври кӯтоҳ андеша меронад. Мавсуф, аз ҷумла ба масъалаҳои дарки дурусти моҳияти ватандӯстӣ, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, донишмеҳварӣ, шоистасолорӣ, давлатмеҳварӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, барояш бетафовут набудани “тақдири миллату кишвараш”-ро шарҳ додан мехоҳад. Баъди ошноӣ ба асари А. Холиқзода, мехоҳам иброз намоям, ки ба назари мо, муаллиф ҳангоми таълифи китоб ба баъзе ғалатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ роҳ додааст. 
Дар китоб ҳар як нақлу воқеа ё саргузашт сарлавҳаи алоҳида дошта, миқдори онҳо ба наваду дуто мерасад. Бисёри номҳоро аз абёти шоирони классику муосир гирифта, баъзеашон маҳсули эҷоди муаллиф мебошанд. Сарлавҳаҳои мазкур диққати хонандаро бештар ба китоб ҷалб карда, ӯро водор месозад, ки саргарми мутолиаи асар гардад. Дар аввал хонанда, умедвор аст, ки бо як хотироти ҷолиб ва нақли таъсирманде рӯ ба рӯ шуда, аз мушоҳидаҳо ва андешаҳои воқеанигор сабақи маънавӣ мегирад. Аммо бо шинос шудан ба нақлвораҳо ва ҳикоятҳо, маълум мешавад, ки адиб хостори баҳсҳои иҷтимоиву сиёсӣ буда, аз сохти мавҷудаи Ҳукумат ва аз умури давлатдории имрӯза қаноатманд нест. Аз рӯйи баъзе ишора ва таъкидҳое, ки дар китоби мазкур ҷой гирифтаанд, муаллиф  дар бисёр масъалаҳо назари муғризона ва субъективона дошта, нисбат ба сохтори ҷомеаи кунунӣ бо диди манфӣ менигарад ва таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодии кишварро нодида мегирад. Дар ин замина, муаллиф ба шарҳи қисмату маҳалҳои Тоҷикистон пардохта, баъзе маҳалҳоро таъриф ва маҳалҳои дигарро мавриди мазаммат қарор дода, усули сарварии роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати имрӯзаро танқид мекунад ва ҳадафҳои сиёсии хешро нарму нозук баён карда, ногузир будани “инқилоби иҷтимоӣ”-ро дар ҳолати иҷро нагардидани камбудиҳои ҷойдошта ба миён мегузорад.
Дар сарлавҳаи “Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, меҳан, эй меҳан” муаллиф оид ба тақсимоти ноадолатонаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби “болшевикон” изҳори ақида карда, дар ташаккули ҳудуди ҷуғрофии Тоҷикистони имрӯза онҳоро гунаҳкор мешуморад. Албатта, мавзуи фавқуззикр баҳсест, ки таърихнигорон борҳо онро арзёбӣ ва назару андешаҳояшонро баён доштаанд. Муаллифи китоб ба масъалаи мазкур иҷмолан рӯ оварда, онро бо диди хеш яктарафа шарҳ медиҳад. Пасон, ба тақсимоти воҳидҳои ҷуғрофии мамлакат пардохта, назари худро дар ин бора чунин баён мекунад: “Шимол ба қисматҳои водии Зарафшон, Истаравшан ва водии Фарғона, ҷануб ба Хатлон, Рашт, Бадахшон ва қисмати марказӣ – водии Ҳисор ҷудо дониста мешавад” (саҳ. 5). 
Дар тақсимоти мазкур муаллиф ба се хатои ҷуғрофӣ роҳ додааст. Аввалан, қисмати Истаравшанро ноқис шарҳ дода, аз Шаҳристон ёд намекунад. Ҳол он ки таърихнигорон ва бостоншиносон Бунҷакенту Устурушанро марзи воҳид дониста, ҳудуди онро ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан ва Деваштичи ҳозира медонанд. Сониян, мавзеи ҷуғрофии Бадахшонро нодуруст тавзеҳ медиҳад. Бадахшон на ба қисмати ҷанубӣ, балки ба қисмати шарқии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Рашт низ, ба қисмати шарқии мамлакат мансуб аст (Нигаред: Викепедия: Ҷуғрофиёи Тоҷикистон). 
Агар тақсимоти муаллифро хатои ҷузъӣ ба назар гирем, баъди мутолиаи китоб маълум мешавад, ки ӯ бо ин роҳ мехоҳад баъзе ишораҳои шахсияшро, ки ба урфу одат ва анъанаву суннатҳои маҳалҳои ҷудогонаи кишвар алоқаманданд, шарҳу тавзеҳ диҳад. 
Бо ин мақсад, ӯ аввал аз вазъи пойтахт, ҳолати инфрасохтори шаҳр, халалдор гардидани маданияти шаҳрнишинӣ ва бо омадани мардуми ҷанубу дигар маҳалҳо паст рафтани фарҳанги шаҳрдорӣ, инчунин, норозӣ будан аз фаъолияти қумандонҳо, “ғоратгарии онҳо” дар боби “Вазъи пойтахт” маълумот медиҳад. Воқеанигор аз ҳад зиёд муҳобот карда, таъкид мекунад, ки солҳои дуҳазорум то ду ҳазору панҷум “шаҳри Душанбе... ба навъе дар муҳосира буд” (саҳ.9). Ӯ таъкид месозад, ки силоҳбадастон, “ки онҳоро мардум “боевик” меномиданд, “аксаран ба дуздиву куштор ва ғасбу таарруз машғул буданд ва дар паси шишаҳои сиёҳ қиёфаашонро паноҳ мекарданд” (саҳ.10).
Аксарият касоне, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, хуб медонанд, ки баъди солҳои 2000-ум вазъ дар шаҳри Душанбе хеле муътадил гардид ва Ҳукумати қонунӣ барои аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта талош мекард, камбудиҳои мавҷударо бартараф менамуд. Дигар ин ки, мақомоти қудратӣ дар ин солҳо бо масъулият фаъолият карда, силоҳбадастон қариб дар шаҳр намегаштанд ва гоҳе, ки ягон куштор содир мешуд, онҳо ҷиҳати бартараф карданашон бо силоҳ дар шаҳр пайдо мегаштанд. Бар иловаи ин, сарбозону афсарони ҷузъу томҳои шаҳрӣ ҳеҷ гоҳ ба қатлу ғорат машғул набуданд. Фаъолияти онҳо зери назорати сохторҳои қудративу низомӣ қарор дошта, бе иҷозат ба шаҳр баромада наметавонистанд ва ба “талаву тороҷ” машғул набуданд. Ҳадафи муаллиф, асосан, танқиди қумандонҳое, ки аз қисмати ҷанубии кишвар ба марказ омада, ҳифзу амнияти мардумро таъмин менамуданд, иборат мебошад. Муаллиф фаромӯш кардааст, ки маҳз ҳамин сарбозону афсарон дар рӯзҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷони худро дар хатар монда, садҳо ҳамяроқи худро аз даст дода, бо талафоти зиёд вориди пойтахт шуданд. Онҳо бо мақсади оромиву субот дар шаҳри Душанбе бар зидди ноадолатиҳо мубориза мебурданд ва намегузоштанд, ки авзои пойтахт халалдор гардад. Аммо, баръакси ин, муаллиф ба танқиди сипоҳиёни кишвар пардохта, онҳоро ба “дузду авбош” монанд менамояд. Ҳол он ки ҳамонҳо буданд, ки бо масъулият шаҳрро шабонарӯзӣ посбонӣ мекарданд, ҷинояткоронро дастгир намуда, ба Ҳукумат месупурданд, роҳи ҳар гуна тахрибкориро гирифта, дар шаҳре, ки ба ақидаи муаллиф “ҷангзада ва валангор” буд, осоиштагиро таъмин мекарданд. Муаллиф ба ҳамаи сарбозону афсарони Ватан, ки он солҳо аз баҳри ҷони худ баромада, кишварро аз вартаи парокандагӣ раҳо доданд, бо нафрат муносибат мекунад ва хидматашонро нодида мегирад. 
Баъд аз интиқоди фармондеҳон ва сарбозон, муаллиф иллати асосии ҷанги шаҳрвандиро дар миёни “шуравигароиҳо ва истиқлолхоҳон” (саҳ. 13) дида, онро ҷанги маҳаллӣ номида, боз ба хатои сиёсӣ роҳ медиҳад. Ӯ бисёр воқеаҳоро нодуруст тавзеҳ дода, онро “зулми беандоза” маънидод мекунад. 
Дар идома А. Холиқзода хешро ба сифати “таҳлилгари сиёсӣ” муаррифӣ карда, боисрор гуноҳро ба гардани фармондеҳони қисмати маҳалҳои ҷанубӣ бор менамояд ва аксарияти куштори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бар дӯши онҳо вогузор месозад. Муаллиф муболиғаро ба сатҳи ғулув расонда, ишора мекунад, ки сарбозони Фронти халқӣ “авҷи бедодиро ба фалак расонданд”. Ҳол он ки аксарият шоҳиданд, ки дар ҷанги таҳмилӣ аз ҳама зиёдтар сарбозону афсарони ин ҷабҳа қурбон шуда, бо чи душворӣ ба сулҳу созиш расиданд. Имрӯз назди модарону падарони ҷавононе, ки хешро қурбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карданд ва сулҳу суботро дар кишвар пойдор гардонданд, бояд сари таъзим фуруд овард.
Муаллиф боз чанд нақлу ҳикоя ва хотироти “дӯстонаш”-ро пайи ҳам нақл карда, ба интиқоди сохторҳои қудратии давлатӣ машғул мешавад. Ӯ собиқ раиси Кумитаи амнияти давлатиро таҳқир карда, менависад, ки “ин бечора масъули амнияти хонаводааш буд, на масъули амнияти миллат” (саҳ. 36). Бо ин кинояҳо қаноатманд нашуда, аз порахӯрии кормандони мақомот, хидмати рӯякии сарбозону афсарон ва фаъолияти нодурусти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сухан мегӯяд ва бо шаклу шеваи хос фаъолияти кории баъзе кормандони мақомотро зери шубҳа мегузорад. 
"Таҳлилгар" бо ишораҳои мазкур қаноатманд нашуда, поёнтар менигорад, ки “яке аз сабабҳои асосии ҳараҷу мараҷ дар кишвар парокандагии миллат аст, давлат гӯё ин мушкилиро дарк карда, шиорҳоеро аз қабили “Ваҳдат асоси субот аст” ва амсоли инҳоро рӯйи даст гирифтааст” (саҳ. 46). Дар тасаввури муаллиф гӯё ваҳдат бо ҳамин шиорҳо хотима ёфта, аслан, ба воқеият табдил наёфтааст (саҳ. 46). Ҳол он ки таъкидҳои мазкур танҳо шиори холӣ набуданд. Ҳукумат ва давлат барои расидан ба сулҳу суботи комил ниҳоят талош кард, зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои шоистаро ба анҷом расонд, сулҳро пойдор гардонд, вазъи минтақаҳои кишварро ором карда, сохтори давлатиро пурқувват намуд ва низоми давлатдориро устувор сохт. Ин ҳама марҳилаҳои ниҳоят ҳассосу мушкил дар раванди расидан ба сулҳу субот мусоидат намуд. Дар баробари ин, Роҳбари хирадманд барои иҷрои ҳадафҳои худ талош менамуданд, вохӯриву мулоқот мегузаронданд ва ба маҳалҳо рафта, ба рафти иҷрои супоришҳояшон шинос мегардиданд. Ин ҳама боиси ваҳдати комили миллат гардид ва барои рушди кишвар роҳи нав боз намуд. Яъне, шиори мазкур натиҷаи мусбат ба бор овард. Нодида гирифтани раванди мураккаби давлатсозӣ ва ба чашми бад назар кардан ба дастовардҳои кишвар кори нохуб ва носазост. Бо чунин таҳлили сатҳӣ, муаллиф боз доир ба арзишҳои миллӣ, нест кардани маҳалгароӣ, шоистасолорӣ ва дигар мафҳумҳои ҷомеашиносӣ изҳори назар кардан мехоҳад.
Ӯ аз таҷрибаи Олмон, Корея, Сингапур ва кишварҳои дигари пешрафта мисол оварда, тарзи муқоиса ва муҳокимаронияш ноқис мебошад. Мо дар замони рӯ ба рушд қарор дорем ва мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бояд паси сар намоем. Дар назди таърих сӣ соли мустақилият ҳеҷ аст, вақт даркор, ки давра ба давра камбудиҳоро ислоҳ, иқтидори молиявии давлатро мустаҳкам ва ислоҳоту навсозиро амалӣ намоем. Хушбахтона, мову шумо шоҳидем, ки Ҳукумат дар ин давра чанд тадбирҳои ҷиддии ояндасозеро татбиқ сохту месозад, барои рушди кишвар ислоҳоти иқтисодӣ гузаронд ва стратегияи навсозии низоми давлатиро таҳияву татбиқ намуд. Яъне, низоми давлатдорӣ дар як ҷо қарор надошта, чун организми зинда дар ҳаракат мебошад. 
Ба ғайр аз ин, муаллиф сабаби кӯч бастани яҳудиёнро аз Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва давлати кунунӣ рабт медиҳад. Дар ин ҷо низ муаллиф ба хато роҳ дода, сабаби кӯч бастани яҳудиёнро нодуруст шарҳ медиҳад. Касоне, ки баромадҳои Роҳбари давлати Тоҷикистонро гӯш медиҳанд ва таҳлил мекунанд, шоҳиданд, ки борҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хидмати яҳудиён ёдовар шуда, барояшон каниса (синагога) сохта, ҷиҳати рафтуомади онҳо тамоми шароитро фароҳам оварданд ва дар ҳар як ҷашну чорабиниҳои давлатӣ намояндагони онҳоро даъвату меҳмондорӣ мекунанд. Бисёриҳо медонанд, ки дар ҳамон шабу рӯз ҷониби ҷангҷӯ, хосса наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо, шиор мепартофтанд, ки русҳову яҳудиҳо ва дигар қавму миллатҳо ҳатман бояд  Тоҷикистонро тарк намоянд. Маҳз  чунин таҳдидҳои лафзӣ барқвор дар байни сокинони мамлакат паҳн ва ғолибан сабаби асосии кӯч бастани дигар миллатҳо аз ҷумҳурӣ гардиданд. Ҳамзамон, ҳисси бадбинӣ, манфиатҷӯӣ, динситезӣ, миллатгароӣ, шовинизми сунъӣ ва моҷароҳои геосиёсӣ боис шуданд, ки мардуми бечораи яҳуд ва дигар ақаллиятҳои миллӣ аз Ватани мо берун шаванд.
Пас аз ин таҳлилҳо, муаллифи китоб дар асоси тақсимоти ҷуғрофии худ ба шарҳи минтақаҳо шуруъ карда, маҳалҳоро ба ҳам зид мегузорад ва аз мавзуи ваҳдати миллӣ қариб фаромӯш мекунад. Вай ба сифати афроди “худшинос” гӯё барои “тақдири миллат” талош намуда, ба ҷойи паст кардани шиддати маҳалгароӣ ва ошкор сохтани заминаҳои зуҳури он ба таҳлили минтақаҳо пардохта, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳад. Масалан, вай дар боби “Гаште дар Хатлон” ба шарҳи маҳалҳои минтақаи мазкур машғул шуда, қисмашонро турк ва қисмашонро тоҷик медонад ва бо “далел” андешаҳояшро исбот кардан мехоҳад. Вай дар номи сарлавҳа иштибоҳ карда, тақдири як минтақаи бонуфузро бо мафҳуми “гаште” ифода мекунад ва назарногирона муроди дилашро бо ситезаву киноя, рамзу муболиға, истифодаи ибораҳои духӯра баён месозад. Яъне, омехта будани тоҷику туркро ба ин минтақа рабт медиҳад.
Муаллифи “дақиқназар” дар сархати аввали нақлаш иштибоҳ карда, миқдори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро на 25, балки 21 нишон медиҳад (саҳ. 50). Баъдан, ба таърих руҷуъ карда, аз китоби “Таърихи ҳумоюн”-и Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ чанд иқтибос оварда, хонандаро ба иштибоҳ мегузорад. Ҳол он ки Гулшанӣ дар бораи “панҷ ҳукумати Хатлон” ба истиснои баъзе андешаҳои норавшан маълумоти хело фаровон баён намуда, ишора мекунад: “Маркази ҳукумати ин иёлот вилояти Кӯлоб аст... Зироату тиҷорату саноати ин вилоят аз тамоми вилоёт ва амсори кӯҳистон бештару равнақтар аст. Толибилмҳои хуби дар Бухоро хатми кутуб намуда бисёр дорад. Аҳолии ин вилоят аксар тоҷиканд ва дар бодия ва тавобеоти он қабилаи атрок фаровон аст. Аксари он қабилаи лақай ҳаст”.1 Боз таъкид месозад, ки “аз ин вилоят удабо ва шуаро ва аҳли фазл бисёр зуҳуру буруз менамоянд” ва онҳо ҳунарманд, шоликор, ғаллакор, тиллокор ва соири касбҳои дигарро соҳиб мебошанд”.2 Ҳамзамон, дар бораи минтақаҳои дигари Хатлон, аз ҷумла Балҷувон, Ховалинг, Кангурт, Қурғонтеппа, мушоҳидаҳои худро идома дода, аксарияти аҳолии ин минтақаҳоро тоҷик медонад.3  Ӯ боисрор қайд мекунад, ки сокинони Балҷувон “мардуми ғаюранд ва аҳолии тоҷики ин вилоят, хусусан тоҷики кӯҳистонӣ ва қурои он, ба ҳусну ҷамол машҳуранд”.4 Дар бораи мардуми Ховалинг таъкид мекунад, ки “аҳолии ин қазо тамоман тоҷиканд”5  ва аз мардуми Кангурт ёд карда, мегӯяд, ки “ҳамаи онҳо тоҷиканд”.6 Қисми зиёди аҳолии Қурғонтеппаро тоҷик дониста, мавҷудияти қабилаҳои лақай, қатаған, қунғурот, туркман ва арабро низ инкор намекунад.7
Бояд гуфт, ки пайдоиши туркҳои бодиянишин ва қабилаҳои туркӣ, аз ҷумла лақай, қалуғ, қатаған, қунғурот, туркман, баъдҳо қазоқу қирғиз, дар Мовароуннаҳр ба замони ҳуҷуми муғулҳо рост омада, дар қарнҳои XV ва XVI ба хотири ривоҷи чорводорӣ ба маконҳои Бухорои Шарқӣ омада, нуфузу таъсири калон надоштанд ва дар рифоҳу дӯстӣ умр ба сар мебурданд. Мувофиқи маълумоти Ғ. Ғоибов дар китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”, баъди ҳуҷуми Абдуллохон баъзе қабилаҳои туркӣ ба ин маконҳо роҳ ёфта бошанд ҳам, мавқеи устувор надоштанд.8 Дар китоби мазкур оид ба ҷонфидоиву корнамоии мардуми Кӯлоб ба муқобили Абдуллохон маълумоти фаровон пешниҳод шудааст. Хоҳишмандон метавонанд барои шиносоӣ ба ин асар муроҷиат намоянд. 
Муаллифи китоб А. Холиқзода ба ин масъала ниҳоят сатҳӣ муносибат намуда, мардуми Хатлонро таҳқир мекунад. Дар мисоли чанд нафар кӯтоҳбину кӯтоҳандеш мардуми ин маҳалро дағалгуфтор, қабеҳсухан муаррифӣ менамояд ва фаромӯш мекунад, ки ин мардум бо ғурури худ саркардаҳои араб, шайбониҳо ва манғитро шикаст дода, ба пирӯзӣ расида буданд ва аҳли адабу фазлаш дар сухану илму адаб шуҳрати бемисл доранд. Вай таъкид мекунад: “Чунин ба назар мерасад, ки мардуми ин диёр (Хатлонро дар назар дорад - А. Р.) дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ ба қавмҳои ҳамсояашон (лақай, қалуғ, қатаған, қунғурот ва ғайраҳо - А. Р.) баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойнишини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд” (саҳ. 51). Ин ишораи муаллиф ниҳоят таҳқиромез буда, ягон асоси воқеӣ ва таърихӣ надорад. Баръакс, ҳамсоягон ҳамеша ба фазлу дониши фарзандони ин минтақа эътимод доштанд ва пирҳои худро низ аз миёни мардуми бумӣ интихоб мекарданд ва ба мударрису домуллоҳояш духтарони худро барои хушбахт шудан ба шавҳар медоданд. Дуруст аст, ки мардуми тоҷик ва ӯзбек аз қадим бо ҳам наздикӣ ва қаробат доштанд. Онҳо дар як макони ҷуғрофиву таърихӣ то аввали асри ХХ умр ба сар бурданд ва танҳо баъди Инқилоби Октябр ба кишварҳои алоҳида тақсим шуда бошанд ҳам, дӯстиву ҳамсоягиро фаромӯш накарданд ва дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебурданд. Ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Фаромӯш набояд кард, ки дар қаламрави Тоҷикистон ӯзбекҳо ва дар ҳудуди Ӯзбекистон тоҷикон ҳоло ҳам умр ба сар мебаранд ва забону анъанаҳои худро идома медиҳанд. 
А. Холиқзода дар фасли “Ғаме бар сина чун кӯҳи Бадахшон” доир ба урфу одат ва сарнавишти мардуми Бадахшон маълумот дода, ба ҳодисаҳои таърихӣ дуруст баҳо намедиҳад. Вай менависад, ки “доим ба ин сарзамин (Бадахшон - А. Р.) бо баҳонаи мазҳабситезӣ ҳамлаҳо бурда, қатлу куштор ва ғорат мекарданд” (саҳ. 57). Ҳол он ки ҳақиқат чунин нест, танҳо як омил ба масъалаҳои мазҳабӣ алоқаманд буда, дигараш ба тохтутозҳои қабилавиву миллӣ вобастагии бештар доранд. Ҳадафи муаллиф дар нақли таърихи Бадахшон, пеш аз ҳама, ба воқеаҳои солҳои охири баъдиҷангӣ, хусусан солҳои 2010-2022, алоқаманд буда, камбудиро дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ дониста, ишора мекунад, ки “фасодзадагии мансабдорони давлатӣ” боис шуд, ки вазъ дар минтақа мураккаб гардад ва низоъҳои мухталиф сар занад. Вай дар ин ҳолат мақомоти амниятии вилоятро бо роҳбарии генерал А. Назаров пеши хотир оварда, мушкилоти иҷтимоиро ба сӯйи ҳадафҳои сиёсӣ мекашад ва батакрор аз мақомоти мухталифи қудратӣ ва давлатӣ эрод мегирад.
Муаллифи китоб тафриқаандозии маҳалҳоро идома дода, дар шарҳи хислатҳои мардуми водии Ҳисор чунин мегӯяд: “Ба ин водӣ дар замони шуравӣ тоҷикони Самарқанду Бухорову Панҷакент ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишин кӯчида омаданд ва фарҳанги бе ин ҳам болои ин диёрро ғанитар кардаанд. Ҳамин водӣ маркази тоҷику Тоҷикистон аст ва тамоми орзуву омоли мардуми тоҷик дар асрҳои оянда дар ҳамин сарзамин таҳаққуқ мепазирад” (саҳ. 62). Муаллиф бо ин гуфтаҳои худ гӯё кашфиёт карда бошад, мардуми ин водиро аз дигарон боло бардошта, фаромӯш мекунад, ки дар ободии ин водӣ на танҳо сокинони минтақаҳои зикршуда саҳмгузоранд, балки хидмати сокинони Сарихосору Балҷувони Хатлон, Рашту Тоҷикободи водии Рашт, ҳатто Чусти Намангон, Риштони Фарғона ва Бойсуни Сурхондарё низ назаррас буда, онҳо дар ин ҷо муқимӣ шуда, маданияти миллии тоҷикиро ташаккул додаанд. Маданияти баланд хоси тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст ва фарқ гузоштан боиси баҳсҳои иловагӣ шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ халал эҷод менамояд.
Муаллифи китоб, пас аз муаррифии водии Ҳисор, ба таърих ва этнографияи мардуми водии Рашт ва вилояти Суғд рӯ оварда, дар муаррифии хислатҳои мардумони ин диёр ва мавқеашон дар ташаккули давлатдории миллӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Вай ба мардуми водии Фарғона кам аҳамият дода, рӯзгори онҳоро дуруст шарҳ намедиҳад ва бисёр масъалаҳоро равшан накарда, ба муноқишаи тоҷикону ӯзбекон дар замони роҳбарии Ислом Каримов гузашта, ба низоъҳои миллӣ рӯ меорад ва муносибатҳои ду халқро, ки дар шароити кунунӣ ба сатҳи дӯстии абадӣ расидааст, халал ворид кардан мехоҳад. Вай ишора мекунад: “Мардуми шаҳри Хуҷанд худро аз дигарон боло медонанд ва ба омадагон (киро дар назар дорад, маълум аст. - А. Р.) муносибати таҳқиромезро раво мебинанд”. Дар ин замина, муносибати мардуми Хуҷандро ба сокинони водии Зарафшон мисол оварда, ишораро бо баъзе “омадагон” аз минтақаи ҷануб ҷамъбаст менамояд. Бо чунин ишораҳои муғризона муаллиф низоъҳои маҳаллиро миёни сокинони Зарафшону дигар маҳалҳои Суғд ва ҳатто Хатлон зиёд карда, ваҳдати миллиро зери хатар мегузорад. 
Дар замоне ки мо ба ваҳдати комил расидем, зарур аст, ки ниҳоят эҳтиёткор бошем, бештар кӯшиш намоем, ки доир ба ваҳдату ягонагӣ сухан ронем, ҳалқаи дӯстии маҳалҳоро таҳким бахшем. Агар мақола ва ё китобе менависем, дар доираи андешаи миллӣ назарҳоямонро баён созем ва ба дигарон хислатҳои неку ҳамида, фарҳанги воло ва урфу одатҳои писандидаамонро ташвиқ кунем, то насли оянда барои расидан ба як миллати тавонои ватандӯст эътиқод пайдо кунад ва кишвари азизамонро боз ҳам пеш барад. 
Муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”, баръакс, бисёр масъалаҳоро яктарафа, рӯякӣ ва нодуруст шарҳ дода, дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ халал ворид месозад. Масалан, ӯ дар бораи устод Лоиқ Шералӣ андешаҳои хуб баён карда, аз тарафи шоир таҳқир гардидани як фармондеҳ ва ёварони ӯро, ки аз минтақаи ҷануб аст, бо ифтихор ёдовар мешавад. Ҳол он ки аз рӯйи нақли худи ровӣ генерал бо эҳтиром аз устод Лоиқ хоҳиш мекунад, ки омода аст, тавассути мошини хидматияш ӯро ба маҳалли чорабинӣ барад. Шоир ин пешниҳодро рад карда, ба вай ҳарфҳои носазо мегӯяд. Муаллиф аз ин рафтори устод Лоиқ завқ бурда, онро чунон тасвир менамояд, ки гӯё як муъҷиза кашф кардааст. Вай метавонист ба ҷойи ин воқеа даҳҳо лаҳзаҳои хотирмонеро аз рӯзгори устоди равоншод пеши назар оварад ва дар дили хонанда нисбат ба шахсияти шоир ҳисси эҳтиромро тақвият бахшад. Аммо ҳисси бадбинӣ ба маҳалҳои дигар ӯро нагузоштааст, ки, ба қавле, аз пашша фил насозад. 
Ҳамин тавр, муаллиф воқеаҳои “дилкашро” идома дода, доир ба санъату фарҳанг сухан меронад, аз фаъолияти театрҳо ва тамошобин норозӣ будани хешро ҳикоя мекунад ва доир ба баланд рафтани хурофот, таъсири муллоҳои ҷодугар дар ҷомеа ва заиф шудани фарҳанги муошират изҳори андеша мекунад. Вай дар бисёр масъалаҳои соҳаи санъат мақомоти давлатӣ ва маҳаллиро гунаҳкор дониста, аз фаъолияти заифи онҳо изҳори андеша менамояд. 
Муаллиф дар чанд фасли китоб оид ба соҳаи илму маориф андеша ронда, нақлҳоеро ба хонанда пешниҳод мекунад, ки аксаран асоси воқеӣ надоранд. Вай паст рафтани сатҳу сифати таълимро дар кам будани маоши омӯзгор дида, сифати пасти китобҳои дарсӣ ва нодуруст баргузор гардидани озмун дар чопи китобҳоро интиқод мекунад. Ӯ, инчунин, сохторҳои соҳаи маорифро ба фасод муттаҳам карда, аз камсаводии омӯзгорону муаллифони китобҳои дарсӣ эрод мегирад. Мутаассифона, намедонад, ки муаллифи китоб ё омӯзгори ботаҷриба барои навиштани як китоб чи заҳматҳо мекашад, бо кадом ранҷ маводи таълимӣ ҷамъ меоварад. Ё медонаду ишора кардан намехоҳад. Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки муаллиф намехоҳад фаъолияти ягон сохтори давлатиро мусбат арзёбӣ намояд. 
Вобаста ба вазъи омӯзгорон дар “кашфиёти” муаллиф гӯё кор ба дараҷаест, ки ҳамаи онҳо ба мардикорӣ рафта, дар кишвар муаллим намондааст. Муаллиф бо ин эрод қаноатманд нашуда, дар бораи тамаъҷӯйии муаллимон чунин менависад: “Маоши пасти муаллимони замони истиқлол онҳоро водор мекард, ки барои рӯзгузаронӣ аз хонандагон ба ҳар роҳ музд тамаъ намоянд”. Бо як ё ду бевиҷдоне, ки бо ин роҳ рафтааст, бадном кардани тамоми омӯзгорон, ба назари мо, аз рӯйи одоб нест. Албатта, фаъолияти ин ё он соҳа аз камбудӣ холӣ нест, вале баробари марҳила ба марҳила беҳбуд ёфтани рӯзгори муаллимон, имрӯз норасоии кадрҳо дар соҳа қариб бапуррагӣ ҳалли худро ёфтааст. Бинобар ин, аксарияти муаллимон ҳанӯз ҳам дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти худанд ва фарзандони халқро содиқона таълиму тарбия медиҳанд. 
Муаллиф доир ба мушкилоти соҳаи тандурустӣ изҳори назар карда, бештар дар бораи бархӯрди беморхонаи байналмилалии Ибни Сино бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андеша меронад. Вай доир ба муваффақияту дастовардҳои низоми давлатии соҳа ҳарфи мусбате нагуфта, аз барномаҳое, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, гӯё огаҳӣ надорад ва ислоҳоти самти мазкурро эътироф накарда, пешрафтҳои онро нодида мегирад. Ҳол он ки мақомоти давлатӣ, дар мисоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, санадҳои рушди муассисаҳои хусусиро таҳия карда, тавассути Ҳукумат ба тасвиб расонда, барои пешрафти он шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳамчунин, дар кишвар муассисаҳои нави тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон пайдо шуда, беҳбудӣ дар самти мазкур ба назар мерасад. Аммо ҳамаи ин дастовардҳоро муаллиф нодида мегирад ва ҷиддан ба интиқоди масъулони соҳа мепардозад. Вай дар шиддат гирифтани коронавирус мақомоти давлатӣ ва Вазоратро гунаҳкор дониста, дастовардҳои табибон ва кормандони муассисаҳои давлатии тиббиро нодида мегирад. Ҳол он ки дар ҳамон шабу рӯз ҳамаи масъулони соҳа ва табибону ҳамшираҳои шафқат шабонарӯзӣ кору фаъолият карда, ҷони садҳо тан аз шаҳрвандонро аз ин беморӣ раҳо намуданд ва иддае аз кормандони соҳа қурбони ин вабои даҳшатбор гардиданд. Муаллифи муҳтарам танҳо хидмати кормандони беморхонаи Ибни Синоро пеши назар оварда, аз заҳмату хидмати муассисаҳои дигари тиббӣ канораҷӯӣ менамояд. Вале намегӯяд, ки худ аввал барои ҷой кардани беморони гирифтори коронавирус ризоят надода, танҳо баъди супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифт. Доир ба ин масъала ишорае намекунад.
А. Холиқзода дар китоби мазкур аз дастовардҳои шахсияш дар соҳаи соҳибкорӣ бо шавқ воқеаҳои зиёди ҳаётиро нақл карда, батафсил роҳи пурпечутоби расидан ба комёбиҳоро таъкид менамояд. Дар идомаи дастовардҳояш муаллиф доир ба чи гуна соҳиби беморхонаи Ибни Сино шудан ва аз таҷрибаи кориву тиҷоратии худ сухан гуфта, муносибати тезутундашро бо мақомоти давлативу судӣ ифода мекунад ва сохторҳои мавҷударо зери танқиди шадид мегирад. Аммо фаромӯш мекунад, ки Зайд Саидов вазири саноат буд, на вазири иқтисоди кишвар. Вай дар шикасти корхонаи “Орима” мақомоти қудратиро гунаҳкор дониста, таъкид мекунад, ки онҳо муҷиби аз байн рафтани корхонаи мазкур гардидаанд. Як боби китоб ба ин мавзуъ бахшида шудааст. 
Дар фасли “Устод М. Шакурӣ ва Герострат” муаллиф ба муболиғаи зиёд роҳ дода, кормандони беморхонаи Ибни Синоро аз табибони муассисаҳои давлатӣ боло мегузорад ва гӯё танҳо ишон устодро табобат кардаанду халос. Ҳақиқат чунин нест. Аз рӯзҳои аввали бемории академик М. Шакурӣ Сарвари давлат огаҳӣ доштанд ва ҳамеша аз мушовиронашон вазъи саломатии устодро мепурсиданд. Пеш аз омадан ба бемористони Ибни Сино, устод якчанд маротиба дар бемористони Қарияи Боло табобат гирифта (Соҳибҷон Раҳмонови панҷакентӣ шоҳид.-А. Р.), бо ризояти Роҳбари давлат нахуст ба Эрон фиристода шуданд. Танҳо бори дуюм бо иллати пирӣ ва дармондагӣ муаллим ба беморхонаи Ибни Сино интиқол дода шуданд, ки дар ин кор масъулони Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуданд. Дарвоқеъ, муҳиту шароит мусоид омад, ки муаллим каме сиҳат ёфтанд, вале вазъи пирӣ корашро кард ва дар ҳамон ҷо аз дунё гузаштанд. Бо супориши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо маросими хайрбоди устодро гузарондем ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурдем. Мутаассифона, дар китоб аз ғамхории давлат ва Ҳукумат нисбат ба намояндагони илму адаб, аз ҷумла устод Шакурӣ, чизе гуфта нашудааст.
Муаллиф дар муайян кардани мақоми зан дар ҷомеаи кунунӣ низ сиёсати имрӯзаи Ҳукуматро манфӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ мисолҳои зиёд оварда, андешаҳояшро чунин ҷамъбаст менамояд: “Озодии зани тоҷик, ки мо эълон кардем, дар асл дурӯягие беш нест. Дурӯягӣ маҳз дар ин ҷост, ки бо ин ҳама беинсофӣ нисбат ба занон, мо онҳоро бо мардон баробарҳуқуқ эълон мекунем” (саҳ. 187). Вай ошкоро ишора мекунад, ки бо таъсири рӯшанфикрони ғарбии асри ХХ занон дар он қисмати дунё озод гашта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Аммо дар Тоҷикистон гӯё озодии занон вуҷуд надорад, онҳо ба ном мисли мардон баробарҳуқуқанд ва таъсире дар ҷомеа намегузоранд. Хонанда худаш қазоват кунад, ки магар гуфтаҳои фавқ ягон асоси ҷиддӣ дорад? Инсоф бояд кард ва ҳақро бояд гуфт, ки Ҳукумат бо ин мақсад якчанд барномаи давлатиро татбиқ карда, ба мақоми зан-модар диққати махсус медиҳад. Барои расидан ба пешрафтҳои назаррас ба ҳар як оила ёрӣ расонда мешавад ва барои духтарон дар кору таҳсил имтиёзҳои зиёд муқаррар гардидааст. Онҳо баробари мардон ҳуқуқ дошта, дар пешрафти ҷомеа саҳми шоиста доранд.
А. Холиқзода мушкилоти иқтисодиро яке аз заъфҳои асосии кишвар дониста, дар ин бора изҳори назар мекунад ва сабаби аввалиро дар “равиши фармонӣ дар мудирияти иқтисод” дониста, омили дувумро ба “дастандаркор будани нафарони тасодуфӣ ва ношоиста дар раъси сохторҳои иқтисодӣ” (саҳ. 200) медонад ва илова мекунад, ки “сабаби дигари уфт дар иқтисод фасоди бесобиқа мебошад, ки ба тасаллути комил ва дахолати ноҷои мақомоти моливу идорӣ ба кори соҳибкорон марбут аст” (саҳ.201). Ба ақидаи муаллиф, бо ин сабабҳо дар риштаҳои иқтисод буҳрон шиддат гирифта, имконоти аз ин варта баромадан мушкил гардидааст. Ба пиндошти мо, на ҳамаи роҳбарону масъулони соҳаи иқтисод фасодзада ва камтаҷриба мебошанд, ки ба рушди кишвар монеа эҷод кунанд. Шояд як ё ду нафари камсавод ва ё камҳавсала дар ин самт фаъолият намояд, вале ба тамоми кормандони иқтисоди кишвар чунин баҳо гузоштан аз рӯйи адолат нест. 
Муаллиф андешаҳои “ислоҳотхоҳонааш”-ро идома дода, аз фаъолияти додгоҳҳо норозӣ буданашро дар чанд боби китоб шарҳ медиҳад ва ба хулоса меояд, ки “бояд фаъолияти додгоҳҳои иқтисодӣ танзим карда шуда, онҳо танҳо дар асоси қонун мунсифона ҳукм бароранд” (саҳ. 204). Ба назари ӯ, дар ин соҳа камбудиҳо зиёд буда, танҳо бо роҳи ислоҳоти ҷиддӣ метавон онҳоро бартараф намуд. Ӯ фикрашро идома дода, мегӯяд, ки вазъияти баамаломада “иродаи сиёсиро дар сатҳи олӣ тақозо мекунад”. Яъне, ба роҳбарияти олии кишвар муроҷиат карда, иродаи сиёсии Ҳукуматро зери шубҳа қарор медиҳад.
Муаллиф, дар заминаи андешаҳояш, дар боби “Риндони ташналабро обе намедиҳад кас” нисбат ба “кулоҳбардорон” сухан ронда, нақлеро аз Панҷакент ба хотир меорад, ки дар шаъни Прокуратураи генералӣ туҳмат ва таҳқир мебошад. Вай нақл мекунад, ки кулоҳбардоре аз номи раиси Панҷакент ба Додситони кулл пораи калон дода, ӯро аз азоби санҷиш халос мекунад ва дар маблағҳои боқимондааш тӯйи бодабдабаи фарзандашро гузаронда, хисороти тӯйро аз ҳисоби раиси шаҳр мепӯшонад (саҳ. 209). Вай мегӯяд, ки “кӯшиш мекунам, бояд зуд равам, генералро пайдо кунам” (саҳ. 209). Дар ин ҷо ҳикояткунанда Додситони куллро рӯйирост таҳқир карда, ба номи ӯ доғ меорад. Магар мумкин аст, ки дар китоби оммавӣ бе санад як роҳбари мақомоти давлатӣ ва шахси баландрутбаро туҳмат кунед. Давомашро худатон қазоват намоед. 
А. Холиқзода вазъи воситаҳои ахбори омма ва матбуотро баррасӣ карда, рӯзномаҳоро ягона воситаи ошкор кардани камбудиҳои Ҳукумат медонад ва дар ин замина якчанд рӯзномаҳое, ки баста шудаанд, онҳоро таъриф карда, ба фаъолияти дигар рӯзномаҳо баҳои ғайриқаноатбахш медиҳад. Дар ин масъала низ, ақидаҳои муаллиф муғризона буда, бисёр гуфтаҳояш ба ҳақиқат ҷавобгӯ нест. 
Дар охири китоб А. Холиқзода ба масъалаҳои фарҳангӣ даст зада, дастовардҳои Эронро пеши назар оварда, аз таассуроти сафараш қисса мекунад ва соҳаҳои фарҳанги Тоҷикистону Эронро баррасӣ карда, бохти кишвар ва бурди ҳамзабононро дар ин самт мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Бояд гуфт, ки китоби А. Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар шароити феълӣ ниҳоят баҳсбарангез буда, дар он сохтори имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ба таври васеъ танқид шуда, ҳақиқати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳриф гардидааст. Муаллиф шадидан сохти мавҷударо танқид карда, аз фаъолияти Ҳукумат ва сохторҳои марбутаи он розӣ нест ва мехоҳад, ки роҳбарияти олӣ ислоҳот эълон карда, муҷиби рафъи камбудиҳо гардад. Шояд дар китоби якумаш “Моҷарои рафта” аз ин бад суханҳоро дар ҳаққи Ҳукумат гуфта, хешро ислоҳотгару давлатро заиф тасаввур карда бошад. Китоби якум ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон чоп шуда, гӯё баҳои сазовор гирифтааст. Ба назари мо, дар оянда хуб мешавад, ки чунин китобҳои оммавӣ аввал дар ягон муассисаи илмӣ ва адабӣ ё раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг баррасӣ шаванд ва баъд ба чоп тавсия гарданд. Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем пеши роҳи назарбаландони сиёсатхоҳро гирем ва фазои иттилоотиро қавитар гардонем.
Бинобар он ки мақсад нақду баррасии муҳтавои китоб буд, мо бештар атрофи ҳамин паҳлуи масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати хатоҳои техникӣ ва камбудиҳои сарфу наҳвии асар кам дахл кардем ва онҳоро ба қазовати мутахассисони соҳа ҳавола намудем. 
 
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академик
 
P.S. Бисёр хоҳиш мекардем, ки вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, мақомоти қудративу додситонӣ ба чунин китобҳо сари вақт шинос шаванд ва пеши роҳи нифоқу худхоҳӣ, шуҳрату ҳавобаландиро гиранд, то ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар пойдор бимонад ва ба рушди ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон роҳи васеъ боз гардад.
 
1 Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн, саҳ. 143-148
2 Ҳамон ҷо, саҳ. 144.
3 Ҳамон ҷо, саҳ. 145-146
4 Ҳамон ҷо, саҳ. 146.
5 Ҳамон ҷо, саҳ. 147.
6 Ҳамон ҷо, саҳ. 148.
7 Ҳамон ҷо, саҳ. 149.
8 Ғ. Ғоибов. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз: таърихи сиёсӣ ва ҷуғрофиёи таърихӣ. - Душанбе: Дониш, 2006, саҳ. 87-89.
 
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив