ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ САЙЁҲӢ. ПОЙИ МАЗОР ВА СИЛСИЛАПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ВАНҶ

ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ САЙЁҲӢ. ПОЙИ МАЗОР ВА СИЛСИЛАПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ВАНҶ

21 феврал 2023, Сешанбе
84
0
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист ва нигоҳубини ҳайвоноти нодири кишвар, муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт, ки бо ибтикори  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегарданд, аз ҷониби созмонҳои  байналмилалӣ  бо  ҷонибдории  зиёде қабул  ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Ташаббуси  кишварамон дар самти муҳофизати пиряхҳо ҳам, айни ҳол аҳамияти калонеро молик аст, зеро Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях дорад ва солҳои охир гармшавии ҳарорати сайёра ба обшавии босуръат ва дар ин замина  азбайнравии ин пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза мебошанд, оварда мерасонад.
Ҳайдаршо Ғайратов, сармутахассиси Парки миллии ноҳияи Ванҷ, дар суҳбат зикр кард, ки  бо ташаббуси  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои  соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ   Парки миллӣ  таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ин  иқдом,  пеш аз ҳама,  ҳифзи  муҳити  зебову дилрабои диёри афсонавиамон мебошад. Боз чандин нафари дигар соҳиби ҷойи кор ҳам, шуданд. Табиати зебову дилоро, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва тамошои манзараҳои нотакрори ноҳияи баландкӯҳ  кайҳо боз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст.
– Масалан, деҳаи Пойи Мазорро гирем,– гуфт Ҳайдаршо Ғайратов ва афзуд, – ин деҳа дар домони кӯҳсор, дар назди пиряхи овозадори Федченко ҷойгир буда, аз маркази ноҳия то деҳа зиёда аз 70 километр роҳ аст. Шуғли асосии бошандагони  деҳа  зироаткорӣ ва чорводорист. Зимистон дар ин мавзеъ зиёда аз ду метр барф меборад. Чун аз деҳаи Гармчашма ба боло менигарӣ, Пойи Мазор  чодари заррини гулдӯзиеро мемонад, ки хонаҳои сокинонаш  чун холи сафеди чаманистон ба чашм мерасанд.
Бори нахуст олимони табиатшиноси сатҳи ҷаҳонӣ ба ин ҷо охирҳои асри 19 омада, дар бораи Ванҷи Боло маълумот додаанд. Масалан,  энтомолог (ҳашаротшинос)-и рус Василий Фёдорович Ошанин соли 1878  дар бораи пиряхи Федченко маълумот додааст. Ӯ ба воситаи забонаи пирях, ки аз он маҷрои калони об ҷорӣ мешуд, пиряхи Федченкоро кашф намуд ва онро ба номи сайёҳи машҳур Алексей Федченко гузошт. Алексей Федченко ҳамагӣ 5 сол пеш ба ин минтақа омада буд, вале кашфи пирях ба ӯ муяссар нашуд, зеро ӯ баъди кашфи қуллаи Ленин роҳи бозгаштро пеш гирифт. Он вақт  ин тарафи маҳалро  Селдара ном мебурданд  ва зимистон аз хунукиву сербарфӣ ва дар фасли гармо  аз серобӣ касе ҷуръати сафар ба ин ҷойҳоро намекард. Алексей дар ин сафар то ҳамин ҷо омада буду баргашт ва ин сафари охирини ӯ ба  ин ҷо шуд. Федченкои 28-сола, ҳангоме ки барои саёҳати навбатӣ ба Помир омодагӣ медид, дар кӯҳҳои Алпи Швейтсария, дар пиряхи Кол-дю-Жеан бо сабаби номусоидии обу ҳаво ҷон бохт. В. Ф. Ошанин аз азми  Федченко доир ба сафари навбатӣ ба Помир  дарак дошт. Бинобар ин, раво донист пиряхи навкашфкардааш ба номи Федченкои номурод  гузошта шавад. 
Бинобар маълумоти охирин, Федченко калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ мебошад, ки ба китоби "Рекордҳои замин" ворид шудааст. Дарозияш  77 км, ғафсияш аз 700 то 1000 метр ва паҳноияш ба ҳисоби миёна  1,8 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.
Дар бораи саёҳати  сайёҳони русу аврупоӣ ба ин тарафҳо  Павел Лукнитский дар  китобаш – “Саёҳат  дар Помир”, ки нашриёти  “Молодая гвардия” (Москва) соли 1955 ба табъ расондааст, ҳикоятҳои ҷолиб овардааст. Худи Павел Лукнитский ба ин тарафҳо соли 1928 омада буд.
Деҳа аз он ҷиҳат ҷолибу машҳур аст, ки дар ин ҷо  пиряхи Хирсон доман густурда аст, ки  яке аз пиряхҳои серҳаракаттарин  ва хавфноктарин маҳсуб меёбад. Бори аввал мутахассисон ҳаракати пиряхи Хирсонро соли 1962  мушоҳида карданд, ки дар як шабонарӯз 50 метрро ташкил медод. Соли 1963  суръати ҳаракати  пирях  батадриҷ рӯ ба афзоиш ниҳод, ки хатари ҷиддиро ба бор овард.  Хушбахтона, дар ниҳоят  пиряхи Хирсон ба кӯҳи тарафи муқобил бархӯрд ва аз ин ба  мардуми деҳаву ноҳия  осебе нарасид. Вале дар натиҷаи бархӯрди  пирях ба кӯҳи тарафи муқобил сарбанди мустаҳками яхине эҷод шуд, ки оқибати ваҳмангезе ба бор овард. Тадқиқотчиён муайян намуданд, ки Хирсон солҳои 1914, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2002 ҳаракат карда, пеши дарёи Ванҷобро бастааст ва ҳар бор хисороти зиёде боқӣ гузоштааст. 
Пиряхҳои Кашолаях ва Ғармо низ, дар ин мавзеъ ҷой  доранд. Дар умум, ин силсилапиряхҳо захираи калони обиро ташкил медиҳанд. Вале тавре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, солҳои охир  камшавии масоҳати пиряхҳо, ҳатто аз байн рафтани баъзе аз онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин оқибати ваҳмангез дорад. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2022 зимни Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар масъалаи об  таъкид намуданд, ки тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пир-яхи Тоҷикистон аз байн рафтааст. Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, – таъкид намуданд Президенти мамлакат, – аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Бинобар ин,  ташаббуси роҳбарияти  олии кишвар ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад ва барои ҳамин ҳам,  аз  тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив