ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЛЛА. МОДАРОНИ ҶАВОН ОНРО ФАРОМӮШ КАРДАНД?

АЛЛА. МОДАРОНИ ҶАВОН ОНРО ФАРОМӮШ КАРДАНД?

20 декабр 2023, Чоршанбе
88
0

 
Бо вуҷуди он ки ҷаҳони имрӯз ҷаҳони техникаву технология аст ва ҳар ҷомеа ба ҳар шева мехоҳад замонавӣ  бошад, ҷойгоҳи сутурги фарҳанг ва оинҳои гузаштаро унсурҳои ёрирасони имрӯза пур карда наметавонанд. Баръакс, барои руҳ, ирода ва виҷдони мо мусиқӣ, рассомӣ, шеър ва суруди зинда заруртару пуртаъсиртар аст. Яке аз чунин ёдгориҳои беназири мардуми мо, ки аз насл ба насл мегузарад, таронаи алла мебошад, вале, мутаассифона, насли нави духтарони мо, ки толеи баланди модарӣ насибашон мешавад, аз он дуранд ё дурӣ меҷӯянд.
АЛЛА ЧӢ СУРУД АСТ?
Дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг дар робита ба ҷамъоварии матнҳои алла ва тавсифи вежагиҳои он як силсила корҳо анҷом ёфта бошад ҳам, аммо дар мавриди чаро аллагӯӣ аз байн меравад, камтар тафсилот додаанд ё хомӯширо беҳтар донистаанд.
Аз ҷумла, дар маҷмуаи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» омадааст: “Алла яке аз жанрҳои маъмули анъанаҳои шифоҳии халқи тоҷик аст, ки бо савту навои дилангезу гӯшнавоз дар сари гаҳвораи кӯдак аз ҷониби модар сароида мешавад. Суруди алла бо садои ҷунбиши гаҳвора ҳамоҳанг аст, ки кӯдак бо шунидани он меҳру муҳаббат ва навозишу отифати модарро дар ҷисму ҷони худ эҳсос карда, оромишу роҳат меёбад. Аз ин ҷост, ки аҳли қалам алларо беҳтарину шевотарин суруди зиндагибахш қаламдод кардаанд. Равоншиносону пажӯҳишгарон бар он андешаанд, ки ин тарона дар тарбияи равонии кӯдак нақши муҳим мебозад”.
Алла аз матнҳои гуногуни манзум иборат буда, дар таркиби он рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, ғазалгунаҳо низ ба назар мерасанд. Матни суруд одатан, аз ҷониби модарон эҷод шуда, бо мурури солҳо аз як шахс ба шахси дигар, аз як насл ба насли дигар интиқол меёбад ва хусусияти фолклорӣ пайдо мекунад. Равоншиносон хулоса кардаанд, хурдсолоне, ки аз модаронашон алла шунидаанд, оромтабиат, нарммиҷоз ва меҳрубонтаранд, нисбат ба он кӯдаконе, ки аз он бенасиб мондаанд.

ЧАРО ФАРОМӮШ ШУД?
Алла дар зоти худ аввалин шеър, оҳанг ва суруд аст, ки кӯдакони мо мешунаванд. Дуруст фармудаанд, ки ҳанӯз ҳеҷ шоир, сароянда ё оҳангсоз дар пояи алла асар эҷод накардааст. Бо вуҷуди ин ҳама шукӯҳ, имрӯз сароиши алла қариб, ки аз байн рафтааст. Мутахассисон, табибон, адибон ва мардуми одӣ дар ин маврид андешаҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, табиби ҷарроҳ аз бемористони “Ёрии таъҷилӣ” Саодат Шарифзода дар он фикр аст, ки алла беҳтарин усули оромиши тифл ва асабҳои нозуки ӯст. Ин тарона дар худ хусусияти баланд бардоштани тавонмандиро (масуният) дорад. Махсусан, ҳангоми шаб шунидани алла бисёр муассир аст, зеро он ҳама тарсу беқарории давоми рӯз дар организми ҳассоси кӯдак ҷамъшударо бартараф мекунад ва сабаби ба хоби амиқ рафтан мешавад. Ба хоби амиқ (ба қавли мардум, ба хоби сахт) рафтани навзод гарави саломатии руҳонии вай аст.
Бону Шокирова, омӯзгори мусиқӣ аз шаҳри Душанбе чунин гуфт: “Ҳоло ҷавондухтарони мо ба он сабаб алла намесароянд, ки донишу фаҳмиш ва завқи корнахӯрда доранд. Маълум мешавад, ки дар оила суруду таронаҳои хубу бомазмун нашунидаанд ва дар мактаб низ муаллимон дарси суруд ва мусиқиро сатҳӣ омӯзондаанд...”.
Ҳамроҳҷон Қодирова, як тан аз омӯзгорон ба дунёи телефонҳои мобилӣ ғарқ шудани модарони ҷавонро бо изтироб маҳкум мекунад: “Сад афсус, ки модарони ҷавони мо дар олами маҷозӣ бештар ҳузур доранд ва аз зиндагии воқеӣ дуранд. Ҳатто, дар гулгашту хиёбонҳо мебинем, ки тифл даруни аробача мехобаду дар гӯши модараш наушник аст. Бо ин ҳол наметавон оянда аз фарзанд меҳру муҳаббат интизор шуд. Дунё дунёи гардиш аст, меҳр додед, меҳр мегиред ва бетаваҷҷуҳиву бемуҳаббатӣ ҳатман ҷавоби сазовори худро дорад”.

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА РАҒМИ ФАРОМӮШӢ
Мазмуни сурудҳои алла бештару пештар аз орзуву омоли модар, тавсиф ва меҳрубонии тифл иборат буда, мисли қиссаву афсонагӯӣ ва достонсароӣ, як ҷузъе аз фарҳанги куҳани тоҷикон аст. Барои аз байн нарафтани ин анъанаи неки ниёгон давлату Ҳукумат низ чораандешӣ мекунад. Аз ҷумла, дар се марҳила гузаронда шудани Озмуни ҷумҳуриявии "Суруди Алла" таҳти унвони "Алла – ифшогари орзуҳои Модар", озмунҳои “Ҳусноро”, “Чакомаи гесӯ”, “Ҳунарманд” ва “Гурдофарид” далели ин гуфтаҳоянд. 
Бавежа, озмуни "Суруди Алла" ҳамасола аз моҳи январ шуруъ мешавад ва дар Рӯзи модар ҷамъбаст гашта, духтарони ҳунарманду боистеъдод қадр мешаванд.
Ҷумҳура Муҳиддинова, омӯзгор, пешниҳод мекунад, ки Озмуни ҷумҳуриявии "Суруди Алла" дар як сол ду бор гузаронда шавад ва духтарони синни балоғат бе истиҳола иштирок ва тараннуми алларо омӯзанд. 
Ҳанӯз замони шуравӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашова суруди “Тифли гирёнам калон шав”-ро бори нахуст иҷро кард, ки бар матни Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ сохта шуда буд. Матн ва оҳанг таъби дили мардум буд ва то ҳол онро сари гаҳвораи фарзандон ва озмунҳо месароянд. «Алла» аввалин филми муаллифии Давлат Худоназаров аст, ки сару садоҳои зиёд дошт.
Ин тарона, ки дар Бадахшон бо номи “лалайик” машҳур аст, ҳангомаҳои дигар дорад. Аз ҷумла, соли 1989 Олег Фезов “Лалаик” ном таронаро бо истифода аз фарҳанги мардумӣ ва бо забони шуғнонӣ эҷод кард, ки ҷаҳонӣ шуд. Онро Наргис Бандишоеваи 22-сола (равонаш шод бод!) дар Озмуни байналмилалии “Садои Осиё” суруд ва байни 150 овозхони кишварҳои пасошуравӣ пирӯз омад. Соле пеш Манижа Сангин, сарояндаи маъруфи муқими Россия ҳам ин таронаро бозхонӣ кард.
Аз ин ҳама далелҳо бармеояд, ки набояд алларо ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд. Баръакс, алорағми пуркориву мавҷи бешумори иттилоъ аз фазои маҷозӣ модарони ҷавони мо бояд алла сароянд ва сари гаҳвораи тифлонашон орзуву ормон, меҳру муҳаббат ва башардӯстиро тарғиб кунанд. “Сабзтарин тарона”-и шоир Сармад ин аст:
Модарон шодоб бод андар сари гаҳвораҳо,
То суруди алла ояд аз бари гаҳвораҳо.
Аз дили гаҳвора меояд садои зиндагӣ,
Дидаи мо нақшбанди манзари гаҳвораҳо.
Эй дил, аз бешу ками дунё даме бегона шав,
Бӯи тифлӣ мерасад аз бистари гаҳвораҳо.
Осмони чашми модарҳои мо пурнур бод,
Аз фурӯғи ҷовидони ахтари гаҳвораҳо. 

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив