ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪРИХНИГОРИ МИЛЛАТ

ТАЪРИХНИГОРИ МИЛЛАТ

02 январ 2024, Сешанбе
36
0

 
Бобоҷон Ғафуров саводи ибтидоиро аз модар – шоири маъруф Розия Озод гирифта, сипас таҳсилро дар мактаб-интернати Қистакӯз (Хистеварз) идома медиҳад. Сарварии ин дабистонро шахси оқилу фозил, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳасанов ба уҳда дошт. Розия Озод пайваста ба хабаргирии писар меомад ва чанд муддат меҳмони ин хонавода мешуд. Ҳамин рафтуомади пайваста боиси дӯстии ду хонавода гардид. Бобоҷон Ғафуров ба Абдуғаффор Ҳасанов, ки нахустустодаш буд, эҳтироми хосса дошт. Баъдтар, профессор Усмонҷон Ғаффоров, фарзанди Абдуғаффор Ҳасанов, ки бо Бобоҷон Ғафуров шиноси наздик буданд, дидаю шунидаҳояшонро аз рӯзгор ва корномаи илмии академик хеле самимӣ рӯи коғаз оварда, бо номи “Алломаи замон” китоби хонданбобе навиштанд, ки соли 1998 нашр шуд.
Қобили зикр аст, ки устоди Бобоҷон Ғафуров – Абдуғаффор Ҳасанов, воқеан ҳам, хазинаи илм ва яке аз беҳтарин донандагони таърихи адабиёти тоҷик буд. Агар гӯям, ки меҳри донишомӯзиро дар дили Бобоҷон Ғафуров баъд аз модар маҳз ҳамин марди хирадманд бедор кардааст, иштибоҳ нахоҳад буд. 
Тавре дар шарҳи ҳоли устод зикр шудааст, ӯ баъд аз хатми мактаб – интернати Қистакӯз (Хистеварз), “солҳои 1924-1926 дар мактаби нави зинаи дуюми шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, дар як вақт ба сифати коргар – шогирд дар  корхонаи  қаннодӣ  кор кардааст. Хониши аъло, донистани забони русӣ ва маҳорати ташкилотчигии Бобоҷон Ғафуров аз назари омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса дур намонд ва соли 1922 ӯро ба сафи ташкилоти комсомолӣ пазируфта, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуданд. Солҳои 1926-1928 Бобоҷон Ғафуров аввал ба сифати мудири шуъбаи кор бо мактаббачагон ва мудири шуъбаи фарҳанг, сипас котиби кумитаи ноҳиявии комсомоли Хуҷанд кор кардааст... Дар ҳамин солҳо баробари корҳои заҳматталаби ҷамъиятию ташкилӣ Бобоҷон Ғафуров фаъолона даст ба корҳои эҷодӣ мезанад ва нахустин мақола ва ҳаҷвномаҳои худро таҳти унвони “Омад-омади автобуси Хуҷанд”, “Хиёнаткорони Исфисор”, “Аз дафтари се нафар ҷинояткор”, “Аз аҳволи се нафар мунофиқи номдор” дар саҳифаҳои “Овози тоҷик” ва “Бедории тоҷик” аз чоп мебарорад...
Дар ин шароити ҳассос на ҳама ба таълифу баррасии чунин мавзуъҳо даст мезад, зеро ҳар як навишта ва ё гузориши матбуотӣ хатар ба ҷону зиндагии муаллиф дошт”.
Онҳое, ки аз шарҳи ҳоли устод воқифанд, медонанд, ки ӯ дар он айём, яъне дар охири солҳои бистум ва оғози сиюм ҳамчун рӯзноманигори соҳибқалам ва ходими ҳизбию ҷамъиятӣ эътироф шуда буд. Бинобар ин, соли 1931 роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро ба хотири такмили дониш “ба бонуфузтарин мактаби олии вақт – Институти иттифоқии коммунистии рӯзноманигорӣ дар Москва мефиристад. Солҳои таҳсил (1931-1935) барои ин ҷавони боистеъдоди тоҷик баробари кашфи нозукиҳои ҳунари рӯзноманигорӣ марҳалаи ошноӣ бо илми таърих, хусусан таърихи халқи тоҷик гардид. Ҳамон солҳо вай таҷрибаомӯзиро дар идораҳои рӯзномаҳои бонуфуз, ба мисли “Правда” ва “Известия” гузаронда, малакаи хуб пайдо мекунад. Бобоҷон Ғафуров аввалин тоҷикест, ки соҳиби таҳсилоти олии касбии рӯзноманигорӣ гардида буд.”
Пас аз хатми мактаби олии рӯзноманигорӣ Бобоҷон  Ғафуров  ба Тоҷикистон баргашта, “муддате ба сифати муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири рӯзномаи “Қизил Тоҷикистонӣ (1935-1936), инструктори КМ ҲК Тоҷикистон, мудири шуъбаи матбуоту нашриёти КМ (1937-1939), мудири бахши сиёсӣ ва маърифатии КМ (1939-1940) фаъолият менамояд. Бо ташаббуси ӯ баҳри омода намудани рӯзноманигорони ҷумҳурӣ курси шашмоҳа ва соли 1937 курси дусолаи тайёр намудани муҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ ташкил карда шуд. 
Дар баробари ин, бо талош ва заҳмати ӯ дар давоми солҳои 1938-1939 нашри ду маҷалла – “Коммунисти Тоҷикистон” ва “Корманди ҳизбӣ” дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Маҷаллаҳои нав зери таҳрири Бобоҷон Ғафуров нашр мешуданд ва яке аз фаъолтарин муаллифон худи ӯ ба шумор мерафт.”     
Нигоштаҳои мазкурро аз шарҳи ҳоли муаллифи шоҳасари “Тоҷикон” ба хотири он айнан овардам, то бори дигар ба нотавонбинон ва ҳасудони аллома гӯшзад бикунам, ки “теғи камолаш тез буд.” 
Таълифи шоҳасари “Тоҷикон” як таконе буд дар илми ховаршиносии ҷаҳон. 
“Нашри китоби “Тоҷикон”, - нигоштаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори “Тоҷикон”, ки аз нав дар як ҷилд бо теъдоди 1 600 000 интишор шуда, ҳамчун туҳфа аз номи Сарвари давлат ба шарафи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар тақдим гардид, – дар он солҳо яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар илми ховаршиносии Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон ба шумор мерафт.  
Табиист, ки дар он замон интишори китоб бо номи “Тоҷикон” кори осон набуд ва на ҳар шахсияти сиёсиву илмӣ ба чунин иқдом даст мезад. Вале мақоми илмиву ҷамъиятӣ ва ҷасорату матонати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ӯ асари худро маҳз бо ҳамин ном интишор кунад ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд. 
Асари мазкур дар радифи “Намунаи  адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ ба олимоне, ки таърихро таҳриф намуда, мавҷудияти халқи тамаддунсози тоҷикро эътироф намекарданд ва ақидаҳои ғаразнок паҳн менамуданд, ҷавоби қатъии илман асоснок гардид”.
Дар мақолаи “Ёде аз Иосиф Брагинский”-и адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов омадааст: “Баъди аз чоп баромадани “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров алайҳи муаллифи он гуфтугузоре бархост, ба унвони Бюрои сиёсӣ аз болои Б. Ғафуров чун миллатгаро даъво пешниҳод карда шуд. Ин дар замони роҳбарии Л. Брежнев сурат гирифт. Даъво ҷиддӣ буд. Анқариб қарори Бюрои сиёсии  КМ КПСС дар ин бобат ба тасвиб мерасид. Ин дам абармарди қазоқ, узви Бюрои сиёсӣ Д. Қунаев ба миён даромад ва академик Б. Ғафуровро аз гирдоби бало раҳонд”. 
Шоир ва донишманди қазоқ Уттеген Кумисбоев дар мақолаи “Сарояндаи бузурги дӯстӣ”, ки муҳаббатномаест ба шоири оламшумули мо устод Мирзо Турсунзода, нигоштааст: “Ман ба гуманисти бузург Мирзо Турсунзода ва аллома Бобоҷон Ғафуров ихлоси хосса дорам ва назди руҳи поки онҳо ҳамеша сари таъзим фуруд меорам. Боре дар даҳлези Институти шарқшиносии Маскав ба Бобоҷон Ғафуров рӯ ба рӯ омадам. Вай даст ба китфи ман – қазоқбачаи хурдакак ниҳода, падарвор аҳвол пурсид. Ба ростӣ, аз ҳаяҷон нафасам ба дарун зад ва қариб буд, ки беҳуш шуда меафтидам. Охир, аз ҳайбати Бобоҷон Ғафуров ҳамаи кормандони институт меларзиданд. Вале ин марди бузург маро навозишкунон аз рафти корҳои илмиам пурсиду ба оянда дилпурам сохт. Даҳ сол зери сарварии академик Бобоҷон Ғафуров кор кардаам ва аз ин ифтихор дорам”.
Ягона эроншиноси пойтахтнишин, ки дар муборизаи дарозмуддат ва хатарноки тоҷикон дар арсаи худшиносии миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров истода, барои барқарор шудани адолати таърихӣ бо мо самимона ҳамдастӣ мекард, Иосиф Брагинский буданд. Ҳамкории пурсамари Брагинский  бо Ғафуров  аз худи оғози иншои “Таърихи халқи тоҷик” сар карда, то охири умри устод (1977) давом дошт. Дилпурона гуфта метавонам, ки дар даврони шуравӣ аз миёни эроншиносони Москваю Ленинград дар роҳи ҳимояи манфиати миллию фарҳангии халқи тоҷик ҳеҷ кас мисли Иосиф Самуилович ин қадар ҷон накоҳондааст. Баъзе ҷузъиёти муборизаҳои худро ба ёд оварда, Брагинский мегуфтанд, ки ба хотири дар илми шарқшиносӣ ҷорӣ намудани мафҳуми “адабиёти форсу тоҷик” лозим омада буд, ки ҳатто бо Е. Э. Бертелс барин посдорони суннати академӣ даст ба гиребон шаванд. Ин вақтҳо, азбаски дар Москва Брагинский барин пушту паноҳи илмӣ надорем, он ҷо аз корбурди истилоҳи “адабиёти форсу тоҷик” даст кашиданд. Пас, барои мо ин муборизаи гӯё лингвистӣ таърихан на талоши аввал асту на халоси охир!
Як факти муҳими таърихӣ ин аст, ки Ғафуровро ба дастгоҳи КМ ПК Тоҷикистон маҳз бо тавсияи Иосиф Самуилович ба кор даъват карда буданд (ба сифати инструктор дар шуъбае, ки Брагинский сарварӣ мекард)”. Ин ҳар ду олим аз ибтидои солҳои сиюм дар идораҳои КМ ПК (б)-и Тоҷикистон ва поёни солҳои 70-и асри гузашта дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ СССР ҳамдарду ҳамкор буданд. И. Брагинский аз рафоқату ҳамкориаш бо Ғафуров сухан ронда, ҳамеша аз ҳиммату марҳамати ин дӯсти содиқаш бо сипос ёдоварӣ мекард. 
Бобоҷон Ғафуров на танҳо ба адабиёти тоҷик, балки ба адибон низ эҳтироми хосса дошт. Ӯ ғамхорӣ ба адабиётро вазифаи аввалини худ меҳисобид. Бо вуҷуди серкорӣ, ӯ ҳамаи асарҳои дар он айём нашршуда, хосса асарҳои таърихиро на танҳо бо таваҷҷуҳи зиёд мутолиа мекард, балки андешаҳояшро низ иброз дошта, маслиҳатҳои муфид медод. 
Аз фавти пири муаррихони тоҷик расо чилу шаш сол сипарӣ шуд. Рӯзи видоъ бо устодро хуб ёд дорам. 14-уми июли соли 1977 мардум фавҷ-фавҷ аз ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, ки тобути устод дар толори он гузошта шуда буд, омада бо дидаи ашкбор бо марҳум видоъ мекарданд. Дар назди  тобут пирамарди нуронӣ, ҳамсинфи устод Мирзо Турсунзода – Азимбобои Қаратоғӣ марсияи машҳури зеринро мехонд:
Ғофил манишин бин, ки азизон ҳама 
рафтанд,
Аз дори фано силсиладорон ҳама рафтанд.
Ковусу Кайу Қайсару шоҳон ҳама рафтанд,
Искандару Ҷамшеду Сулаймон ҳама 
рафтанд.
Аз гулшани ин даҳр ҳазорон ҳама рафтанд...

Ёди фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар дилу дидаи мардуми тоҷик ҳамеша сабз аст.  

Карим МӮСО, нависанда

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив