ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМГИРОИИ ИЛМ ВА МАОРИФ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР

ҲАМГИРОИИ ИЛМ ВА МАОРИФ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР

12 январ 2024, Ҷумъа
180
0
Ташаккули иқтидори зеҳнӣ ва таҳкими сармояи инсонӣ шарти асосӣ ва омили муҳимтарини ҳалли мушкилоти муосири ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувор маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 дар Паёми навбатии худ хеле бамаврид таъкид намуданд: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”.

Омӯзиш ва таҳлили мафҳуми “рушди устувор” ва таъсири он ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ собит месозад, ки масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Хусусан, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи маориф ва илм, инчунин, муттаҳидсозии неруи зеҳнӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори кишварҳо дар давраи душвори замони мо тасдиқ мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан доираҳои илмӣ барои наҷот додани инсоният ва тамаддуни инсонӣ саъю талош варзида истодаанд. Айни замон, аксари муҳаққиқон бар ин назаранд, ки тамаддуни ҷаҳонӣ давраи аввали фоҷеаи худро паси сар карда истодааст ва буҳрони маориф, пеш аз ҳама, инъикос ва бозтоби буҳрони таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.   

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза башарият бо мушкилоти глобалӣ, аз қабили буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ифлосшавии муҳити зист, гуруснагӣ, нобаробарии моликият, муноқишаҳои ҳарбӣ, бештар гардидани партовҳо, тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Бинобар ин, воқеият ва моҳияти буҳрони босуръат афзоишёбандаи экологиро таъкид кардан зарур аст, ки вай торафт бештар ба сайёраи мо ва тамоми инсоният ҳамчун буҳрони ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.
Маврид ба таъкид аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеа маориф ва илм муассиртарин василаи муқовимат бо ин чолишҳо маҳсуб мешаванд. Дар ояндаи дур ё наздик бақои инсоният азнавсозии худи инсонро тақозо мекунад ва ин маънои онро дорад, ки гузаштани ин раванд бе маориф ва илм  ғайриимкон аст. Академики Академияи илмҳои Россия Н. Н. Моисеев ҳанӯз дар аввали соли 2000-ум  чунин навишта буд: «Тамаддуни нав бояд на аз иқтисодиёти нав, балки аз донишҳои нави илмӣ ва барномаҳои нави таълимӣ оғоз ёбад. Принсипҳои нави ахлоқӣ бояд ба ҳастӣ ва хуни инсон ворид шаванд».    
Хулосае бармеояд, ки маҳз маориф ва илм яке аз қадамҳои муҳимтарини рушди устувор маҳсуб шуда, заминаи муҳимтарини навсозии системаи маорифи ҷомеаи моро бояд фалсафаи нави маориф ташкил диҳад. Маориф аслиҳаи аз ҳама тавонои эҷоди  таҳаввулотест, ки барои ноил шудан ба рушди устувор зарур аст ва ҳамгироии консепсияи рушди устувор ба низоми  маориф як қадами муҳим дар ин самт мебошад.  
Дар шароити имрӯза омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи фаъолияти илмию таълимии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ вусъати тоза пайдо намуда, таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар ба худ ҷалб менамояд. Дар омӯзиш ва таҳлили тавонмандии маориф ва илм муносибатҳои педагогӣ, иқтисодӣ, фалсафӣ ва ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтаанд. 
Маърифати илмӣ, дар маҷмуъ, тамоми таҷрибаи андӯхтаи инсонро фаро мегирад ва аз ин рӯ, дастовардҳои илм аҳамияти умумӣ дошта, чун сарвати ҳамагонӣ арзёбӣ мешаванд. Илм нуқтаи ибтидоии суръатбахшӣ ва тавсеаи истеҳсолот маҳсуб шуда, суръати имконпазири ҳаракат ба сӯи ҳадафҳои гузошташуда ва сатҳи самарабахшии навовариҳоро муайян месозад. Бинобар ин, илм чун соҳаи махсуси фаъолияти инсонӣ ва ниҳоди иҷтимоӣ, ки дорои мантиқи қавии ботинии рушд мебошад, баррасӣ карда мешавад.
Қобили қайд аст, ки равандҳои ҳамгироии дар низоми иҷтимоии илм ва таҳсилоти олӣ баамалмеомада омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ, объективӣ ва субъективӣ, куллӣ ва ҷузъӣ, хурду бузургро муайян намуда, самаранокии истифода ва тамоили рушди неруи илмиро мушаххас месозанд.  Илм ва неруи зеҳнӣ дар низоми ҷомеа ва фарҳанг бо мазмуни бағоят гуногуншакли худ, яъне бо ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайра ворид мешавад.  
Таҷриба собит месозад, ки яке аз роҳҳои муҳим, вале ҳанӯз камтаҳқиқшудаи баланд бардоштани иқтидори илмии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳқиқоти маҷмуӣ мебошад. Он яке аз шаклҳои раванди ҳамгироии мактабҳои олиро ифода  намуда, барои такмили сифати омода кардани мутахассисон низ аҳамияти муҳим дорад. Сохтори мактабҳои олӣ, мавҷудияти донишгоҳҳои классикӣ ва техникӣ, кафедраҳои гуногунсоҳа ва ниҳодҳои илмӣ, тавонмандии кадрӣ аз рӯи тамоми соҳаҳои дониш имконият медиҳад, ки мактабҳои олӣ ба тарҳрезии барномаҳои илмии байнисоҳавӣ ҷалб карда шаванд. 
Мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти  низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шакли донишгоҳ, академия ва донишкада амал мекунанд. Дар низоми мактабҳои олии кишвар ба донишгоҳ, ки системаи инкишофёфтаи таҳқиқоти илмӣ дорад, нақши пешбар муайян карда шудааст. Донишгоҳҳо, ки ҳамеша донишҳои нави илмиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, дорои дониши сатҳи олӣ ва омодагии касбӣ пайваста машғул мебошанд. 
Бешубҳа, ташаккул ва рушди шакли нави тафаккури мутахассисони оянда ба барномаҳои таълимии маълумоти олии касбие вобаста аст, ки дар он соҳаи дониш (бахусус, дониши илмӣ) тафриқаи маъмули илм ба самтҳои табиатшиносӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва таълимиро инъикос менамояд. Дар барномаҳои таълимӣ шаклҳои мухталифи фаъолияти касбии хатмкунандагон ба инобат гирифта мешаванд. Бинобар ин, зарурати илман асоснок намудан ва таҷдиди нақшаҳои таълимӣ, ташкили ихтисосҳо мутобиқ ба бозори меҳнат, таҳияи барномаҳои маҷмуӣ ва сохторӣ, аз нигоҳи риёзӣ, иттилоотӣ-технологӣ, иқтисодӣ ва экологӣ омода кардани донишҷӯён ва аз лиҳози ҷаҳонбинӣ ва методологӣ тайёр  кардани хатмкунандагони оянда ба вуҷуд меояд. Таҳияи барномаҳои таълимии маҷмуӣ дар асоси ҳамгироии байнисоҳавии илм имкониятҳои таъмини ҳадафноки мутахассиси ояндаро бо равобити байнифаннӣ, ошкор намудани моҳият ва ягонагии донишҳои илмии муосир вусъат мебахшад.  
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити муосир таҳсилоти олии касбӣ яке аз  соҳаҳои фарогир ва муҳимтарини фаъолияти инсонӣ мебошад, ки ба тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоӣ ҳамгиро аст. Тавонмандии низоми таҳсилоти олӣ бо қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои ҳам шахсият ва ҳам ҷомеа ба хизматрасонии  сатҳи олии таҳсилот дурнамои рушди иқтисодӣ ва маънавии кишварро муайян месозад. Аз ин рӯ, тадқиқоти илмие, ки дар мактабҳои олӣ анҷом меёбанд, дар  тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгорӣ, хусусан ташаккули мафкураи илмии онҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд. 
Дар шароити кунунӣ, ки талабот ба гуногунии самтҳои ихтисосҳо меафзояд, бештар шудани вазифаҳои илмӣ ва иҷтимоӣ-амалӣ, зарурати омезиш ва робитаи байни фанҳо низ бештар мешавад, ки онро метавон ба ду самти зерин ҷудо кард:  бунёдикунонии фанҳои махсус ва ҷанбаи амалӣ додани фанҳои назариявӣ. Барои мактабҳои олии техникӣ ин маънои тақвияти асосҳои табиатшиносӣ, иҷтимоӣ-тамаддунӣ ва иҷтимоӣ-фалсафии илмҳои техникӣ ва техникикунонии омодагии умуминазариявиро дорад. Барои дастёбӣ ба дониши бунёдии мутахассисон (муҳандисон – тадқиқотчиён ва олимони таҳқиқоти амалӣ) дар соҳаҳои  зудинкишофёбандаи илм ва техника, бояд дониши амиқи илмҳои бунёдӣ (риёзиёт, физикаи назариявӣ, информатика, кибернетика, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ) асоси омӯзишу таълим қарор дода шавад. Таҷзияи донишҳо боиси афзоиши алоқамандии мунтазами фанҳои гуногун мегардад, ки барои тарбияи мутахассисони дорои касбҳои  гуногун ва хусусан маҷмуӣ муҳим аст.  
 
Ҳамгироӣ дар илм маънои бунёдисозии онро дорад, ки нақши  омили ба худ хоси қувватдиҳандаро иҷро мекунад. Он мазмун ва моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар илмро муайян намуда, имконият медиҳад, ки дар шароити мактабҳои олӣ робитаи байни фанҳо нигоҳ дошта шавад. Ин иртибот дар мазмуни фанҳои таълимӣ, инчунин, боҳамалоқамандии диалектикӣ, ки дар табиат ва ҷомеа ба таври объективӣ амал  намуда, тавассути илмҳои муосир дарк карда мешаванд, ифода меёбад. Бинобар ин, алоқаи байни фанҳоро бояд чун эквиваленти робитаи байниилмӣ баррасӣ кард. Бунёдисозии таҳсилот бо таҷдиди мазмуни таҳсилот, дар барномаҳои курсҳои таълимӣ дохил кардани дастовардҳои охирини илм ва техника, таъсиси курсҳои ҳамгироишуда иртибот дорад. Аз нуқтаи назари «истеъмолӣ» чунин иртибот маънои онро дорад, ки мутахассис бо назардошти талаботи бозор ва меҳнати зеҳнӣ қобилияти бозомӯзӣ ва тағйир додани касби маҳдуди худро дорад. Маҳз иҷрои ҳамин гуна талабот имкон медиҳад, ки мутахассис чун  қувваи кории муосир дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад. 
Дастовардҳои нави илмӣ бояд дар курсҳои таълимӣ ҳарчи  зудтар мавриди истифода қарор дода шаванд, аммо таҳқиқоти ба он асосёфтаро фақат дар сурате ба раванди таълим ворид намудан мумкин аст, ки он воқеан муфид ва ояндадор бошад. Гузаштани мактабҳои олӣ ба тарбияи мутахассисони дорои дониши васеъ алоқаи ҳамаҷониба, маҷмуӣ ва ҳамгироии байни равандҳои таълим ва илм, байни тавонмандии илм ва маорифро таъмин месозад. Дар натиҷа миқёси фаъолияти тахассусӣ васеъ мешавад ва барои фаъолияти ояндаи касбии донишҷӯён зарурати аз худ кардани маҷмуи вазифаҳои амалӣ, таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва идоракунӣ меафзояд. Дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муттаҳидсозии иқтидорҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва коркардҳои мушаххас ба амал меояд. 
 
Бояд таъкид намуд, ки зимни баррасии ҷанбаҳои фалсафӣ-методологӣ ва иҷтимоии раванди тафриқа ва ҳамгироии илми мактабҳои олӣ дар рушди илм ду тамоили бо ҳам зид зоҳир мешаванд. Яке парокандашавӣ, ба соҳаҳо ҷудошавии илм, яъне тафриқасозӣ ва дигаре баръакс, кӯшиши муттаҳидсозии илмҳои пароканда дар низоми умумии донишҳои илмӣ, яъне ҳамгироӣ (интегратсия) мебошад. Таҳлили ин масъала нишон медиҳад, ки ҷузъҳои алоҳидаи маърифати илмӣ батадриҷ объекти фаъолияти таҳқиқотии муштараки олимону мутахассисони соҳаҳои мухталифи табиатшиносӣ, илмҳои техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ қарор гирифта, талоши умумӣ баҳри ворид гардидан ба қонуниятҳои дохилии ашёҳои табиат, ошкорсозии раванди тағйирот ва инкишофи онҳо равона мегардад. Ҳамчунин, ба вуҷуд омадани алоқамандии байни равияҳои илмии гуногун боиси ба вуҷуд омадани илмҳои бо ҳам наздик ва аз якдигар вобаста мегардад. Баъдан, дар раванди ҳамгироии илм дар бораи табиат боз як шакли сифатан нав ва нисбатан мураккабтари он зуҳур намуд, ки боиси ба вуҷуд омадани  як  зумра илмҳои дигар гардид. Равияҳои нави илмӣ бо он фарқ мекунанд, ки дар таркиби онҳо мафҳумҳо, қонунҳо ва назарияҳои дар сатҳи нисбатан баланд ва усулан нав ҷамъбастгардидаи се ё чор илм дар бораи табиат, аз қабили, биогеохимия, биологияи молекулярӣ, геопланетология, кибернетика, биофизикаи молекулярӣ, синергетика ва ғайра ворид шудаанд, ки номи илмҳои синтетикиро гирифтанд. Бояд таъкид намуд, ки илмҳои алҳол бавуҷудомада ҷудоии байни илмҳоро на танҳо тавсеа намебахшанд, балки баръакс, барои бартараф намудани ҷудоии қаблии  онҳо мусоидат менамоянд. 
Вусъат ёфтани илми мактабҳои олӣ рушди таҳқиқоти аз нигоҳи мазмун ва шакл, аз ҷиҳати такмили идоракунии илм, амиқсозии таҳлили самарабахшии таҳқиқоти илмии нисбатан ояндадорро талаб менамояд. Дигаргуниҳои куллӣ дар сохти давлатӣ - сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии ҷумҳурӣ ҳадафҳо ва вазифаҳои нави низоми таҳсилоти олиро ба миён мегузорад. Имрӯз зарурати воқеии таъсиси марказҳо ва озмоишгоҳҳои соҳавӣ ва байнисоҳавии таълимӣ-иттилоотӣ доир ба самтҳои муҳими илм, таъмини роҳбарии методии чунин озмоишгоҳҳо ва ҷалби онҳо ба раванди таълим дар мактабҳои олӣ ва низоми бозомӯзии кадрҳо бо иштироки бевоситаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ ба вуҷуд омадааст.    
Ҳоло ҳамкории мактабҳои олӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ дар самти се низоми муҳимтарин – «илм», «таҳсилоти олӣ» ва «истеҳсолот» новобаста аз гуногунии сатҳи инкишофи онҳо, дар зинаи шаклгирии маҷмуаҳои илмӣ-таълимӣ-истеҳсолӣ қарор доранд. Муҳимият ва дурнамои вазифаҳои зикршуда дар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» ва «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030” зикр гардидааст. Яке аз вазифаҳои стратегӣ аз он иборат аст, ки бояд ҳамгироии пажӯҳишгоҳҳои академӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ тақвият ёбад. Тибқи стратегияи қабулгардида тарҳрезии тадбирҳое пешбинӣ шудааст, ки амалисозии онҳо барои муттаҳид шудани тавонмандии илмии пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияи илмҳои соҳавии ҷумҳурӣ (кишоварзӣ, таҳсилот) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад низоми омода кардани мутахассисони ҷавон бештар ҳадафманд ва самарабахш гардад. 
 
Бояд тазаккур дод, ки ин ҷо, қабл аз ҳама, ҷалби кормандони пешбари илмии академӣ ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ мондани таҳқиқоти муштарак, хондани лексия, роҳбарӣ ба аспирантҳо, навиштани китобҳои дарсӣ дар назар гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, донишҷӯён барои наздикӣ пайдо намудан ва бевосита ширкат варзидан зимни гузарондани таҳқиқоти илмӣ дар пажӯҳишгоҳҳои академӣ имконияти бештарро дарёфт менамоянд. Дар ин раванд бояд шаклҳои гуногунтарини ҳамгироии бахшҳои илми академӣ ва мактабҳои олӣ мавриди истифода қарор гирад. Дар иртибот ба ин, ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бобати дар назди ин мактаби олӣ таъсис додани Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ҷолиби таваҷҷуҳ ва қобили дастгирӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ, дар баробари кормандони худи Донишгоҳ, инчунин, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – мутахассисони соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ низ кор мекунанд. Дар чунин фазо донишҷӯёну унвонҷӯёни факултетҳои табиатшиносӣ имкон пайдо менамоянд, ки кори илмии худро зери роҳбарии ҳам олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иҷро кунанд. Чунин ҳамгироӣ барои гузарондани ислоҳот ва рушди самараноки бахшҳои  мухталифи илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат хоҳад кард. 
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва дастгирии моддии мутахассисон – хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ба кор қабул намудани онҳо дар асоси шартнома ҷиҳати иштирок дар иҷрои тарҳҳои илмӣ, барномаҳои ҳадафманди комплексӣ ва қарордодҳои хоҷагӣ зимни муқаррар намудани музди меҳнати дахлдор пешбинӣ мешавад. 
Ҳамчунин, анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии муштараки кормандони пажӯҳишгоҳҳои академӣ, пажӯҳишгоҳҳои соҳавии илмӣ-таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олӣ мутобиқи шартнома дар бораи ҳамкорӣ, кор бо тарҳҳои муштарак аз рӯи гранти созмонҳои байналмилалӣ ва мутобиқи супориши вазоратҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар асоси имзо кардани қарордоди хоҷагӣ низ дар назар дошта мешавад.  
Масъалаи ҷалби олимону мутахассисон ҷиҳати фаъолияти муштарак дар иҷрои барномаҳои ҳадафманди комплексӣ оид ба проблемаҳои муҳиму мубрами илмӣ, илмӣ-техникӣ ва тадбирҳои зикршуда дар Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005–2008, Барномаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, амсоли энергияи дарёҳои хурд, Офтоб, шамол, биомасса, энергияи манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015 ва ғайра зоҳир мешавад.  Дар марҳилаи имрӯза бошад, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030”, Барномаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои  солҳои 2021-2030” ва ғайра барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо мусоидат хоҳанд кард. 
Аз таҳлили шаклҳо ва роҳҳои баррасишудаи муайян намудани низоми илм ва таҳсилоти олӣ чунин хулосае бармеояд, ки дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ тамоили ҳамгироии илмӣ, педагогӣ ва вазифаҳои истеҳсолӣ, ки дар он қонуниятҳои нисбатан умумитар, яъне рушди фаъолияти инсонӣ бо ҳамоҳангсозии он мушоҳида мешавад, равшан зоҳир шудааст. Ягонагӣ ва боҳамалоқамандии мунтазами раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ ба ташаккули шахсияти комил ва ҳамаҷониба инкишофёфтаи ҷомеаи муосир мусоидат мекунад, ки ин дар санадҳои муҳими давлатии зикргардида инъикос ёфтаанд. 
Қобили қайд аст, ки кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муосирсозии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ бевосита зарурати тағйири ҳадафҳо ва аниқ кардани парадигмаи таҳсилоти олиро ба  миён меорад. Таҳсилоти олӣ ба соҳаи бузургтарини  иқтисоди ҷумҳурӣ табдил ёфта, аз як тараф, ба ташаккул ва рушди қувваи асосии истеҳсолӣ – инсон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, он манбаи муҳимтарини ташаккули ҷаҳонбинӣ, методология ва нишондиҳандаи фарҳанги ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад.   
 Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият амалӣ намудани сиёсати мақсаднок оид ба тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ барои таъмин намудани талаботи муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад. Роҳбарияти давлату Ҳукумат хуб эҳсос  намудаанд, ки дар замони муосир рақобатпазирии давлатҳо бештар аз рӯйи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки  донишҳои навро тавлид ва  самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад.  Дар ин раванд илму дониш ба соҳаи муҳиме табдил меёбад, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, ин омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, нерӯи зеҳнии ҷомеа дар ҷаҳони муосир  ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушд табдил ёфта, заиф гардидани он дар мадди аввал ба амният ва истиқлолияти кишварҳо таъсир хоҳад расонд. 
Вобаста ба мушкилоти сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ, ки дар шароити муосир арзи ҳастӣ доранд, ба андешаи мо, ҳамгироии неруи зеҳниро шартан ба се сатҳ ҷудо намудан мумкин аст. Сатҳи аввал аз таҳқиқи мушкилоти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодии сатҳи ҷумҳуриявӣ иборат буда, ҳамгироии илм дар ин сатҳ, пеш аз ҳама, бояд ба ҳадафҳои стратегии мамлакат нигаронда шавад. Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегиро муайян намудааст, ки барои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Бинобар ин, самтҳои афзалиятноки илм низ бояд маҳз дар чаҳорчӯби ин ҳадафҳо таҳия гардида, неруи илмии тамоми муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, дар мадди аввал, ба таҳқиқ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот равона карда шаванд.    
Бояд зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илми кишвар (соли 2020) доир ба самтҳои афзалиятноки илм дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки: “Самту равияҳои афзалиятнок дар ин марҳала бояд, пеш аз ҳама, ба навсозӣ ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд”. 
Воқеан, муайян гардидани ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат чун равияҳои афзалиятноки илм беҳтарин ва муҳимтарин василаи муттаҳид намудани неруи зеҳнии мамлакат, хотима бахшидан ба бисёрмавзуӣ, таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ дар самти илм ва таҳқиқоти илмӣ мебошад.
Ин се самти муайяншудаи афзалиятноки илм имкон медиҳад, ки илм минбаъд дар ҳалли мушкилоти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муассир гузошта, барои ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёфтани илм мусоидат намояд.  
Сатҳи дуюми ҳамгироии илм ба мушкилоти сатҳи минтақавӣ ва фазои кишварҳои ИДМ дахл дошта, бештар он масоили ҳалталаберо дар бар мегирад, ки дар ҳудудҳои мазкур вуҷуд доранд. Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқ ва омӯзиши масоили мазкур маҳз тавассути ҳамгироии иқтидори илмии кишварҳои дахлдор бояд сурат гирад. Дар замони истиқлолият доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи илму техника бо кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки ҳадафи ҳамаи онҳо интегратсияи илм ё худ муттаҳид намудани иқтидори зеҳнии кишварҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти умумӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар ин марҳала миёни муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти илм ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба имзо расидааст, ки барои фаъолияти муштараки онҳо дар ин самт мусоидат хоҳанд кард. Аз ҷумла, айни ҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 355 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, инчунин, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. Имкониятҳои мавҷуда, бешубҳа, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиду судманд дар самти илм, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.  
 Омӯзиш ва таҳлили мушкилот ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои минтақаи ҳамсояи Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ собит месозад, ки  дар ин самт миёни кишварҳои номбурда умумиятҳо вуҷуд доранд. Масалан, соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ дар сиёсати давлатии кишварҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон чун ҳадафҳои стратегӣ муқаррар гардида, самтҳои афзалиятноки илм низ дар ин кишварҳо маҳз ба таҳқиқ ва амалӣ намудани ин ҳадафҳо равона карда шудааст. Дар асоси созишномаҳое, ки доир ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишварҳо ба тасвиб расидааст, амалӣ намудани ҳамгироии иқтидори илмӣ баҳри роҳандозӣ намудани таҳқиқоти муштарак ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои умумӣ имконпазир хоҳад буд.  
Сатҳи сеюми ҳамгироии илм, ин муттаҳид намудани иқтидори илмии кишварҳои сайёра баҳри ҳалли проблемаҳои глобалӣ мебошад, ки ҷумҳурии мо низ аз ин раванд дар канор буда наметавонад. Бояд зикр намуд, ки мушкилоти сайёра – мушкилоти ҳамаи инсоният маҳсуб мешавад ва бинобар ин, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ тамоми неруи ақлонии инсонӣ бояд сафарбар карда шавад. Рушди босуръати илму техника, дар баробари ҳалли мушкилоти инсоният, барои аҳли сайёра мушкилоти нав, аз ҷумла гармшавии сайёра, норасогии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ, муҳоҷират, мушкилоти демографӣ, бемориҳои гуногун ва ғайраро ба миён овард. Табиист, ки дар ин замина дар назди олимон вазифаҳои нав ба нав ба миён меоянд, ки ҳаллу фасли онҳо бе муттаҳид намудани иқтидори илмии  кишварҳои олам ғайриимкон хоҳад буд. Дар ин самт барномаҳои зиёди байналмилалӣ дар марказҳои гуногуни илмии олам фаъолият дошта, таҳқиқоти муштарак амалӣ мешаванд. Тоҷикистон доир ба ҳамкориҳо дар самти илму техника бо кишварҳои зиёди хориҷӣ созишномаҳо ба тасвиб расондааст ва ин ба олимони тоҷик имкон медиҳад, то дар таҳқиқи проблемаҳои глобалӣ ширкат варзида, дар ҳалли онҳо саҳмгузор бошанд. 
 Дар маҷмуъ, ҳадафи марҳалаи кунунии ҳамгироии илмҳои академӣ ва  мактабҳои олӣ, бо назардошти дурнамои соҳаи мазкур, аз ташаккули фазои ягонаи илмӣ-таълимӣ дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва фаромиллӣ, ки шароити муносиби институтсионалӣ–ташкилӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ҳавасмандиро барои суръатбахшӣ ба таҷдиди симои прогрессивии олим ва мутахассиси асри ХХI фароҳам меорад, иборат  аст.     
Хулоса, инсоният бо амалҳои ғайриоқилонаи хеш дар садсолаи охир, на танҳо барои худ, балки барои тамоми сайёра, аз ҷумла барои олами набототу ҳайвонот мушкилот ва хатарҳои зиёдеро эҷод намудааст, ки имрӯз доираҳои илмӣ метавонанд танҳо тавассути муттаҳид намудани иқтидори илмӣ ва эҳсоси баланди башардӯстӣ барои ҳаллу фасли онҳо мусоидат намоянд. Дар марҳалаи кунунии рушди инсонӣ мушкилоти бартараф намудани парокандагии фарҳангҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими равобити байни намояндагони самтҳои гуногун ва намудҳои фарҳанг (аз ҷумла, самтҳои илм ва маориф) барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мубрам ва зарур маҳсуб мешавад. Дар заминаи ҳамгироии донишҳои илмӣ ва муҳимияти масъалаи экологикунонии таҳсилот, дар низоми маорифи саросари ҷаҳон вобаста ба донишҳои экологӣ ва фалсафаи маориф ҳамчун методологияи омӯзиши соҳаи илмӣ-таълимӣ, тағйироти назаррас ва фарогир пешбинӣ мегардад, ки он барои таҳкими ҷаҳонбинӣ, раванди ҳифзи муҳити зист ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат хоҳад кард. 
Дар робита ба гуфтаҳои боло, ба хулосае омадан мумкин аст, ки масъалаи тағйир додани ҷаҳонбинии шахс дар асоси ҳамгироии ҳамаи донишҳои илмӣ вазифаи таъхирнопазири инсоният барои ҳифзи олами атроф ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар ин раванд имкон дорад муаммоҳо ва мушкилоти дигаре низ пеш оянд, ки инсон барои ҳалли онҳо бояд омода бошад.
 
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, 
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 
ректори Донишгоҳи 
миллии Тоҷикистон
 
Санаи нашр: 11.01.2023 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив