НИКОЛАЙ ХАНИКОВ: “ТОҶИКОН САЗОВОРИ ТОҶДОРИАНД!”
Николай Хаников. Ин ному насаб наздик ба дусад сол аст, ки дар рисолаву мақола ва навиштаву гуфторҳои пажӯҳишгарони таъриху тамаддуни тоҷикиву порсӣ ва олимони хориҷӣ мечархад. Ӯ аслан як афсари рус аст, ки дар баробари омадан ба Осиёи Марказӣ ба таҳқиқи аҳволу осор ва анъанаву фарҳанги мардуми ин минтақа пардохт. Ҳукумати Русияи подшоҳӣ Ханиковро ба ҷамъоварии далелу рақамҳои муҳим, асноди зарурӣ ба Бухорову Хева фиристода буд ва дар ин замина, номи ӯ чун шарқшинос ва ҷуғрофиядон маълуму машҳур гардид. Ба анҷуманҳои илмӣ дар Русия, Биританияи Кабир, Фаронса ва Олмон пайваст. Узви вобастаи Академияи илмҳои Русия гашт. Медали тиллои “Анҷумани ҷуғрофиёии Париж”-ро барои китоби арзишмандаш – «Сафарномаи Хаников: гузориши сафар ба бахши ҷанубии Осиёи Марказӣ» ба даст овард ва ҳарфу суханаш чун санади илмӣ дар садҳо сарчашмаҳои эроншиносиву тоҷикшиносии аврупоиён истифода шуд.
ЗИНДАГИНОМА ВА ДАРКИ АСЛИ ТОҶИК ДАР БУХОРО
Николай Владимирович Хаников дар баъзе ҳуҷҷатҳо 1819 ва дар баъзе ҳуҷҷатҳои дигар 1822 дар Санкт-Петербург ба дунё омад. Таҳсилоти ибтидоиро дар ҳамин шаҳр гирифт ва барои идомаи таҳсил ба Париж роҳ пеш гирифт. Баъди гирифтани маълумоти олӣ аз Париж ба Русия баргашт. Оғоз аз соли 1838 ихтиёран ба хидмати ҳарбии ватанаш шуруъ кард. Ҳангоми лашкаркашии Русияи подшоҳӣ ба кишвари хонигариҳои Хева ва Бухоро омад.
Хаников соли 1841 дар ҳайати Сафорати Русия, ки таҳти сарварии К. Бутенев фаъолият мебурд, ҳашт моҳ дар аморати Бухоро ҳамчун тарҷумон қарор дошт. Дар ин сафар таърихи Бухоро, сокинон, вазъи аморатро таҳқиқ намуда, соли 1843 «Тасвири хонигарии Бухоро» (“Описание Бухарского ханства”) ном асарашро дар Санкт-Петербург нашр кард, ки ҳанӯз аҳамияти илмии худро гум накардааст. Асари мазкур бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва финӣ низ чоп шуд. «Тасвири хонигарии Бухоро» дар Британияи Кабир истиқболи гарм ёфт, чаро ки аввалин асари мукаммал оид ба табиат, таърих ва дигар паҳлуҳои кори аморат буд. Инчунин, байни Русияву Англия он замон барои мустамликагардонии Шарқи Миёна мухолифат ба авҷ расида буд ва ҳар ду ҳам мехостанд ба ҳар шевае, ки набошад, минтақаи мазкурро забт ва мардуми онро муздури хеш кунанд.
«Тасвири хонигарии Бухоро»-ро чи тавре ки гуфтем, дар доираҳои пажӯҳишӣ “Доиратулмаорифи Бухоро” ном дода, сутудаанд. Аҳамияти ин асар барои мо – тоҷикон аз он иборат аст, ки дар он бори аввал сокинони аслӣ ва созандагони тамаддуни Осиёи Марказӣ (дар мисоли хонигарии Бухоро) будани тоҷикон эътироф ва ин номаи эътироф тавассути забони англисӣ ба чор сӯи дунё эълом мешавад. Хаников баъди таҳлилу баррасиҳои тулонӣ ба чунин хулоса омад: «Тоҷикон сокинони бумии хонигарии шаҳри Бухоро ҳастанд».
Дар оғози китоб Хаников чунин менигорад: “Буридани сарҳадҳои империяи Русия ба умқи Осиёи Миёна (Марказӣ), моро ногаҳ ҳамсояи наздики сарзамине гардонд, ки ман онро гаҳвораи тамаддуни мардуми Ориёиасл меҳисобам. Дар ин ҷо, дар атрофи Балх решаҳои ташаккули оини зардуштиро бояд ҷуст, ки дар назди Ҳирот аз ҳама зиёд боқӣ монда, дар назди Марв Абумуслим парчами шӯришеро бардошт, ки Аббосиёнро бар сари қудрат овард. Дар Балх, Марв, Ҳирот, Тӯс, Нишопур зери ҳимояи сулолаҳои алоҳида (Тоҳириён, Саффориён, Сомониён) донишмандону шоирони бузурге тарбия ёфтанд”.
МАРДИ САФАР ВА НИҲОЯТИ РОҲ ДАР ПАРИЖ
Хаников дар Қафқоз 13 сол зиндагӣ ва фаъолият дошт. Ӯ дар ин муддат барои омӯзиши табиат, таърих, фарҳанг ва мақоми мардуми Ориёиасл дар тамаддуни ҷаҳонӣ заминаи созгореро гузошт ва соли 1858 бо даъвату пешниҳоди мавсуф гурӯҳи босалоҳияти пажӯҳишгарони рус ба Эрону Афғонистон омада, дар давоми як сол Астаробод, Сабзавор, Нишопур, Машҳад, Ҳирот, Сиистон, Кирмон, Исфаҳон, Қум ва Теҳронро ҳаматарафа омӯхтанд.
Номбурда дар Ҳирот муайян кард, ки ибораҳои куҳани ин забон хоси лаҳҷаи тоҷикони ин вилояти номдор аст. Бо ин таъкид сидқ ёфт, ки Хаников шевашинос ва забоншиноси хубе ҳам ҳаст. Дар Эрон Мазори Хайём ва Аторро зиёрат намуд. Аввалин шуда 3654 китобу даҳҳо ҳуҷҷатҳои гуногуни оромгоҳи Имом Ризоро дар Машҳад аз назар гузаронд. Дар Сиистон рустоеро ёфт, ки аз рӯи ривояти куҳан, дар он ворисони сулолаи Каёниён зиндагӣ мекарданд. Ҳамчунин, осиёбҳои бодӣ, ки аввалин маротиба дар Сиистон ихтироъ гашта, пасон дар ҷаҳон густариш ёфтанд, соатҳои обӣ, яхдонҳои калон барои нигоҳ доштани барфу ях дар тобистон, ҳунари волои кишоварзии ориёиён ва ахбори зиёди дигарро дар асарҳои хеш дарҷ кард.
Ба қавли шайх Саъдӣ: “Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме”. Баъди сафарҳои пайдарпай ба Эрон, як қисмати Озарбойҷон, Қафқоз, Афғонистон ба Париж, он ҷое ки таҳсили илм карда буд, баргашт ва соли 1862 китоби «Сафар ба Хуросон»-ро бо забони фаронсавӣ нашр кард. Мақолаҳои зиёдеро дар бораи мардуми ориёиасл навишт ва давоми умраш гӯё ғундоштани ҳосили ранҷи сафарҳояш буданд. Бино ба маълумоти Усмон Эшонзода, номзади илми таърих, Хаников аввалин касест, ки эроншиносии ҳирфаиро дар Аврупо роҳандозӣ кард, зеро аксари иттилои дар осораш омада дақиқ ва санҷидашуда, дар асоси далелҳои илмӣ буданд. Маҳз ӯ бори нахуст муҳри тасдиқ зад, ки вожаи “тоҷик” аз решаи “тоҷ” буда, маънии “тоҷдор”-ро дорад.
Ба ин иқтибос таваҷҷуҳ фармоед: “Забони порсӣ забони ниҳоят нафис ва назми олист. Тоҷикон халқи ниҳоят машҳур ва хеле густаришёфтаи шарқанд. «Тоҷик» вожаи хеле қадимӣ асту аз «тоҷ» ва «тоҷдор» сарчашма гирифтааст. Бо назардошти сифатҳои воло, чеҳраҳои басе зебо, ҳиссаи бузурги онон дар рушди тамаддуни башарӣ, ин қавми бузург сазовори номи «тоҷдор» аст. Онҳо руҳан ва ҷисман тавоно буда, ҳама гуна душвориро ба осонӣ паси сар мекунанд, ҳамеша майл ба кору офаридгорӣ доранду зебоипарастанд”.
Ин ҷо як савол моро ба андеша вомедорад, ки чаро Хаников солҳо пеш вожаи тоҷикро дуруст бозкушоӣ карда бошад ҳам (тоҷик, яъне тоҷдор), баъдтар дар соли 1925 Бартолд “тоҷик”-ро бархоста аз қабилаи арабии Той донист? Дар ҳоле ки Бартолд аз корҳои мондагори ӯ огоҳ буд ва ин эътирофаш гувоҳи гуфтаҳои мост: “Другие русские исследователи могли посетить бухарское ханство при более благоприятных условиях, чем побывал Ханыков; тем не менее, его книга остается до сих пор лучшим описанием ханства". Ин таззод пажӯҳиши ҷиддии таърихиро мехоҳад.
Дар Париж китоби дуҷилдаи Хаников бо забони фаронсавӣ чоп шуд, ки дар олами эроншиносӣ дастоварди арзишманде буданд. Яке “Mémoire sur la partie méridionale de l'Asie centrale” (“Воспоминания /Мемуары про южную часть Средней Азии”, 1861) ва дигаре “Mémoire sur l'ethnographie de la Perse” (“Воспоминания /Мемуары про этнографию Персии”, 1866) мебошад. Китоби “Сафар ба Хуросон” ва “Осиёи Марказӣ: сарчашмаҳо ва маводҳои асри XIX ва оғози асри ХХ” соли 1973 бознашр гардида, то ҳол дар илми таърихшиносии ҷаҳон мавриди истифода аст.
Ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ бо таъкиди аҳамияти волои асарҳои Хаников пешниҳод мекардем, ки барои чопи китоби мухтасари Николай Хаников дар мавриди тоҷикон бо забони тоҷикӣ мусоидат кунанд, зеро илми ҷаҳон ба таърихи мо дар асоси китобу рисолаҳои чунин шахсиятҳои номвар баҳогузорӣ мекунад ва донистани афкори онҳо барои мо ҳам хеле зарур ва судманд мебошад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15