ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН. КАДОМ ОМИЛҲО БА ОН МОНЕЪ МЕШАВАНД?
Воқеан, тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба идомаи таҳсили ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон, афзуда, ба хотири соҳибкасб шудани онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Сарвари давлат мунтазам дар ҳар суханрониашон таъкид медоранд, ки духтаронро савод омӯзед, соҳибкасб намоед, то ки дар оянда дар пешбурди зиндагӣ ба мушкилот мувоҷеҳ нагарданд ва аз онҳо насли солим ба дунё ояд.
Вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳам миёни хонаводаҳои тоҷик, бахусус оилаҳои деҳотиён, зуҳуроти номатлубе мушоҳида мешавад. Онҳо духтарони худро намемонанд, ки баъди итмоми мактаби миёна таҳсилашонро идома диҳанд. Ҳатто, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки падару модар духтаронашонро баъди хатми синфи 9 бо ҳар роҳу восита ба шавҳар доданӣ мешаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Роҳбари давлат масъалаи соҳибмаърифат шудани духтарон, бахусус духтарони русторо, пайваста таъкид месозанд. Боиси таъкид аст, ки таъсиси Квотаи президентӣ ҳам маҳз ба ҳамин хотир буд.
Пас, ин ҷо саволе ба миён меояд: “Кӣ ва ё чӣ сабаби аз таҳсил дур мондани духтарон мегардад?”.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Тағоймурод Ғуломов дар зимн чунин гуфт:
– Дар шароити имрӯза монеъ шудани зодмандон ба идомаи таҳсили духтарон ба ҷуз зоҳир кардани ҷаҳолат дигар чизе нест. Замонҳои пеш, азбаски сатҳи ҷаҳонбинии мардум танг буд, падару модарон намехостанд, ки духтарон ба шаҳр рафта хонанд, соҳибмаълумот шаванд. Ба назари рустоёни таҳсили олӣ надошта чунин мерасид, ки зани соҳибилм ба шавҳари худ нофармонӣ мекунад. Вале замона собит сохт, ки зани бомаърифат дорои ҳамаи хислатҳои неки инсонӣ, бахусус муносибати самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, бо шавҳари худ аст. Омили дигари аз таҳсил дур мондани духтарон вазъи молиявӣ мебошад. Яъне, оилаҳое, ки серфарзанданд, барои соҳибмаълумот кардани ҳамаи онҳо имкон надоранд.
Дарвоқеъ, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мактабҳои олӣ рафта хондани духтарони деҳот душвор буд. Ташкили Квотаи президентӣ ва таъсиси Маркази миллии тестӣ мушкилотро то андозае ҳал карданд. Моҳрӯ Сафарова, ки соҳиби номи пуршарафи донишҷӯй гардидааст, бо эҳсоси хушнудӣ гуфт:
– Шароити молиявии оилаамон имкони хондан намедод. Хушбахтона, тариқи Квотаи президентӣ ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт қабул шудам ва аз ин иқдоми Роҳбари кишвар хеле хушнудам ва эҳсоси саодатмандӣ низ дорам.
Ба қавли мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод Раъно Давлатзода, аввалин манфиате, ки духтарони таҳсилдида дар зиндагии оилавӣ мебинанд, тарбияи дурусти фарзандон аст. Илова бар ин, занҳое, ки соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунаранд дар тарбияи кӯдакон ва пешбурди зиндагии оилавӣ пешсафанд. Зани таҳсилдида шавҳари соҳибилму ҳунарманд дошта бошад, зиндагии онҳо, бешубҳа, хуб хоҳад буд. Давлату Ҳукумати кишвар барои ба таҳсил фаро гирифтан ва касбу ҳунари нав омӯхтани бонувон тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Таъкиди доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бар он аст, ки занону духтарон, хусусан духтарони деҳот, соҳиби таҳсилоту касбу ҳунар шаванд, зеро сабаби таъсиси Квотаи президентию фондҳои дастгирии соҳибкорзанон ва амсоли инҳо ба ин мақсаданд. Аз ин рӯ, волидон бояд дар тақдири ояндаи фарзандон бетарафӣ зоҳир накунанд, зеро он метавонад ба ояндаи эшон таъсири бад гузошта, мушкилоти зиёдро ба бор орад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)