Форуми VIII байнипарламентӣ
10-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.
Дар Форум доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии ду давлат иштирок намуданд. Иштирокдорон, дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои гирди миз, масоили рӯзафзун ва ҳалталаби дуҷонибаро вобаста ба амнияти минтақавӣ, илм, маориф ва ҷанбаҳои гуманитарӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Россия муҳокима намуданд.
Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода ва Муҳаммад Боқир Қолибоф
10-уми октябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Конфронси байналмилалии парламентӣ
11-уми октябр дар Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад.
Ба мо маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, ки Конфронс бо иштироки роҳбарияти парламентҳои беш аз 10 давлати ҷаҳон доир мешавад.
Тибқи барнома, Конфронс дар чор бахш дар толорҳои гуногуни бинои нави Парлумони Тоҷикистон мегузарад.
Зарардидагони офати табиӣ соҳиби хонаҳои нав шуданд
Ба зарардидагони офати табиии деҳаи Варваи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, ки дар натиҷаи борони шадиди 18-уми май манзилҳои истиқоматии худро аз даст дода буданд, бо иштироки муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода калиди хонаҳои нав супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки барои сохтмони ин хонаҳо аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатӣ тамоми масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардида, манзилҳои нави истиқоматӣ дар муддати ду моҳ бунёд шуданд. Онҳо бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин мебошанд.
Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи сеюми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ ва ҷаласаи нуҳуми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор шуд.
Дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода бо тариқи онлайн иштирок намуд. Ваколатдор дар мавзуи «Амалияи фаъолияти Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили рӯзмарраи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонии ҷомеа» маъруза намуд.
Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuild-2024»
Қариб 70 ширкату корхонаҳои cаноатию истеҳсолӣ аз ҳафт давлати ҷаҳон: Чин, Эрон, Россия, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон молу маҳсулоташонро дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалии сохтмонии «TajBuld-2024» ба намоиш гузоштаанд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Намоишгоҳ 10-уми октябр дар «Dushanbe EXPO Centre»-и пойтахт оғоз ёфт.
Зикр мегардад, ки дар он маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи сохтмони мамлакат ва давлатҳои минтақа муаррифӣ мешаванд.