ДУШАНБЕ. ШАҲРЕ, КИ ШУКӮҲИ ТАБИАТ ВА ЗАМОНАРО БА ҲАМ ТАВЪАМ СОХТААСТ
Душанбе бузургтарин шаҳри Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он мебошад. Шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар буда, дар ин ҷо майдонҳо, биноҳо, муҷассамаҳо ва осорхонаҳо аз таърихи бостон, санъати меъморӣ ва тамаддуни ин сарзамин қисса мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт. Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳонгардон мегардад.
РУШДИ БОСУРЪАТ
То имрӯз Душанбе таърихи тулонии рушду ташаккулро аз сар гузаронда, ҳамчун як маркази сайёҳии бо таърихи ғанӣ ва фарқкунанда тараққӣ мекунад. Муддати қарнҳо Душанбе як шаҳраки хурди савдо буд. Инқилоби Октябр онро ба пойтахт табдил дод. То пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, шаҳр рушди босуръати саноатӣ дошт. Дар солҳои минбаъда Душанбе бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бозсозӣ ва тараққиётро пеш гирифт. Солҳои охир шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ давраи эҳёи устуворро мегузаронад. Имрӯз шаҳр маҷмуи аълои анъана ва бинишҳои муосири меъморӣ ва ороиширо мемонад. Алҳол Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат аст, балки шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ мебошад. Азбаски мавзеъҳо ва ҷойҳои сайёҳӣ дар маркази пойтахт мутамарказ шудаанд, метавон аз онҳо озодона ва ба осонӣ дидан намуд.
ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ
Мувофиқи маълумоти шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пойтахти кишварамон айни замон бо назардошти инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар минтақа мавқеи намоёнро соҳиб мебошад. Аз ҷумла, дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 40 меҳмонхона, 86 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 30 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 152 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 3 майдони чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 15 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 65 толори варзишӣ, 11 осорхона, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 111 ширкати сайёҳӣ, Қасри теннис, Маҷмааи варзишии обӣ ва ғайра мавҷуданд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Айни ҳол 3 меҳмонхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
ҶОЙҲОИ ШОЁНИ ДИҚҚАТ
Дар маркази шаҳр, ки дорои арзиши сиёсӣ ва фарҳангист, Қасри миллат, муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, кохи Наврӯз, Боғи устод Рӯдакӣ мавҷуданд, ки ба ҳар бинанда таассуроти хосса мебахшанд. Вале макони аз ҳама ҷолиби шаҳр ҷойи боз ҳам таъсирбахштар ин майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» аст. Ин иншооти навбунёди миллӣ мебошад, ки дар арафаи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Майдони нав, ки дар масоҳати 30 гектар ҷойгир аст, макони баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангист. Дар маркази Маҷмаа бинои бошукӯҳи 121-метра – рамзи истиқлоли Тоҷикистон қомат афрохта, давлатдорӣ, соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Дар ошёнаи аввали бино намоиши намунаи ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар ҳувайдо мегардад. Дар ошёни дуюм Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар он нигораҳои аз ҳудуди шаҳр ҳафриётшуда, ҷамъоварӣ гардидаанд. Майдони тамошои Маҷмаа, ки дар ошёнаи 14-уми бино, дар баландии 94 метр ҷойгир аст, яке аз ҷойҳои ҷолибу сертаваҷҷуҳ маҳсуб меёбад. Он доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад, ки тавассути онҳо метавон чор тарафи шаҳрро чун дар назди худ тамошо кард. Қисми болоии биноро тоҷи қутраш 8-метраи аз титан сохташуда, оро медиҳад. Майдони гирду атроф бо дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ зинат ёфтааст, ки барои сайругашт ва аксгирӣ мувофиқ мебошад.
РАҚАМҲОИ УМЕДВОРКУНАНДА
Як соли охир аст, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро пур аз сайёҳону меҳмонон мебинем. Тибқи маълумоти шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соли 2022 ба пойтахти мамлакат 192 ҳазору 347 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст.
Бо мақсади ҷалби бештари ҷаҳонгардон шаҳрдорӣ тарғибу ташвиқи имконияту зарфиятҳои сайёҳии пойтахтро пеш гирифтааст. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъоланд, ки тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки ба рушди соҳаи мазкур равона гардидаанд, сари вақт ва бо сифати баланд инъикос меёбанд. Инчунин, харитаи шаҳри Душанбе бо забонҳои русиву англисӣ бо тарҳи нав таҳия ва чоп шуд, ки барои сайёҳон беҳтарин роҳнамо ҷиҳати интихоби истироҳату фароғат мебошад. Дар баробари ин, барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон дар пойтахт 65 чорабинии байналмилаливу фарҳангӣ, варзишиву сайёҳӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашт. Ин аст, ки шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ тадбил ёфта, ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
ШАҲРИ САБЗ
Солҳост, ки Душанберо чун шаҳри сабз мешиносанд. Душанбе шаҳри мафтункунандаест, ки дар он боғҳои барҳавову сарсабз, кӯчаву хиёбонҳои гулпӯш, фаввораҳои рангоранг, буттаҳои ҳамешасабз ва арчазор ҷойи намоёнро ишғол мекунанд. Дар фасли баҳор мушоҳидаи сарсабз шудани шаҳр, гул кардани дарахтон, махсусан дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, шукуфтани гулҳои баҳорӣ дар гулгаштҳо ва дар як лаҳза хуррам гаштани шаҳри дилрабо басо гуворову ҳаловатбахш аст. Дар баҳорон, тобистон ва тирамоҳ аз сайругашт дар хиёбонҳои чинордор, тамошои осорхонаҳо ва истироҳат дар яке аз боғҳои пойтахт, хусусан Боғи «Ирам», беҳтар чизе нест. Аз Боғи устод Рӯдакӣ метавон манзараҳои навбунёди шаҳр, биноҳои боҳашамату дорои намои миллӣ ва осмони беғубори онро дид.
Боғи «Ғалаба», эҳтимолан, беҳтарин саҳни мушоҳида дар Душанбе аст, ки дар қисми кӯҳии шаҳри Душанбе (теппаҳои шарқӣ) ҷойгир аст. Аз он ҷо метавон аз манзараҳои ҳайратангези шаҳр лаззат бурд. Дар ин ҷойи аз ҳама ороми шаҳр маҷмааи ёдгории меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ ба шарафи ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузошта шудааст. Омадан ба ин боғро ҳам сайёҳон ва ҳам сокинон дӯст медоранд. Тамошои ғуруби Офтоб аз боғ беҳтарин роҳи хайрбод бо яке аз рӯзҳои ҳафта аст.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74