ОМӮЗГОР. ВАҚТЕ ЗАН ОШИҚИ КАСБ АСТ...
Матлуба омӯзгор аст. Шумо ин ҷумларо хонда, ҳатман хоҳед гуфт: “Яъне чӣ? Мо садҳо бонувони хубу шоиста дорем, ки омӯзгоранд”. Бале, дуруст аст, аммо қаҳрамони мо Матлуба Иззатова ин вожаи муборакрақамро иззати дигар бахшида, бо вожаи "ишқ" ҳамвазн кардааст. Ҳанӯз кӯдак буд, ки бо ҳамсоядухтаракон бозии “муаллим” мегузаронд. Бо тақлид ба шеваи муаллимӣ дарс медод ва дар тафаккуру тасаввури тифлонаи хеш олами зебои муаллимӣ месохт. Дар вақти таҳсил дар синфи ибтидоӣ омӯзгори нахустинаш Ҳасан Юнусов нози ӯро мебардошт ва иҷозат медод, то “омӯзгор”-и ҳамсинфон бошад.
Зебо пӯшидан, муназзам роҳ гаштан, табассуми малеҳу бомазмун ва одоби муоширатро аз бонувоне, ки дар зодгоҳи Матлуба – ноҳияи собиқ Москва (ҳоло ноҳияи МирСайид Алии Ҳамадонӣ) дар замони шуравӣ аҳён-аҳён муаллима ё ҳамшираи шафқат шуда, кор мекарданд, омӯхт.
Ягона аламе, ки аз шинохти худ то ҳол Матлубаро пайгирӣ мекунад, алами бепадарист. Ӯ аз меҳри падар баҳравар нашуд, ҳанӯз ширхора буд, ки қиблагоҳаш ба Ҳақ пайваст.
Вақте донишҷӯ гашту ҳавлии падарро тарк карда, ба шаҳри Кӯлоб рафт, шоҳроҳи ояндааш низ боз шуд. Олами донишҷӯӣ ҳам бахту саодат овард ва ҳам ояндаи фаъолиятҳои рӯшани илмиву амалии ӯро кушуд.
Масъулияти бузурге бар дӯш дошт, зеро назорат аз руйи донишомӯзии ҷавондухтарони тибқи Квотаи президентӣ таҳсил менамуда хеле ҷиддӣ буд. Хушбахтона, масъулиятро бо сари баланд анҷом дода, донишгоҳро бо дипломи “аъло” хатм намуд.
Баъди хатми донишгоҳ омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 15-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шуд. Баъдан, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корро идома дод. Дар муҳити донишгоҳ тасмим гирифт, то олим шавад, зеро устодӣ бо илм бояд якҷо пеш мерафт. Ҳамин тавр, таърихи китобхонаҳо ва китобдории вилояти Хатлонро чун кори пажӯҳишӣ интихоб кард ва пайи таҳқиқ шуд. Забони русиро бо ҳама назокатҳояш омӯхт, ки имрӯз корсозиву роҳҳали аксари илмҳоро ин забон таъмин мекунад.
Ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд ва маҳз дар ин вохӯрии таърихӣ мутахассиси ҷавони соҳаи маориф – Матлуба Иззатова бо ин марди бузург суҳбат орост.
– Нахуст, шукргузорам, ки маро ба чунин шараф муяссар гардонд. Агар дақиқ бигӯям, лутфи Худои меҳрубон ва иқболи баланди ман рангу намои зиндагиамро дигар кард. Баъди ин вохӯрии таърихӣ ба аспирантураи Донишгоҳи миллӣ дохил шудам, баъдан, рисолаи номзадӣ дифоъ кардам ва то ҳол дар ДМТ, дар иҳотаи устодону мутахассисони хубу корозмуда фаъолият дорам. Баъди номзади илм шудан, раиси бонувон, раиси шурои кураторон ва ҳамзамон, мудири кафедра таъин гаштам, – бо фараҳмандӣ изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.
Ва бо меҳр илова мекунад: "Аз кадом даричае бингаред, дунё ҳамон тавр ба шумо рӯ мекунад. Бояд ба он аз даричаи некӣ бингаред. Ишқ, муҳаббат ва вафоро нафурӯшед, ин гавҳарҳои ноёбро ба гилу лой наомезед, ҷои онҳо дар дил, дар виҷдон, дар ақлу фаросат бояд ҷудо бошад. Ба мисли муаллимони замони мактабиам омӯзгориро на пеша, балки ишқ донистаму худро шинохтам. Дар ҳассостарин рӯзҳои рӯзгор ба рисолати хеш содиқ мондан ва шогирдонро фарзандони худ – фарзандони Ватан донистан дар рӯзгору фаъолияти кориям барои ман шиор аст".
Имрӯз Матлуба Иззатоваро дар фазои Донишгоҳи миллӣ ҳамчун омӯзгор ва бонуи қавииродаву хушмуомила мешиносанд. Кори пажӯҳишии мавсуф ҳам барои замони мо бисёр муҳим аст. Таърихи ҳама китобхонаҳои вилояти Хатлон ва китобдории ин хиттаи бузургро аз аввали асри ХХ то замони истиқлол омӯхтаву ба ҷомеа пешниҳод кард, ки кирои сутудан аст.
Б. САЛИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.03.2025 №: 50