ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ДАВЛАТҲО ОИД БА РАҚАМИКУНОНИИ РАСМИЁТИ ГУМРУКӢ

08 апрел 2025, Сешанбе
17
Чанде пеш ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Тошкент сафари корӣ анҷом доданд. Мақсади сафар омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ буд.
Дар доираи сафар, вохӯрӣ бо роҳбарияти Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Хадамоти гумруки Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ намудани эъломияҳои электронӣ ва низомҳои автоматикунонидашудаи назорат мулоқот анҷом доданд. Ҳайат, инчунин, аз лабораторияи гумрукӣ, маркази киберамният ва маркази идоракунии вазъият боздид намуд.
Бо роҳбарияти гумруки Ӯзбекистон ҳайат аз дидбонгоҳи наздисарҳадии "Яллама" ва анбори гумруки "Аркбулоқ" дар шаҳри Тошкент дидан кард. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон барасмиятдарории гумрукӣ бе ҳузури шахси барасмиятдароранда тавассути платформаи онлайн амалӣ мегардад.
Ҳамчунин, ҳайат бо роҳбарияти Донишгоҳи технологии иттилоотии Тошкент вохӯрӣ намуда, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти табодули донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ муҳокима гардиданд. Дар идомаи сафар, ҳайат аз Донишгоҳи муштараки "INHA" ва "Мактаби 21", ки бо методологияи инноватсионӣ фаъолият менамояд, боздид кард.
Дар ҷараёни мулоқот бо Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон, Корхонаи давлатии "Узинфоком" ва IT Park масъалаҳои рушди ҳукумати электронӣ, амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои блокчейн баррасӣ шуданд. Ҳайат бо таҷрибаи рақамикунонии инфрасохтор, автоматизатсияи соҳаҳои гуногун ва рушди стартапҳо шинос гардид.
Сафари мазкур барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи рақамикунонӣ ва татбиқи он дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67