ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАЛЕР БОШЕМУ ТАВОНО

ДАЛЕР БОШЕМУ ТАВОНО

03 май 2023, Чоршанбе
94
0

 
Ҳамасола дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои гуногун аз тарафи донишмандону зиёиён дар матбуоти даврӣ ба чоп мерасанд. Аммо профессор С. Ятимов дар мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» андешаҳояшро перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Ҷумҳурият», 18 январи соли 2023, № 19) ба таври бунёдӣ, илмӣ ироа намудааст.

Муаллиф дар муқаддимаи мақолааш мушаххас баён намудааст: «Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳими мақомоти олии мамлакат мебошад.
Нуқтаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори Ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст..»
Профессор С. Ятимов ҳамин нуқтаи архимедиро бо чунин хулоса бо далелҳои эътимодбахши Пешвои миллат, ки дар Паём омадааст, таъкид намудаанд: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт» тасдиқ намудааст.
Дар ҳақиқат, ҳама гуна пешравиҳо чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубамон ба миён омодаанд. Аз ҳамин лиҳоз, профессор С. Ятимов дар мақолаашон зери унвони «Эҳёгари манзалати хирад» ба масъалаи рушди илм, мактаб ва маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба мақоми Сарвари давлат диққати асосӣ додааст. Муаллиф барҳақ иброз медорад: «Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул – гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.»
Муаррихон  асри Х–замони салтанати Сомониёнро давраи тиллоӣ, яъне тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ намуда бошанд, зимни он профессор С. Ятимов, замони роҳбарии Пешвои миллатро дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он давраи тиллоӣ баҳогузорӣ намудааст. Ҳамин воқеиятро  бо мантиқи  Отто фон Бисмарк, ки гуфта буд: «Мо нисбат ба падарони худ беҳтар кӯшиш ва натиҷабардорӣ хоҳем кард!», ҳамоҳанг ва тасдиқ намудааст.
Муҳаққиқ дар ин маврид суханро ба дарозии макону замон намебарад, балки бо далел, хулосаҳои амиқ, андешаҳояшро бо хулосаҳои мутафаккирони Шарқу Ғарб тақвият медиҳад. Ба андешаи ӯ «беҳтарин инъикоси далелнокии хулосаҳои мантиқӣ рақамҳо ҳисобида мешаванд. Исбот кардан, асоснок намудан тавассути аёният, нишон додани натиҷаҳои фаъолият бозгӯкунандаи ҳақиқат мебошанд.» Дар ин бора таъкид менамояд: «Дар Паём ин усул эътимодбахш баён мегардад: «Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст».
Ба қавли профессор С. Ятимов, «Далелнокии мантиқӣ он аст, ки худи ҳақиқати воқеӣ хосияти дарки мустақилро касб мекунад. Тасдиқи он ба сарфи вақт ва кӯшиши маҳз ниёз надорад. Ба забони одӣ, инфрасохтори соҳаи маориф зина ба зина, бо ташаббуси Роҳбари давлат сохта ва дар истифодаи муаллимон, наврасон, ҷавонон, падару модарон қарор дода шудааст. Яъне, ин натиҷаҳо ба ҳамагон маълуманд».
Инчунин, ба таври қотеъ зикр намудааст, ки дастовардҳо дар роҳи рост, худ ба худ ба даст намеоянд.
Иқтибос аз асари В. А. Малинин («Философия революционного народничес-тва». – М.: Наука,1972.–С.211) аз тарафи муаллиф барои як «тоифаи нотавонбинони миллат» мебошад, ки ҳақиқати таърихро дидаю дониста эътироф намекунанд ва ҳақиқатро низ ба хотири ғаразҳои сиёсии хеш намепазиранд.
Чунончи В. А. Малинин  таъкид намудааст: «Таърих ҳеҷ коре намекунад. Вай ягон хел бойигарии беохир надорад. Он «дар ягон ҷабҳа мубориза намебарад!». На «таърих», балки маҳз инсон, инсони воқеӣ, зинда – ана ҳамин аст, ки ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад. Ҳамаи чизро дорад. «Таърих» ягон  шахси алоҳида нест, ки инсон аз он ҳамчун восита барои амалӣ кардани мақсадҳои худ истифода намояд. Таърих ғайр аз фаъолияте, ки одам дар он мақсади худро амалӣ мекунад, чизи дигаре нест».
Профессор С. Ятимов ҳам дуруст таъкид менамояд: «Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад. Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи миллати тоҷик, давлати миллии тоҷиконро машҳури олам сохт. Сиёсати маорифпарварии Пешвои миллат қисмати муҳими ин маъруфият маҳсуб мегардад.»

Аз нигоҳи муаллифи мақола, «Мантиқ ва усули сиёсати Пешвои миллат дар самти маърифати умумимиллӣ, бар чор унсур асос ёфтааст: – ваҳдати миллӣ; ҷаҳду кӯшиши хастагинопазир барои рушду тараққии миллӣ; ояндабинӣ  ва навовариву навгонӣ. 
Ҳамин гуна мантиқ ва усули сиёсат ба нодиртарин роҳбарони сиёсии олам мансуб мебошад, аз ҷумла ба қавли профессор С. Ятимов, Пешвои маҳбубамон аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ - оғоз  аз мактабҳои ибтидоӣ, миёна, олӣ, деҳқонон, коргарон, олимон, кормандони соҳаҳои эҷодӣ,  аъзои Ҳукумат бо сарфи қимматарин арзиш - вақт, батафсил, тахассусмандона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист».
Бахши дигар ва хеле муҳими ин мақолаи «Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих» номгузорӣ гардидааст. Баъди мутолиаи он дарк менамоем, ки муаллиф барои чи сари масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, тақдир, таърих  андешарони намудааст? Агар мо, маводҳои илмии сӣ соли охирро варақгардонӣ намоем, мебинем, оид ба масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, тақдир, таърих, маводи камтар ба чоп расидааст. Ҳол он ки масъалаи мазкур ва баррасии он барои ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои ҷиддӣ мебошад.
Профессор С. Ятимов барҳақ зикр намудааст: «Бузургтарин фоҷиаҳое, ки дар тули асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд. Одамон тақдири имрӯза ва фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур, балки ба он тахминҳо ва ҷаҳонбиниҳое ҳавола мекунанд, ки аз доираи мавҷудоти моддӣ берунанд.»
Иқрор ҳам бояд шуд, ки дар ҷомеаи илмӣ-фарҳангии имрӯза зиёиёни мо барои бозгӯи ҳамин масъала ба таври ҷиддӣ андерашонӣ ҳам нанамудаанд ва дар ҳидояти ҷавонон ба роҳи рост камтар талошҳо кардаанд. Аз ин рӯ, муаллиф ин саволи муҳимро матраҳ мекунад: «Барои чи, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва, умуман, Осиёи Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?» 
Сад дарсад ҷонибдори андешаи профес-сор С.Ятимов оид ба масъалаи мазкур ҳастем. Воқеиятро гуфтааст: «Ҳатто намояндагони аз лиҳози таҷрибаи зиндагӣ варзида ва соҳибмаълумоти он тамоюл ба фарҳангу ҷаҳонбиние доранд, ки аз рӯи моҳият, таъиноти сиёсӣ ва идеологӣ наметавонанд, ба ормонҳои давлатдории миллӣ созгор бошанд. Дар ин ҷода бо ҳазорҳо ҷавонони гумроҳ, ки барои ҳимояи манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо дар хориҷи мамлакат ҷон медиҳанд, ҳамақидатии бунёдӣ ба намоиш мегузоранд. Агар он гурӯҳ (ҷавонон) хонахез ба «ҷиҳод» раванд, ин гурӯҳ (зиёиёни миллӣ –«мағзи миллат») дар ҷабҳаи саҷда пешсафанд.»
Таъкиди профессор С.Ятимов дар ин самт саривақтӣ ҳаст, яъне «Дар мушкилоти миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф аст. Аммо онро мебояд аз лиҳози илмӣ–таърихӣ дарк ва тавассути маърифатикунонӣ чораандешӣ кард.» Эроди муаллифи мақола дар масъалаи ҷиҳодгароӣ низ, воқеӣ ва саривақтӣ аст. Дар ин маврид аз рӯи натиҷаи ҳодисаҳои солҳои 90-ум ба вуқуъ пайваста хулосабарории амиқ кардааст: «Нуқтаи ниҳоии буҳрони ақидатии аввали солҳои навадум пуштибонӣ аз назарияи босмачигарӣ ва хомӯшии ризоятмандонаи «мағзи миллат»–зиёиён буд. Ҳамагӣ бо гузашти чанд моҳ ҷомеаи тоҷик аз назария ба амалияи он – ҷиҳодгароӣ  рӯ ба рӯ гашт.
Акси садои ҷаҳонбинии зиддимиллӣ дар шаклҳои гуногун имрӯз ҳамчун шабаҳ баръало ба чашм мехӯрад. Ва ба гӯшҳо мерасад.»
Дар партави ин мақолаи бунёдии профессор С. Ятимов метавон соатҳо мулоҳизаронӣ кард. Аммо муҳимияти он, пеш аз ҳама, саҳм гузоштани ҳар як фарди бедордили миллат дар таҳкими Истиқлоли миллӣ, шинохт ва арҷгузорӣ ба хиради азалии Пешвои маҳбубамон мебошад, ки давлати миллӣ ва мактаби миллии тоҷиконро асос гузошт ва онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ба таъкиди муҳаққиқ «Таваҷҷуҳи фавқулодаи Пешвои миллат нисбат ба фаъолият, сифат, самараи мактаб ва маориф ҷанбаи бунёдӣ – таърихӣ дорад ва ҷавҳари Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф аз тарбияи инсони худогоҳ, соҳибхирад, эҳёкунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, мардони пуркору накукор, муборизу фидокори Ватани мо – Тоҷикистони азиз иборат аст.»
Дар ниҳоят бояд гуфт, ки профессор С. Ятимов дар нигоштааш бо далерӣ ва бо тавоноӣ сухан мегӯяд. Зиёиёни мо ҳам бояд ҳамингуна суханро бо далерӣ ва тавоноӣ гӯянд. Далер бошанду тавоно ва ҷиддан дар пайи амал.

Зулҳия НОЗАКЗОДА,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони 
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив