МОРДЕХАЙ КИМИЁГАРОВ: «ДУШАНБЕ МАРО ЧУН ОҲАНРАБО БА ХУД МЕКАШАД»

06 сентябр 2025, Шанбе
21
Ба Душанбе Мордехай Кимиёгаров ташриф овард, ки бештар ҳамчун Михаил, аммо барои дӯстон ва касоне, ки ин шахси серҳаракат, фаъол, кунҷкоб, бомаданият, ҳадафмандро мешинохтанд, Миша ё Мишаҷон аст. Дар бораи сафари ӯ ман аз дӯсти умумиамон – суратгир Шуҳрат Ёров хабар ёфтам. Ӯ ба ман иттилоъ дод, ки Мордехай хоҳиш дорад, бо ман вохӯрда, ҳамчун шиноси хуби қадимӣ суҳбат кунад.
Акнун, дар бораи он ки Мордехай Кимиёгаров кист. Каме пеш рафта, мегӯям, ки ин шахсияти дар ҳақиқат ғайриодист, зеро бо нигоҳи махсус ба зиндагӣ, дӯстии самимӣ ва хайрхоҳии худ фарқ мекунад.
Ӯ на танҳо ҳамнасаби коргардони барҷастаи кино Бенсион (Борис) Кимиёгаров, ки чунин шоҳкорҳоро, аз қабили «Қисмати шоир», “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб”, «Достони Сиёвуш» ба навор гирифтааст, балки хешовандаш ҳам мебошад. Мордехай ҷияни хунии ӯст.
Ӯ моҳи марти соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Падараш тарроҳи мумтози либос буд. Даврони кӯдакӣ ва наврасии Мордехай дар хонае дар пушти Институти педагогӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) гузаштааст. Пасон, дар ҳамин Донишгоҳ факултети таърихро хатм мекунад, зеро аз айёми мактабхонӣ таърихро дӯст медошт.
Албатта, на базудӣ, балки бо мурури замон ман аз касе шунидам, ки Мордехай соҳибкори муваффақ ва ходими фаъоли ҷамъиятӣ гардида, миёни атрофиён ниҳоят соҳибэҳтиром аст.
Вақте ки Шуҳрат Ёров ба ман занг зада, дар бораи омадани ӯ хабар дод, ман аз вохӯрии дарпешистода бо шиноси дерина хурсанд шудам. Тамоми корҳоямро як тараф монда, ба меҳмонхонаи «Кангурт» рафтам, ки ӯ дар он ҷой гирифта буд. Аммо, эътироф мекунам, пеш аз он ки бо ӯ мулоқот намоям, ман нахустин бор ба ин меҳмонхона ворид шуда, аз он чи ки дидам, ифтихор кардаму ба ваҷд омадам. Ин меҳмонхонаи муосир дорои утоқҳои барҳаво ва тамоми шароитҳо мебошад. Бинои меҳмонхона дар хиёбони Саъдии Шерозӣ на танҳо зеби ин хиёбон, балки тамоми пойтахт аст.
Чуноне ки интизор мерафт, мулоқот бо Мордехай хеле гарму самимӣ сурат гирифт. Дере нагузашта Шуҳрат Ёров ҳам бо мо ҳамроҳ шуд. Аз суханони Мордехай фаҳмидем, ки ин дафъа ӯ ба Душанбе барои иштирок дар маросими хурсандии дӯсти худ – паҳлавони машҳур, собиқ раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, ки фарзандашро хонадор мекардааст, омадааст.
Мордехай қиссагӯи хубест, зеро бисёр чизҳоро медонад ва дар ёд дорад, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хуб гап мезанад. Дар рафти суҳбат ӯ аз ҷумла гуфт:
– Бо тақозои фаъолияти ҷамъиятӣ ман ба кишварҳои зиёд сафар мекунам, дар аксар шаҳрҳои ҷаҳон будам. Ҳар кадоми онҳо ягон чизи ҷолибе доранд, аммо маро ҳамеша Душанбе ҳамчун оҳанрабо ба худ мекашад, зеро дар ин ҷо хуни нофи ман рехтааст, дар ҳамин ҷо ба воя расидаам. Ба ҳар ҷое, ки расидам, тавассути ҳамин шаҳру ҳамин мардум аст. Дар тамоми ҷаҳон дӯстони зиёде дорам, аммо бештари онҳо дар Душанбеанд. Ман бо онҳо ба воя расидаам, таҳсил ва кор кардаам. Барои ман танҳо баҳонаи ночиз кофист, ки ҳама корҳоро як тараф гузошта, ба ин ҷо биёям. Медонам, ки аз дидори ман дар ин ҷо ҳамеша шоданд.
Вақте ман ба Душанбе меоям, маро шаҳри азизам, шаҳри дӯстдоштаам бо меҳр пешвоз мегирад. Душанбе хеле тағйир ёфтааст, ба таври ҳайратовар зебо шуда, ба боғшаҳре табдил ёфтааст, ки мислаш дар дунё кам дида мешавад.
Мо вақт интихоб карда, бозорҳоро гаштем. Хеле ҳайрон шудем, вақте маҳсулоти фаровон, аз ҷумла гӯшт, мева, сабзиҷот ва асалро, дидем. Ҳама чиз ҳаст. Ҳар чиро, ки дил мехоҳад, дар бозорҳои Душанбе дарёфт кардан мумкин аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Барномаи таъмини озуқаворӣ дар Тоҷикистон пурра ҳал шудааст. Ҳанӯз, замони мактабхонӣ мо бо дӯстонамон ифтихор мекардем, ки дар Тоҷикистон Неругоҳи калонтарин – “Норак” кор мекунад. Ҳоло бошад, НБО «Роғун» дар марҳалаи анҷомёбист, ки аз “Норак” калонтар буда, дар ҷаҳон камназир аст.
Вақте ба Душанбе меоям, ҳар сафар бароям ид аст. Ман дар кӯчаву хиёбонҳо, дар лабони аксари мардум табассумро мебинам. Ин табассуми одамонест, ки аз зиндагии худ розианд. Онҳо хушбахт буда, ба фардои худ бовар доранд. Ин танҳо дар шароити осоишта имконпазир мебошад. Оре, дар Тоҷикистон сулҳи устувор пойдор аст. Он ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳама ва дар ҳама ҷо ӯро чун Пешвои миллати тоҷик эҳтиром мекунанд, ҳукмфармо гашт...
Дар фарҷоми суҳбат дӯстамон нақшаҳои худро барои ояндаи наздик ба мо гуфт. Гуфт, ки мехоҳад ба тадқиқоти илмӣ дар соҳаи таърих, ки як замоне дар Душанбе шуруъ карда буд, машғул шавад. Мо ҳам ба ӯ муваффақият таманно намуда, дасташро фишурдем.
Мансур СУРУШ, адиб
Санаи нашр: 05.09.2025 №: 172