ПАРЧАМ. АЗ ПОСБОНИИ ШАБОНАРӮЗӢ ТО БӮСИДАНИ ФАРЗАНДОНИ ДАЛЕР

24 ноябр 2025, Душанбе
32


Дирафш дар фарҳанги куҳани мо бо муродифҳои ливо, парчам, алам низ машҳур аст. Бавижа, дирафши коваёнии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ далели аз қадимулайём парчамдору парчамбардор будани миллати мост. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар дар вақти мубориза бар зидди қувваи бадӣ – Заҳҳок пешбанди чармини худро ҳамчун дирафш истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал муборизаро ба рағми бадиву ҷаҳолат оғоз мекунад.
Аз таърихномаҳо, бахусус аз «Таърихи Табарӣ», бармеояд, ки шоҳ Фаридун баъд аз 20 соле, ки ҳамроҳ бо Кова буд ва баъд аз он ки Кова бимурд, тамоми дороии Коваро ба фарзандони ӯ бахшид, аммо ин дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун фоли нек нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки мерафт, онро мекушод ва бо худ мебурд, то пирӯзӣ ёбад. Ибни Асир менависад, ки мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Коваён» меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бисёр бузург ва онро барнамеафрохтанд, магар ҳангоме ки бо пешомадҳои бузург рӯ ба рӯ мешуданд».
Аз ин навиштаҳои сарчашмаҳо бармеояд, ки парчам танҳо аз матоъ ё як ашё иборат нест, балки қувваи бузурги муттаҳидсоз буда, метавонад руҳан дар пирӯзиву зафармандиҳо мадад расонад.
Дар назди Парчами давлатӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози одӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба намоди пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ бардошта шуда, дар партави он Суруди миллӣ садо медиҳад.
Дирафши ковиёнии тоҷиконро, ки имрӯз бо номи Парчами давлатии Тоҷикистон медонему мешиносем, танҳо матои серанга нест ва мазмунан фаротар аз он меравад. Аслан, ин як порча матои серанга дар сиришти худ маъноҳои зиёди маънавӣ, ба монанди ватандӯстӣ, сарбаландӣ, истиқлолхоҳӣ, озодипарастӣ ва хештаншиносиро дорост. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ бори аввал Парчами давлатиро бӯсиданд ва он ба рамзи давлатдории навин табдил ёфт ва ҳоло дар осорхонаи Қасри Арбоб ҳифз мешавад.
Дар соҳаи низомӣ муқаддастарин ва пурмасъулияттарин вазифа посбонии парчам аст. Касе, ки зери парчами қисми низомӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ посбон аст, дар мураккабтарин лаҳзаҳо ва таҳдиди хатарҳои гуногун парчамро набояд танҳо гузорад.
Воқеан, парчам дар ҳарбу зарб ва дифои Меҳан ҷойгоҳи вижае дорад. Ёд овардани он ки барои барафрохтани Парчами давлати шуравӣ дар Рейхстаги шаҳри Берлин чи қадар сарбозону афсарони шуҷоъ, аз ҷумла ҷавонмардони бебоку далери тоҷик ҷон бохтаанд, кофист, ки қадру қимати парчамро дар муайян кардани обрӯ ва қудрати Ватан дарк намоем.
Дар бисёр тадорукоти бошукӯҳ, бавижа дар чорабиниҳои варзишӣ баъди пирӯзии ҳамдиёрамон, дил мехоҳад тоҷикистонӣ будани ӯро ба оламиён нишон диҳад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Парчами кишвар қуввати диламон мешавад. Одамони атроф аз парафшонии парчами дастамон зуд пай мебаранд, ки мо тоҷикем:
Дар ҳама ҷои ҷаҳон парчам нишони
тоҷик аст,
Дар баёни шавкати миллат забони
тоҷик аст!
Ифтихори ҳамватанонро аз ин парчами зебову диданӣ ҳар рӯз мебинаму эҳсос мекунам. Аммо дар баробари ин, бисёр мехоҳам, ки ҳисси ифтихору нозидани ҷавонони мо бо донишу савод ва ихтироъву навовариҳо тавъам бошанд. Оҳиста-оҳиста бояд дарк намоем, ки ҳадафи асосии муқаддасоти миллӣ воситаи муҳими роҳкушоиву ояндасозии ҷавонон ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён аст, зеро кас медонад, ки барои кадом халқу миллат ва барои кадом ҳадафҳои олӣ зиндагӣ ва фаъолият дорад. Дарк мекунад, ки фардо сари баланди ӯ, сари баланди фарзандони ӯ ва ҳамин давлати соҳибистиқлол аст.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224