ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ
![]()
Аз нигоҳи улуми ҷомеашиносӣ мавқеи шаҳрҳое, ки нуфузи фарҳангии онҳо фаротар аз марзҳои ҷуғрофиашон мерасад, бисёр чашмрас аст. Хусусан, пойтахтҳо дар давлатҳои миллӣ, ки илова бар нуфузи фарҳангӣ, доираи таъсири сиёсиро низ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тақвият мебахшанд, дар ин самт аз афзалиятҳои ҷиддӣ бархӯрдоранд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки талош барои эҳё ва мутобиқ сохтани анъанаҳо ба воқеияти замон, махсусан дар марҳалаи ташаккули давлатдории миллӣ, шиддат мегирад. Зеро маҳз дар ҳамин давра анъанаҳо ба абзори муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷамъиятӣ мубаддал мешаванд.
Шаҳри Душанбе аз соли 1924 инҷониб ҳамчун пойтахти давлатдории тоҷикон шинохта шуда, танҳо дар даврони истиқлоли давлатӣ мақоми ҳуқуқии он ба таври возеҳ ва мукаммал танзим гардид.
Ҳарчанд манбаъҳои таърихӣ шаҳри Душанберо дар назари имрӯзиён бештар ҳамчун маркази мудирияти сиёсию фарҳангии шаклгирифта аз ибтидои асри XX муаррифӣ мекунанд, аммо дар асл он дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва тамаддунӣ мебошад. Маҳз ин паҳлуи камтар муаррифишуда метавонад дар таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ҷолибияти пойтахтро барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ бамаротиб афзун намояд.
Далелҳои бостоншиносӣ низ ин ҳақиқатро тасдиқ мекунанд. Кашфи шаҳракҳои қадима, аз ҷумла “Шишахона” (1984, маҳаллаи 84) ва шаҳраки байни соҳилҳои рӯдҳои Душанбе ва Лучоб (1958), ки ба асрҳои III – IV пеш аз милод мансубанд, гувоҳи равшани таърихи деринаи ин сарзамин мебошанд. Ин шаҳракҳо дар давраҳои Юнону Бохтар ва империяи Кӯшониён мавҷуд буда, то замони истилои муғулҳо арзи ҳастӣ доштанд, ки ин пайвастагии тамаддунии минтақаи имрӯзаро бо ҷаҳони қадим нишон медиҳад.
Умуман, тибқи хулосаҳои муаррихону бостоншиносон, шаҳри Душанбе дорои таърихи беш аз 2300-сола мебошад. Дар ин замина, зикри саҳми олимони барҷаста – Самойлик П.Т., Соловёв В.С., Азизов М., Денисов Е.П., Бартолд В.В. ва дигарон, ки дар омӯзиши таърих ва ҷомеашиносии ин шаҳр хизмати арзанда анҷом додаанд, зарур ва шоиста мебошад.
Бо вуҷуди аҳамияти бузурги таърихи бостонии Душанбе ҳамчун як бахши муҳими фарҳанги миллӣ, табдил ёфтани он ба маркази сиёсиву маъмурии Тоҷикистон аз ибтидои асри XX саҳифаи комилан нави рушди тамаддуни муосири тоҷиконро боз намуд. Маҳз дар ин марҳала Душанбе аз як маҳали маҳдуди ҷуғрофӣ ба маркази ташаккули ҳувияти миллӣ ва давлатдории навин мубаддал гардид.
Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ, раванди ташаккули шаҳри Душанбе ба чанд марҳалаи таърихӣ ҷудо мешавад. Аз ҷумла, давраи аз даҳсолаи 60-уми асри гузашта то истиқлолият ва марҳалаи истиқлолият то имрӯз ҳамчун давраҳои калидии ободонӣ ва рушди шаҳр арзёбӣ мегарданд. Хусусан, дар даҳсолаи охир симои пойтахт ба таври куллӣ тағйир ёфта, бо бунёди садҳо иншооти маъмурӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ Душанбе ба як шаҳри муосири дорои чеҳраи миллӣ ва меъмории замонавӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Душанбе на танҳо пойтахти сиёсӣ, балки рамзи эҳёи таърих, пайванди тамаддунҳо ва таҷассумгари руҳи навини миллати тоҷик мебошад, ки гузашта ва ояндаро дар як фазои воҳид ба ҳам мепайвандад.
Силсилаи корхонаҳое, ки дар ин давра бунёд ва рушд ёфтанд, на танҳо ҷойҳои нави кориро фароҳам оварданд, балки фазои иҷтимоиро ғанӣ гардонда, робитаҳои байни сокинонро мустаҳкам ва мазмунан пурбор намуданд. Аз ин рӯ, шаҳрро наметавон танҳо бо шумораи аҳолӣ маҳдуд кард; шаҳр, пеш аз ҳама, падидаи зиндаи иҷтимоӣ аст, ки дар заминаи омӯзиш, маърифат ва такмили доимӣ рушд меёбад. Дар ҳамин замина фарҳанги шаҳрнишинӣ тадриҷан шакл гирифта, имрӯз ба марҳалаи нави такомул ворид гардидааст.
Омили аслии афзоиши меҳру садоқати шаҳрвандон ба Душанбе дар он ифода меёбад, ки рамзҳои асосии ҳувияти миллӣ маҳз дар муҳити иҷтимоиву фарҳангии ин шаҳр шакл гирифтаанд. Осори фарҳангии пойтахт аз равандҳои ҷомеа ҷудо нест, балки бо забони меъморӣ ва санъат тағйироту таҳаввулоти замонро инъикос мекунад.
Пас аз истиқлолият, дар пойтахт як силсила рамзҳои муҳими миллӣ бунёд гардиданд, ки дар таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ бозиданд. Аз ҷумла, метавон муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва чойхонаҳои миллиро номбар кард, ки ҳар яке на танҳо ёдгории меъморӣ, балки рамзи маънавии ҳастии миллӣ мебошанд.
Яке аз самтҳои калидие, ки симои Душанберо ҳамчун оинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон муаррифӣ мекунад, рушди ҳамкориҳои байналмилалии он мебошад. Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои созанда ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад ва шаҳри Душанбе дар татбиқи ин сиёсат нақши меҳварӣ дорад. Мизбонии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Раванди оби Душанбе ва Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, шаҳодати равшани нуфузи байналмилалии пойтахт мебошад. Дар тули беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ Душанбе ба маркази баргузории нишастҳои сатҳи баланд табдил ёфта, дар таҳкими обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз пойтахт бо беш аз 20 шаҳри ҷаҳон робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, доираи ҳамкориҳои худро пайваста тавсеа медиҳад. Душанбе аъзои Созмони ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо мебошад. Нуктаи муҳиму боиси ифтихор ин аст, ки барои саҳми боризи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳамарӯза бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ” дода шудааст. Метавон чандин ин гуна мисолҳоро хотирнишон намуд, ки аз боло рафтани обрӯи пойтахти кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Дар баробари ин, яке аз вижагиҳои муҳими фазои фарҳангии Душанбе руҳияи таҳаммулпазирӣ ва гуногунфарҳангӣ мебошад. Ҳаёти ҳаррӯзаи сокинон ва муҳити бозу озоди шаҳр шаҳодат медиҳанд, ки дар пойтахт фарҳангҳои гуногун бо ҳам ҳамзистӣ доранд, ки ин худ нишонаи камолоти иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа аст. Маҳз чунин фазо барои ҷалби бештари меҳмонон ва сайёҳон мусоидат намуда, Душанберо ба шаҳри дӯстдоштаи меҳмонон табдил медиҳад.
Ҳамин тариқ, барномарезии дурбинона ва идоракунии самараноки рушди пойтахт имкон дод, ки мушкилоти солҳои тулонӣ тадриҷан ҳаллу фасл гарданд. Агар қаблан васеъшавии шаҳр бештар аз ҳисоби маҳаллаҳои ҳошиявӣ сурат мегирифт, имрӯз рушди шаҳр дар заминаи бунёди маҳаллаҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна ва манзилҳои дастрас амалӣ шуда истодааст. Пойтахти азизи мо имрӯз бо симои нав, инфрасохтори муосир ва муҳити созанда ба як шаҳри, ҳақиқатан, муосир ва рақобатпазир табдил ёфтааст. Таҳлилгарон низ бар он назаранд, ки меъмории имрӯза ва фазои фарҳангии Душанбе ҳамчун рамзи талоши давлат ба сӯйи ояндаи рушдёфта хизмат мекунад. Ин раванд на танҳо дар сохтмони иншооти ҷамъиятӣ, балки дар бунёди манзилҳои истиқоматии замонавӣ низ равшан эҳсос мегардад.
Имрӯз шаҳри Душанбе ба унвони боамнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон, намояндагони кишварҳои дунё бо назофату тозагӣ, ободӣ, хиёбону гулгаштҳои ҳамешасабзи Душанбе шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсан мекушоянд. Ин гуна арзёбиҳоро, инчунин, аз забони иштирокдорони чорабинаҳои минтақавию байналмилалие, ки ҳамасола Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд пайваста мешунавем ва ифтихор мекунем.
Ҳарчанд Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт, аммо боғсозиҳову бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён дорад, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нест. Бузургтарин бозорҳои Душанбе акнун дар биноҳои зебои болопӯшида ҷой гирифтаанд. Парки нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста бо худравҳои барқӣ иваз ва таҷдид мешавад. Дар кӯчаю хиёбонҳо гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ, эстакадаҳо қомат меафрозанд. Яъне, рушди инфрасохтор пайваста мадди назар қарор дорад ва ин далели рақобатпазирии устувори он бо пойтахтҳои кишварҳои дигар аст.
Хайриддин УСМОНЗОДА, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ
