ҶАВОНОН ДАР ГИРДОБИ ШАБАКАҲО Ё ВАҚТЕ ИНТЕРНЕТ ИДОРА МЕКУНАД!

27 апрел 2026, Душанбе
11


Дар даҳсолаҳои охир ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа рақамӣ гардид. Интернет ва технологияҳои иттилоотӣ на танҳо тарзи зиндагии инсонро тағйир доданд, балки муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳатто тафаккури насли ҷавонро низ дигаргун сохтанд. Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Instagram, TikTok ва Facebook ба яке аз воситаҳои асосии муошират ва худнамоии ҷавонон табдил ёфтаанд. Имкониятҳои васеъ, истифодаи аз ҳад зиёд ва беназорати онҳо ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ – вобастагӣ оварда мерасонад, ки имрӯз мавриди нигаронии ҷиддии коршиносон қарор дорад.


ВОБАСТАГӢ Ё ОДАТИ МУОСИР?
Дар назари аввал, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ як амали одӣ ва ҳатто зарурӣ менамояд. Аммо вақте ин истифода ба ҳадде мерасад, ки шахс бе телефон ё интернет худро нороҳат ҳис мекунад, мо бо як шакли вобастагии равонӣ рӯ ба рӯ мешавем.
Равоншиносон чунин вобастагиро ба вобастагии рафторӣ мансуб медонанд, ки ба мисли вобастагӣ ба бозӣ ё қимор метавонад ба фаъолияти мағз таъсир расонад. Механизми “мукофоти зуд” – лайк, шарҳ ва тамошо дар мағз ҳормонҳои хушҳолӣ, аз ҷумла допаминро фаъол сохта, шахсро водор мекунад, ки дубора ба шабака баргардад.
Зарина Рустамова, равоншинос ва устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, иброз медорад, ки сабабҳои вобастагии ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ аз нигоҳи психологӣ гуногун буда метавонанд. Ба гуфтаи ӯ, надоштани мақсади муайяни ҳаётӣ, муносибати нодуруст бо аъзои оила ва атрофиён, норасоии диққати волидон ва набудани шуғли доимӣ аз ҷумлаи омилҳои асосӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонон он чизеро, ки дар зиндагии воқеӣ пайдо намекунанд, дар олами маҷозӣ меҷӯянд. Платформаҳо низ тавре сохта шудаанд, ки таваҷҷуҳи корбарро ҳарчи бештар ҷалб созанд. Видеоҳои кӯтоҳ, наворҳои пай дар пай ва тавсияҳои “барои шумо” корбарро ба як занҷираи беинтиҳо ворид мекунад. Ҳамчунин, ниёз ба эътироф ва худнамоӣ ҷавононро бештар ба шабакаҳо наздик месозад. Ҷавонон дар марҳалаи ташаккули шахсият қарор дошта, барои онҳо муҳим аст, ки аз ҷониби ҷомеа пазируфта шаванд. “Лайк” ва “обуна” тадриҷан ба меъёри арзёбии худ табдил меёбанд.


ФИШОРИ ИҶТИМОӢ
Агар аксари одамон дар шабакаҳо фаъол бошанд, дигарон низ худро маҷбур эҳсос мекунанд, ки фаъол бошанд, то аз ҷомеа канор намонанд. Норасоии имкониятҳои фароғатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ дар баъзе минтақаҳо ҷавононро бештар ба ҷаҳони маҷозӣ мебарад.
Ба гуфтаи Зарина Рустамова, истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ бо нишонаҳои зерин алоқаманд аст: эҳсоси танҳоӣ, ҳатто дар муҳити онлайн; паст шудани худбаҳодиҳӣ; афзоиши изтироб ва стресс; хатари депрессия. Сабаби асосии пайдо гардидани ин нишонаҳо низ муқоисаи доимии худ бо дигарон мебошад, зеро дар шабакаҳо одамон танҳо ҷанбаҳои беҳтарини ҳаёти худро нишон медиҳанд ва дар натиҷа, дигарон зиндагии худро нокифоя меҳисобанд. Аз ин рӯ, вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба ташаккули арзишҳо ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири амиқ расонад.
Тавре ҷомеашинос Далер Баҳромбеков иброз медорад, дар ҷомеаи муосир зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ арзишҳои моддӣ ва зоҳирпарастӣ бештар мешаванд. Фарҳанги “шуҳрат пайдо кардан” ҷойи меҳнату донишро мегирад, таъсири фарҳангҳои хориҷӣ зиёд мегардад ва дар натиҷа, баъзе ҷавонон метавонанд аз фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дур шаванд. Ҳамчунин, чунин вобастагӣ метавонад ба раванди таълим ва рушди иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад.
Бо вуҷуди ин, шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо паҳлуи манфӣ надошта, онҳо метавонанд воситаи омӯзиш ва дастрасӣ ба иттилоот бошанд, имконияти рушди малакаҳои рақамиро фароҳам оваранд ва ба платформаи эҷодкорӣ табдил ёбанд. Мушкилот дар худи шабака нест, балки дар тарзи истифодаи он мебошад.
Яке аз роҳҳои асосии коҳиш додани вобастагӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ баланд бардоштани саводи рақамӣ ба ҳисоб меравад. Коршиносон бар он назаранд, ки ҷавонон бояд на танҳо истифодаи технологияҳоро донанд, балки таъсири онҳоро ба ҳолати равонӣ, идоракунии вақт ва ҷаҳонбинии худ низ дуруст дарк намоянд. Дар баробари ин, нақши волидон ва омӯзгорон хеле муҳим аст. Онҳо ба ҷавонон маданияти дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоиро омӯзонда, онҳоро ба худназоратӣ ва истифодаи мақсадноки интернет роҳнамоӣ кунанд. Муҳим аст, ки ҷавонон технологияро на ҳамчун воситаи фирор аз воқеият, балки ҳамчун имконияти рушд ва худтакмилдиҳӣ истифода баранд. Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулиятҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва эҷодӣ метавонад таваҷҷуҳи ҷавононро аз ҷаҳони маҷозӣ ба ҳаёти воқеӣ бештар равона созад. Машғул будан бо фаъолияти муфид ва муоширати зинда ба коҳиш ёфтани вобастагӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, танҳо бо муносибати огоҳона ва истифодаи мутавозини шабакаҳои иҷтимоӣ метавон таъсири манфии онҳоро коҳиш дода, аз имкониятҳои мусбати онҳо самаранок истифода бурд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75